Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"О, Душанбе!" ба албоми нави "Рекорд Оркестр" ворид шуд


Тимофей Копилов
Тимофей Копилов

Гурӯҳи роксарои "Рекорд Оркестр", ки соли гузашта дар "Саҳнаи асосӣ"-и телевизиони Русия таронаи "О, Душанбе!"-ро иҷро карда буд, ин сурудро ба албоми нави таронаҳояш ворид кардааст.

"Рекорд Оркестр”, ки моҳи декабри соли гузашта бо иҷрои таронаи “Душанбе” дар миёни сокинони Тоҷикистон маҳбубият касб кард, ин сурудро ба албоми нахустинаш ворид кардааст. Таронаи “О, Душанбе!”-и Александр Затсепин ва Онегин Ҳоҷиқосимов нахустин бор соли 1966 дар кинофилми "Белый роял" садо дода буд.

Аммо “Рекорд Оркестр” дар барномаи “Саҳнаи асосӣ”-и телевизиони Россия-1 иштирок карда ва ба таронаи “О, Душанбе!” умри дубора бахшид ва шуҳрати зиёд пайдо кард. Ҳоло ин дастаи рокро телевизион ва радиоҳои сартосарии Русия барои сӯҳбату намоиш даъват мекунанд ва гӯиё дари тамоми саҳнаҳои маъруфи Русия ба рӯяшон боз шудааст.

Хабарнигори Озодӣ дар Маскав ба пойи сӯҳбати Тимофей Копилов, овозхони ин гурӯҳ нишаст ва нахуст аз онҳо пурсид, ки оё баъд аз иҷрои ин тарона таваҷҷӯҳашон ба оҳангҳои шарқӣ бештар шудааст ва ё умаман чӣ тағйироте дар корашон пеш омадааст?

Тимофей Копилов: “Мо дар эҷоди оҳангҳо натанҳо аз мусиқии рок кор мегирем, балки онро бо мусиқии ҳинду-аврупоӣ омехта мекунем. Асосан ин мусиқии балканӣ буд, ки бо савтҳои шарқӣ омехта кардаем ва пештар ҳам ин корро мекардем. Ва умуман як шарти барнома интихоб аз шеърҳои Александр Затсепин буд ва мо таронаи “О, Душанбе!”-ро барои он интихоб кардем, ки ба репертуару образи мо мувофиқ буд. Вақте аз мо пурсиданд кадом суруди Затсепинро интихоб мекунед? гуфтем таронаи “О, Душанбе!”-ро. Дар ҷавоб гуфтанд, ки таронаи чандон маъруф нест, аммо бигиред.”

"О, Душанбе" дар албоми нави гурӯҳи "Рекорд-Оркестр"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:07 0:00

Озодӣ: Ба назаратон таронаи “О, Душанбе!” акнун маъруф шуд?

Тимофей Копилов: “Наметавонам бигӯям, ки маъруф гашт. Вале, медонед репертуари мо асосан аз таронаҳои шӯх ва ё метавон гуфт - рақсӣ иборат аст, вале “Душанбе” фарқ мекунад. Дар консертҳо мухлисон асосан оҳангҳои рақсӣ дархост мекунанд ва нафаре ҳам пайдо мешавад, ки мегӯяд, бачаҳо афсӯс, ки таронаи “О, Душанбе”-ро насурудед, чун таронаи бисёр эҳсосбарангез аст. Онҳо мепурсанд, ки чӣ тавр тавонистед бо иҷрои ин тарона рӯҳияи солҳои 60-70-умро эҳё ва сабки оркестри даврони Шӯравиро бозсозӣ кунед? Бисёриҳо бар онанд, ки ин суруд бисёр қавӣ ва зебост. Чизи дигаре, ки мутаваҷҷеҳаш шудем, ирсоли (репост) зиёди сурудҳои мо аз ҷониби корбарони Интернет дар Тоҷикистон буд. Мутаассифона, зимни иҷрои таронаи “Душанбе” оҳанг дар якҷоягӣ бо видео сабт шудааст, ки сифати мусиқиро коста кард. Вале мо оҳангро аз нав иҷро ва алоҳида сабт кардем. Акнун ин тарона бо садои олӣ мисли марворид дар албом ҷой дода мешавад.”

Озодӣ: Дар Душанбе боре ҳам будед? Агар не, оё нияти сафар карданро доред?

Тимофей Копилов: “Ният ҳаст. Дар Осиёи Миёна як бор будем, дар Алма-Ато. Ба Тоҷикистон боре ҳам нарафтаем. Барои ман, ҳамчун забоншинос ҷолиб ин аст, ки Тоҷикистон ягона ҷумҳурии форсизабони Иттиҳоди Шуравӣ буд ва забони мардуми он кишвар бисёр ҷолиб аст. Шунидани он зимни муошират хеле форам аст. Аз ҷиҳати санъати мусиқӣ ҳам Тоҷикистон ҷолиб бояд бошад. Чаро не? Баъдан аз аксу видеоҳо ҳам бисёр чизро дидан мумкин аст... куҳҳо, дарёи Душанбе.”

Озодӣ: Чӣ барномаҳои нав доред ва мухлисон бояд чиро интизор бошанд?

Тимофей Копилов: “Ҳоло мо сари наворбардории клип бисёр кор мекунем. Се видеоклип мешавад, ки мазмунан ба як ҳикоя пайванданд. Ғайр аз ин, дар барномаи телевизионӣ (Главная сцена) таронаи “Русский снег” садо дод. Дар вақташ онро Раҷ Капур ва Рашид Бейбутов сароида буданд. Барои ин тарона видеоклипе бо сабки солҳои 30-ум сабт дорем, замоне ки одамон дар як оила мезистанд, якҷоя мушкилро бартараф мекарданд, ҷангро паси сар карданд... билкул ҳамин ҳикояҳо ғояи асосии клип мешавад. Наворбардорӣ дар дӯши коргардон Виктор Вилкс аст, ки бо ҳамкорӣ бо Земфира, гуруҳи Би-2 ва дигар дастаҳои номдор машҳур шудааст.”

XS
SM
MD
LG