Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паррандаҳои муҳоҷир ба лона баргаштанд...


Селаи паррандаҳои муҳоҷир имсол ба хотири зимистонгузаронӣ соҳилҳои дарёву бешазорҳои вилояти Хатлонро интихоб кардаанд. Мутахассисон мегӯянд, аз самтҳои Аврупо ба хотири нисбатан гарм омадани мавсими имсолаи зимистон, намуди муайяни паррандаҳо, бахусус мурғҳои моҳихӯри навъи баклан, табиати Хатлонро барои будубош ихтиёр намуданд.

2 тонна ҷаву гандум барои паррандаҳои мусофир

Мақомоти маҳаллӣ ҳам тасмим гирифтанд барои кӯмак дар зимистонгузаронии ин паррандаҳо, ҳаҷми дону гандумро дар макони таҷаммӯи онҳо зиёд кунанд. Имсол на камтар аз 2000 кг ҷаву гандуму ғизои дигар махсус барои парандаҳои муҳоҷир захира шудааст.

Идораи ҳифзи табиати маҳаллӣ мегӯяд, дар остонаи зимистони имсола дар ҳудуди манӯъгоҳу туғайзор ва соҳилҳои дарёҳо наздики 3000 адад баклан ё мурғҳои моҳихӯрро ҳисоб кардаанд, ки барои зимистонгузаронӣ омадаанд. Ҷонваршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки ин моҳиҳо метавонанд бо истеъмоли бидуни мушкили дону сабӯс, ҷаву гандум зиндаву ба ҳол монанд.

"Гурусна бо шер мезанад"

Ҳабибулло Қодиров, муовини сардори Идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон мегӯяд, ду ҳазор килограмм дони захирашуда барои зимистонгузаронии ин паррандаҳои кӯчӣ кифоят мекунад. Вай мегӯяд, мушкили зимистонгузаронӣ ва ҳам дарёфти ғизо паррандаҳоро маҷбур мекунад, ки худро ба макони зисти инсон наздик кунанд, то ки тавонанд бо кӯмаки инсон ба ғизо дастрасӣ пайдо кунанд.

Дар миёни дигар навъҳои парандаҳои сайёр гоҳо дар дашту ҷангалҳои Хатлон турнаю мурғобиҳои дигар ҳам мушоҳида мешавад. Имсол, гуфт ӯ, шумори навъҳои бакланҳои хурду бузург ё мурғҳои моҳихӯре, ки аз хеши мурғи саққо гуфта мешавад, бештар ба назар мерасад. Донишмандон мегӯянд, ин мурғ аз синфи мурғи саққо аст, вале аз назари зоҳирӣ бештар шабеҳи мурғобиҳо буда, нӯлаш ҳам барои захираи моҳӣ пешбинӣ нашудааст.

50 ҳазор мурғобӣ дар соҳилу бешазорҳои Хатлон

Камолиддин Қурбонов, як масъули ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Қубодиён дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “миқдори умумии баклани калон 1100 ва баклани хурд 1930 шумурда шудааст. Боз мурғобиҳо ҳастанд, ки наздики 50 ҳазор шумурда шудааст. Олимон аз рӯи қоидаи махсуси илмӣ шумори парандаҳоро аз рӯи селаву фосила ё замони нишасташон ба замин ҳисоб мекунанд. Ҳоло талош дорем, ки барои зинда мондани ин паррандаҳо чораҳои заруриро биандешем.”

Маъмулан ба як села то 100 сар парранда дохил мешавад. Дар миёни паррандаҳои кӯчии барои зимистонгузаронӣ меҳмоншуда дар маҷмӯъ 12 навъ паррандаҳо, аз ҷумла, мурғи саққову лаклаки сиёҳу сафед ҳам дар манӯъгоҳи “Бешаи палангон” зиндагӣ ихтиёр кардаанд.

Толиб Салимов, як масъули “Бешаи палангон” гуфт, меҳмонҳои сайёри онҳо дар паҳлӯи 2300 фазан - мурғҳои даштии маҳаллӣ, зимистонро пушти сар хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG