Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи дувуми омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи Гранаткин


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст, рӯзи 2-юми январ ба марҳилаи дувуми омодагӣ ба мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин шуруъ кард.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст, рӯзи 2-юми январ ба марҳилаи дувуми омодагӣ ба мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин шуруъ кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба дувумин ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки то рӯзи 7-уми январ дар Душанбе идома хоҳад кард, ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонон 22 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст. Ба ҳайати ниҳоии даста, ки аз 8-ум то 21-уми январ дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия иштирок мекунад, 18 бозигар дохил мешавад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии Виталий Левченко дар ин мусобиқа дар гурӯҳи «А» нахустин бозиашро 8-уми январ бо дастаи Юнон анҷом медиҳад. Футболбозони ҷавони тоҷик баъдан, 10 январ, бо мунтахаби Булғористон рақобат мекунанд. Бозии ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ 12-уми январ бо дастаи Эстония баргузор мешавад.

Дар мавриди ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» – Латвия, Беларус, Русия ё Ҳиндустон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ҳайати васеи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18):

Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Ҳомидҷон Исоқов («Вахш»), Меҳвар Сулаймонов («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Султоншо Мирзоев («Помир»), Зиёвуддин Фузайлов, Ҳусейн Нурматов, Ҳувайдо Малиев, Ваҳдат Ханонов (ҳарчор – «Барқчӣ»), Маҳмадзарифи Абдураҳим, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Помир»), Оятулло Сафаров («Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов («Барқчӣ»), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев, Шаҳбоз Шарифӣ (ҳарсе– «Истиқлол»), Саидмухтор Азимов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду – «Помир»), Далер Ёдгоров («Барқчӣ»), Умарҷон Шарифов («Вахш»);

Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов («Барқчӣ»), Шаҳром Самиев («Помир»), Мубинҷон Муъминов («Хуҷанд»).

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ ба ҷуз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дастаҳои Русия, Словакия, Юнон, Озарбойҷон, Булғористон, Ҳиндустон, Эрон, Словения, Беларус, Қазоқистон, Эстония, Латвия, Литва, Молдова, инчунин тими шаҳри Санкт-Петербург иштирок мекунанд.

Бар асоси дастури мусобиқа, дар марҳилаи аввал 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим мешавад. Мусобиқаи марҳилаи аввал аз рӯи системи даврӣ барпо мегардад, яъне ҳар як даста бо тимҳои дигари гурӯҳ як бозӣ анҷом медиҳад. Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи имтиёзҳои дар ҳамаи бозиҳо бадастоварда муайян карда мешавад (ғалаба – 3 имтиёз, мусовӣ – 1 имтиёз, бохт – 0 имтиёз).

Дар марҳилаи дувуми мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи плей-офф то комилан тақсимшавии ҷойҳо сурат мегирад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якум ва дувумро ишғол мекунанд, ҷуфтҳои чорякниҳоиро ташкил медиҳанд ва барои ҷойҳои аз 1-ум то 8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севум ва чорумро мегиранд, барои ҷойҳои аз 9-ум то 16-ум талош хоҳанд кард.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин:

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Юнон, Булғористон, Эстония.

Гурӯҳи «В»: Латвия, Беларус, Русия, Ҳиндустон.

Гурӯҳи «С»: Литва, Озарбойҷон, Словакия, Қазоқистон.

Гурӯҳи «D»: Молдова, Словения, Санкт-Петербург, Эрон.

XS
SM
MD
LG