Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авлоди Лоҳутӣ даст андар илм, сухан ва ҳунар дорад


Далер Лоҳутӣ
Далер Лоҳутӣ

Гев, писари устод Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар садади навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш буд, дар вазъи сангин ба як бемористони Маскав интиқол ёфт.

Вақте дар яке аз расонаҳо номи хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав Гев Лоҳутӣ ба чашм хӯрд, андешае пайдо шуд, ки ёде аз ворисони шоири маъруф Абулқосим Лоҳутӣ кунем. Ҷустуҷӯҳо самара дод. Чаҳор фарзанди ӯ – Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло номбардори падаранд.

Хабари баъдӣ ин буд, ки Гев дар садади навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш буд, вале дар ҳолати сангин ба як бемористони Маскав интиқол ёфтт. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ писари ӯ ва ҳунарманди маъруфи ҷаз дар Русия Феликс Лоҳутӣ хабар дод. Ӯ аз ифшои маризии падараш - Гев Лоҳутии 78-сола худдорӣ кард ва фақат гуфт, табибон субҳи рӯзи чаҳоршанбе хабар доданд, ки ба амалиёти ҷарроҳӣ ниёз нест, вале ӯ бояд ҳадди аққал чаҳор-панҷ рӯзи дигар дар бемористон бимонад. «Чанде пеш падарам баъзе матлабҳои солҳои пеш дар бораи бобоям дар рӯзномаҳо чоп кардаашро ҷамъ овард ва аз ман хост, ки аз онҳо нусха бигирам. Ӯ мехост, ки онҳоро дар китобе гирдиҳам оварад ва дар саҳифааш дар Фейсбук ҷой диҳад», мегӯяд Феликс.

Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Абулқосим Лоҳутӣ (1887-1957), шоири маъруфи эронитабор ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, ки баъд аз фирор аз Эрон тайи даҳ сол дар Тоҷикистон дар мақомҳои баланди давлативу ҳизбӣ кор мекард ва чанд муддат хабарнигори рӯзномаи «Правда» дар Душанбе ҳам буд, аз соли 1934, баъди котиби Иттифоқи нависандагони Иттиҳодияи Шӯравӣ интихоб шуданаш, дар Маскав ба сар мебурд. Чаҳор фарзанди ӯ – Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло дар ҳамин шаҳр чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Шоири бузурги тоҷик дар оромгоҳи Новодевичие дар Маскав макони охират пайдо кардааст. Чанд сол пеш сару садоҳое дар бораи имкони ба Тоҷикистон бурдани турбати ӯ баланд шуд, аммо бо кадом далеле ин кор сурат нагирифт, шояд ба он хотир, ки тақрибан ҳама пайвандони шоири бузург дар Маскав зиндагӣ мекунанд.

Аз сулолаи Лоҳутӣ дар расонаҳо чун «хонаводаи бузурги зиёиёни муосири Русия» ном бурда мешавад. Далер Лоҳутӣ, писари бузурги устод Лоҳутӣ, дар ҳоле, ки аз бемории бародараш сахт ошуфта буд, дар

Мақбараи Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав
Мақбараи Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав

сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муҳаббату самимияте, ки миёни ҳама фарзандону пайвандони шоири бузург даҳсолаҳо боз пойбарҷост – аз волидон, қабл аз ҳама, аз падар ба мерос мондааст. «Падарам беҳтарин инсон аз ҳамаи онҳое буд, ки дар тӯли ҳаётам мешинохтаму мешиносам. Ҳамаи онҳое, ки падарамро мешинохтанд, ӯро одами хуб мехонданд ва ба ӯ муносибати хуб доштанд, албатта, агар худи онҳо одамони хуб мебуданд».

"ЛОҲУТӢ АЙНИРО АЗ ГУМНОМӢ НАҶОТ ДОД"

Далер Лоҳутии 81-сола, ки донишманди маъруф, доктори илмҳои техникӣ ва профессори Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия аст, мегӯяд, ки гоҳо андешаи навиштаи ёддоштҳо дар бораи падар пайдо мешуд, аммо ҳамеша камбуди вақт монеъ мешуд. "Вале навиштани китобе, ки аз он ҳама розӣ боқӣ монанд, саҳл нест, зеро падарам дар айёми душвору печидае зиндагӣ мекард". Гуфта мешавад, ки афроди гуногун дар бораи дӯстии шахсии Абулқосим Лоҳутӣ бо раҳбари вақти СССР Иосиф Сталин назарҳои гуногун доранд, ҳарчанд бисёриҳо мутмаинанд, ки шоири тоҷик аз ҷумла дар назди Сталин аз шоири он солҳо зери фишору таъқиб Осип Манделштам пуштибонӣ карда буд.

Ба навиштаи академик Муҳаммад Осимӣ, маҳз тавассути дӯстӣ бо Сталин, Серго Орҷоникидзе, Климентий Ворошилов ва дигар раҳбарони вақти Шӯравӣ, Абулқосим Лоҳутӣ поягузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айниро аз ҳамлаву тӯҳматҳои бешумори душманонаш дифоъ кард. «Лоҳутӣ Айниро аз шиканҷаву гумномӣ наҷот дод ва номи неки ӯро ҳифз намуд. Агар дахолати ҷасуронаи Лоҳутӣ намебуд, кӣ медонад, ки Айниро чӣ сарнавиште интизор буд», навиштааст академик Муҳаммад Осимӣ. Далер Лоҳутӣ мегӯяд, ки ин гуна намунаҳо фаровонанд, аммо аз сӯи ҳар кас ба таври хос қабул мешаванд ва аз ин рӯ навиштани китоб дар бораи он солҳо мушкил аст. «Аммо агар умр вафо кунад, шояд ин китобро нависам», мегӯяд фарзанди бузурги шоири маъруф.

Гев Лоҳутӣ
Гев Лоҳутӣ

Далер Лоҳутӣ мегӯяд, ки бори ахир соли 1987, рӯзҳои таҷлил аз садсолагии падараш ба Душанбе рафта буд, баъд дигар имкони муносиб пайдо нашуд, «ҳоло бошад роҳ барои ман хеле дур аст». «Дар Маскав ҳам бо нафаре аз зиёиёни тоҷик робита надорам… Солҳои пеш бо фарзандони устод Айнӣ, аз ҷумла, бо Камол рафтуомад доштем, мо ба назди онҳо ба Душанбе меҳмонӣ мерафтем», мегӯяд Далер Лоҳутӣ.

НАБЕРАИ ЛОҲУТӢ - ТАРҶУМОНИ "ҲАРРӢ ПОТТЕР"

Ин донишманд иқрор мекунад, ки фарзандонашон бо фарҳанги Эрону Тоҷикистон тақрибан пайванде надоранд, ҳамаи онҳо дар Русия ба дунё омадаанду русиягӣ шудаанд. «Аммо чун одамони зиёӣ решаҳои худро медонанд ва ба ин фарҳанг таваҷҷӯҳ мекунанд ва аммо дар чаҳорчӯби таваҷҷӯҳ ба фарҳанги ҷаҳонӣ». Аз сулолаи Лоҳутӣ фақат Лайло, духтари шоири маъруф, ба пажӯҳиши адабиёти форсу тоҷик машғул аст. Ӯ корманди бахши ёдгориҳои хаттии мардуми Шарқи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Русия аст ва таҳқиқоташ ба шарҳи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ рабт дорад. Ӯ ҳамчунин ба тарҷумаи достонҳои сӯфиёнаи Фаридаддини Аттор машғул аст ва қиссаву ҳикояҳои адиби муосири Эрон Иброҳим Гулистонро ба забони русӣ баргардон кардааст.

Феликс Лоҳутӣ
Феликс Лоҳутӣ

Далер Лоҳутӣ бо таассуф иқрор мекунад, ки акнун нафаре аз авлоди онҳо шеър намегӯяд, ҳарчанд пайванд бо адабиёту мусиқӣ доранд. Ба гуфтаи ӯ, духтараш Майя Лоҳутӣ тарҷумони хуб аст ва асарҳои зиёде, аз ҷумла, асарҳои Пеллам Гренвилл Вудхауз “Ҷентлмени бекор”, Роалд Дал “Чарлӣ ва корхонаи шоколад”, Марианна Кёлӣ “Муҳофизони вақт. Баргузидаҳо" ва “Калид”, Шарлотта ва Бренуэлл Бронте “Асрор”, Ҷейн Остин “Катарина”-ро тарҷума кардааст. Майя, ки бо нашриёти “Росмэн” ва “АСТ” ҳамкорӣ мекунад, ҳамроҳ бо Сергей Илйин романҳои Ҷоан Роулинг “Ҳаррӣ Поттер ва шоҳзодаи дурага” ва “Ҳаррӣ Поттер ва тӯҳфаҳои марг”-ро ҳам ба забони русӣ баргардондааст.

ТОҶИКӢ, ЗАБОНИ ГУМШУДАИ СУЛОЛАИ ЛОҲУТӢ

Далер Лоҳутӣ меафзояд, ки дар хонаводаи онҳо ҳоло касе бо забони форсии тоҷикӣ сӯҳбат намекунад. “Худам забонро хуб медонистам, аммо солҳо боз бо касе бо тоҷикӣ муошират намекунам, аз ин рӯ, забонро тақрибан фаромӯш кардаам… Фақат баъзе шеърҳои тоҷики падарам ва бузургони шеъри форсӣ дар ёдам мондаанду халос. Дар хонаи бародарам Гев баъзе аз сабтҳои таронаҳои тоҷикӣ, аз ҷумла, «Силсиламӯ», ки падарам онро ба модарам Силсилабону бахшидааст, ё таронаи «Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон» ҳастанд ва мо гоҳ-гоҳ онҳоро гӯш мекунем”.

Лайло Лоҳутӣ
Лайло Лоҳутӣ

Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав аст. Писари ӯ Феликс ҳам мегӯяд, ки бори ахир овони кӯдакӣ ҳамроҳ бо волидону пайванданаш ба Душанбе сафар карда буд. «Соли 1987 дар Тоҷикистон садсолагии бобоямро ҷашн гирифтанд. Он вақт мо сафари хело ҷолибе доштем”.

Феликс Лоҳутӣ, оҳангсоз, овозхон ва ягона дар Русия ҳунармандест, ки ғижжаки панҷтораи барқиро менавозад. Ӯ муаллифи се албоми мусиқӣ - “Таваллуд”, “Фанки Лэнд” ва “Freakosmos” ва барандаи ҷоизаи «Триумф 2002» мебошад. Миёни ҳунармандони ҷаз дар Русия Феликс мақоми вижа дорад ва пайдо кардани билет ба консерту ҷашнвораҳои ҷаз бо ширкати ӯ басо душвор аст. Сафарҳои ҳунарии ӯро асосан пианист ва импрессариои маъруф Даниил Крамер тарҳрезӣ мекунад.

Феликс мегӯяд, «дар мусиқии ман савтҳои шарқӣ ҳам ҳастанд, вале наметавонам бигӯям, ки онҳо илҳом аз мусиқии тоҷикӣ ё эрониянд…"

Ба гуфтаи Феликс, истеъдоди мусиқӣ доштанашро нахуст падараш пай бурд ва чун худ ҳам аз овони тифлӣ ба мусиқӣ рағбат дошту пианино менавохт, ӯро ба мактаби мусиқии назди консерваторияи ба номи Чайковский бурд. “Аммо овони наврасӣ ҳарчанд дар навохтани ғижжак мумтоз шудам, таваҷҷӯҳ ба ҷаз ва дигар мусиқии «ғайриакадемикӣ» бештар шуд. Падару модарам интихоби маро қабул карданд ва баъд азхатми мактаби мусиқӣ ман ба бахши эстрадаву ҷази омӯзишгоҳи ба номи Гнессинҳо маъруф ба «Гнесинка» дохил шудам ва он ҷо ҳамроҳ бо дигар овозхонҳои ҷазу мусиқии рок вориди ин дунёи аҷибу муҳити хоса гаштам".

"МЕХОҲАМ БА ТОҶИКИСТОН РАВАМ. ШОЯД БО ПАДАРАМ"

Феликс мегӯяд, ки гоҳ-гоҳ тарона эҷод мекунад... “Аммо наметавонам бигӯям, ки пайваста ба ин кор машғулам, яъне, гоҳ-гоҳ, рӯҳи бобоям ба кӯмакам меояд…

Ба гуфтаи Феликс як аммааш – духтари устод Лоҳутӣ Ҳотия, ки аз Лайло бузургсолтар аст, Консерваторияи Маскавро дар риштаи мусиқишиносӣ хатм кардааст ва аммо солҳо боз ҳамроҳ бо шавҳараш дар як шаҳри канори Порис зиндагӣ мекунад.

театри драмавии ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе
театри драмавии ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе

Аз Феликс суол кардем, ки оё хоҳиши ташкили ҷашнвораи ҷазз дар Тоҷикистонро надорад. «Боре яке аз продюсерҳо, ки сафарҳои ҳунариву ҷаншвораҳоро ташкил мекунад, дар бораи имкони ташкили ҷашнвораи ҷаз дар Душанбе бо ман машварат карда буд, аммо аз чӣ бошад, ки дубора ин мавзӯъро ба миён нагузошт… Ман хеле мехоҳам, ки бори дигар ба Тоҷикистон равам, аммо сафари ҳунарӣ бояд пешакӣ тарҳрезӣ ва ҳаматарафа ҳамоҳанг карда шавад…” мегӯяд ӯ.

Феликс гуфт, ки дар бораи сафар ба Душанбе андеша хоҳад кард, аммо фақат баъди комилан сиҳат шудани падараш. Ва орзу мекунад, ки ҳамроҳ бо ӯ ба Душанбе равад - айнан мисли айёми беғаши тифлиаш, ки дасти падар гирифта аз канори театри ба номи Лоҳутӣ ё дар хиёбони ба номи Лоҳутӣ қадам мезад...

XS
SM
MD
LG