Дилшод Назаров, гурзандози маъруф, бо дарёфти медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио де-Жанейро яке аз чеҳраҳои намоёни соли 2016 дар Тоҷикистон буд. Ӯ рӯзи 31 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ин медали тиллои олимпӣ ба шӯҳрати ӯ афзуд, вале, ба қавли мардум, «аз худ бехуд накардааст». «Ин заъфи онҳоест, ки натиҷаи ниҳоияшон хуб нест. Ман аз ин беморӣ дурам», - таъкид кард ӯ.
Борҳо гуфтаам, ки падари демократӣ ҳастам. Фарзандонамро дар ҷодаи пешгирифтаашон дар ҳаёт дастгирӣ мекунам. Инсон бояд ба коре машғул шавад, ки дӯсташ медорад.
Баъди бештар аз ду моҳи фароғат Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпӣ, ба мавсими нави варзишӣ омода мешавад. Вай ба реҷаи қаблии худ баргаштааст ва ҳар субҳ бо шогирдаш тамрин мекунад. Ин гурзандози маъруф дар оилаи варзишгар ба дунё омадааст. Дар наврасӣ ба теннис, футболу баскетбол таваҷҷуҳ дошт. Замоне ки ҳамсояааш Дилшодро бо гурзандозӣ ошно сохт, вай ин навъи душвори варзишро интихоб кард.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Соли 1996, вақте Дилшод 14 сол дошт, падараш Ҷамолиддин Назаров дар ҷангҳои дохилии Тоҷикистон дар Тавилдара ҳалок гардид. Ӯ гуфт, «ин талафот барои хонаводаи мо замони хеле вазнин ва ногувор буд. Барои модарам мушкил буд. Ман омода будам, ки аз баҳри варзиш гузашта, ягон даромади иловагӣ ёбам. Вале модарам исрор кард, ки варзишро тарк накунам. Маҳз ба шарофати ӯ, ки имкони давом додани машқро дод, дар варзиш ба ҳама чиз муваффақ шудам.»
Дилшод дар Рио-де-Жанейро пас аз ғалаба бо пироҳане, ки дар он акси падараш ва навиштаҷоти «Ман имрӯз барои ту гурзпартоӣ мекунам, Дима!» ба майдон омад. Модари Дилшод - Зайтуна Назарова мегӯяд, ҳамсараш Ҷамолиддин варзишгар буд, вале баъдан ба кор ба сохтори қудратии кишвар гузашт. «Дилшод ҳамеша қабл аз ҳамаи сабқатҳо телефон карда ва аз ман дуо мегирифт. Пеш аз мусобиқа дар Олимпиадаи Рио Дилшод телефон кард ва ман ба ӯ дуои нек додам. Дар ин тамоси телефонӣ вай гуфт, ки агар пирӯзӣ ба даст биёрад, ин ғалабаро ба арвоҳи падараш ва мардуми Тоҷикистон мебахшад», - нақл кард Зайтуна Назарова.
Дилшод Назаров дар муддати чоряк аср дар варзиш борҳо лат хӯрда, ба нокомӣ дучор шудааст. Аз ҳама вазнинаш, ба гуфтаи ӯ, пеш аз Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон буд. «Ман ба гирифтани медал умед доштам. Ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтам. Вале китфам, ки осеб дида, як рӯз пеш аз сабқати интихобӣ ҷарроҳӣ шуда буд, имкон надод, ки муваффақ шавам. Ман, албатта маъюс гаштам, вале ноумед нашудам. Зеро ман иқтидори худро медонистам, ки метавонам гурзро ба масофаи дуртар ҳаво бидиҳам ва дар байни беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон ҷойгир шавам», - гуфт ӯ.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Дилшод Назаров се бор ба унвони қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ, се дафъа ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф гашт, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон ва билохира қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ шуд. Пас аз комёбии беназир дар Олимпиадаи Рио ва маросимҳои ботантана ба ифтихори ғалабаи ӯ дар Душанбе, Дилшод бештар ба хонаводааш аҳамият медиҳад. Писари Дилшод Назаров - Далери 14-сола бо роҳи падар нарафт, ба мусиқӣ завқ дорад. Вай мехоҳад ба мисли ҳамномаш - овозхони маъруф Далер Назаров - машҳур шавад. Духтараш Аминаи 13-сола низ мусиқиро дӯст медорад, пианинонавоз аст.
«Ман борҳо дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфтаам, ки падари демократӣ ҳастам. Фарзандонамро дар ҷодаи пешгирифтаашон дар ҳаёт дастгирӣ мекунам. Инсон бояд он чизеро, ки дӯст медорад, ба он машғул шавад. Фарзандони ман мусиқиро интихоб кардаанд. Дар гимназия таҳсил менамоянд. Бо варзиш, аслан, дар хона машғул мешаванд, худро обутоб медиҳанд. Ман ба онҳо имкони интихоби касбро додаам. Маҷбур намекунам, ки ба варзиш ба таври ҳирфаӣ машғул шаванд. Варзиш, бахусус варзиши ҳирфаӣ, хеле мушкил аст. Барои муваффақ шудан заҳмати зиёдро талаб мекунад. Ман нимсол оилаамро намебинам», - гуфт ӯ.
Ба қавли Дилшод Назаров, баъди онки қаҳрамони олимпӣ шуд, бисёр чиз тағйир ёфт. Давуғеҷ зиёд шуд. Ба ҳар куҷо даъват мекунанд, наворгирӣ менамоянд. Вале ба ҳамаи ин ӯ комилан осуда муносибат мекунад. Дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ӯ бо ҳамкоронаш ба ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи варзиш машғул аст.
Дилшод Назаров барои пирӯзӣ дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи I, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 300 000 сомонӣ ва бо манзили дуҳуҷрагӣ дар маркази шаҳри Душанбе қадрдонӣ шудааст. Дилшод мартабаи варзишиашро идома медиҳад. Ӯ мегӯяд, гурзандозӣ чунин навъест, ки баъди 40-солагӣ низ метавон ҳунарнамоӣ кард.