Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Западный квартал" баъди 15 соли хомӯшӣ баргашт. ВИДЕО


“Западный квартал” баргашт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

“Западный квартал” баргашт

Баъд аз 15 соли хомӯшӣ гурӯҳи замоне маъруфи “Западный квартал” дар Душанбе бо нашри як таронаи нав ба саҳна баргашт. “Гузаштаҳо”-ро Алишер Холиқназаров, Жанна Шаинян, Алэн, Шоира ва Олим Ширинов иҷро карда, гуфтаанд, гурӯҳ мехоҳад, ки шӯҳрати пешинаашро дубора ба даст орад.

Солҳо аз ҳунар дур будем ва ин танаффус сабаб шуд, ки ба як буҳрони эҷодӣ гирифтор шавем. Ҳарос ҳам буд, ки эҳтимол аз ӯҳдаи ин кор набароем. Вале, билохира, ба ин хулоса омадем, ки бояд бо ҳам оем.

Таъсис ва авҷи шӯҳрати “Западный квартал” ба соли 1996, авҷи даргириҳои дохилӣ, рост меояд. Замоне ки гурӯҳе аз ҳаводорони жанрҳои ғайримамъулии мусиқӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла рок, гирди ҳам омада, тасмим гирифтанд дар олами мусиқии тоҷикӣ навоварӣ кунанд.

Алишер Холиқназаров, раҳбари “Западный квартал”, рӯзи 27 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аъзои ин гурӯҳ дар созмону ниҳодҳои мухталиф кор мекарданд ва мусиқӣ фақат шуғли дӯстдоштаашон буду бас. “Он солҳо як озмуни хуби мусиқӣ буд, ки ҳар моҳ ба ҷавонон имкон медод ҳунару истеъдоди худро дар рӯи саҳна намоиш диҳанд. Ин барнома “Рок Панорама” унвон дошт ва ба мо илҳом бахшиду барои таъсиси гурӯҳ таккон шуд”, - бо ёдоварӣ гуфт Холиқназаров.

Олим Ширинов
Олим Ширинов

​Гурӯҳи "Западный квартал" дар соли 2001 аз ҳам пошид. Алишер Холиқназаров гуфт, мушкили молӣ ва набуди шароит барои эҷоди оҳангҳои нав сабаб шуд, то аъзои гурӯҳ пароканда шаванд. "Азбаски манбаи даромад набуд, бинобар ин, натавонистем гурӯҳро аз парешонӣ наҷот диҳем. Вале дар ниҳоят баъд аз солу талошҳои зиёд, 13 узви гурӯҳи "Западный квартал" гирди ҳам омаданд", - афзуд ӯ.

Зураб Кокоев, яке аз ташаббускорони бозгашти “Западный квартал” ба саҳнаи ҳунар рӯзи 27 декабр гуфт, “дар таронаи нави гурӯҳ падару модарон, дӯстони гумшуда, бародару хоҳар ва умеду садоқат таҷассум ёфтааст. Мо хостем, ки як албоми ҳаётӣ ва самимӣ омода кунем. Бо таҷрубае, ки дорам, фикр мекунам, албоми муваффақе ҳам омода шуд.”

Аъзои гурӯҳ умед доранд, бо оҳангҳои нави худ дар олами серрақобати мусиқӣ ҷойгоҳи худро пайдо карда ва шӯҳрати қаблии "Западный квартал"-ро дубора ба даст хоҳанд овард.

Алишер Холиқназаров мегӯяд, тӯли ин муддат онҳо чанд бор талош кардаанд, ба саҳна якҷоя баргарданд, вале имкон даст надодааст. Ӯ афзуд, "солҳо аз ҳунар дур будем ва ин танаффус сабаб шуд, ба як буҳрони эҷодӣ гирифтор шавем. Ҳарос ҳам буд, ки эҳтимол аз ӯҳдаи ин кор набароем. Вале, билохира, ба ин хулоса омадем, ки бояд бо ҳам оем."

Тарафдорони мусиқии рок дар Тоҷикистон мегӯянд, бозгашти ин гурӯҳ ба саҳнаи ҳунар ба дили онҳо нерӯ бахшидааст. Вале пайравони мусиқии суннатӣ мегӯянд, ки дар Тоҷикистон бо ин навъи таронасароӣ ба даст овардани нуфузи зиёд чандон саҳлу содда нест.

Аъзои гуруҳи “Западний квартал” низ бо муқоиса ба солҳои аввали фаъолияти худ ва имрӯз мегӯянд, феълан дар бахши ҳунар дигаргуниҳои зиёд ба миён омадааcт. Вале, бо ин ҳол, умед доранд, бо оҳангҳои нави худ дар олами серрақобати мусиқӣ ҷойгоҳи худро пайдо карда ва шӯҳрати қаблии "Западный квартал"-ро, ки бештар миёни ҷавонони русзабон ва дӯстдорони мусиқиҳои зинда мухлис дошт, дубора ба даст хоҳанд овард.

XS
SM
MD
LG