Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакҳои СММ пеш аз сохтмони бемористони бузурги Кӯлоб


Бинои бемористони Кӯлоб
Бинои бемористони Кӯлоб

Барномаи озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ба муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб кумакҳои пизишкӣ ироа кардааст. Аз ин кумак, ки асосан аз дастгоҳи ташхиси кори қалб, дастгоҳи тамографӣ, ултрасадо ва таҷҳизоти зарурии дигар иборатанд, аз ҳама бештар бемороне истиқбол карданд, ки ниёз ба доруву дармон ва таҷҳизоти замонавӣ доранд.

Танҳо имсол дар бемористони марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 145 шаҳрванди шимоли Афғонистон табобату ҷарроҳӣ шудаанд.

Ҷаҳонгир Темуров, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи 9 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар минтақаи Кӯлоб бемористонҳо аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда ва таҷҳизоту дастгоҳҳояш низ мероси гузаштаанд. "Ман, ки поямро ҷарроҳӣ карда ва ҳоло маъюб ҳастам, барои ташхис ҳар сол ба Душанбе меравам. Дар сурати таъмин шудани бемористонҳои минтақа бо таҷҳизоти замонавӣ сарсон шуда, ба Душанбе намеравам ва дар ҳаминҷо ташхисро анҷом медиҳам", - гуфт ӯ.

Амиралӣ Миралиев, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, гуфт, ҳазинаи кумакҳои иборат аз таҷҳизоти ҳозиразамон, дору ва маводи ғизоӣ садҳо ҳазор долларро ташкил медиҳад ва барои муассисаҳои тиббии минтақаи Кӯлоб зарурӣ ва саривақтист. Ба қавли ӯ, "ҳоло дар Кӯлоб аз сӯи Барномаи озуқаи Созмони Милали Муттаҳид курсҳои омӯзишӣ низ ҷараён дорад ва табибони моро дар сатҳи байналмилалӣ омода мекунанд. Ин созмон ваъда кардааст, дар оянда низ ба муассисаҳои тиббӣ ёрӣ хоҳад кард."

Аз ин пеш, рӯзи 1 декабр, Созмони байналмилалии "Табибони бидуни марз" ба Маркази ВИЧ-СПИД-и шаҳри Кӯлоб як ташхисгоҳи муосир ба маблағи 82 ҳазор доллар тақдим кард. Тавваҷӯҳи созмонҳои байналмилалӣ ба муассисаҳои тиббии Кӯлоб дар ҳоле сурат мегирад, ки аксари мардуми ин минтақа барои ташхису табобат маҷбуранд ба шаҳри Душанбе, пойтахи Тоҷикистон, ва берун аз он бираванд.

Дар ҳамин ҳол, қарор аст, тобистони соли 2017 дар Кулоб, ки бо Афғонистон марзи муштарак дорад, аз ҷониби давлати Олмон бузургтарин беморхона дар масоҳати 4 гектар бунёд ёбад. Ин бемористон аз таваллудхона, бахши эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ, шуъбаи бемориҳои дарунӣ, қалб ва маркази ташхису муоина иборат хоҳад буд. Ҳамчунин, Маркази бемориҳои рӯҳӣ ва наркологӣ низ шомили ҳамин бемористон мешавад.

Гузориши видеоӣ дар бораи сохтмони бемористони нав:

Кӯлоб дар ниҳоят соҳиби шифохонаи замонавӣ мешавад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Бунёди бемористони нав аз ҷониби давлати Олмон барои ба табобат фаро гирифтани шаҳрвандони Афғонистони ҳамсояи Тоҷикистон низ муҳим хоҳад буд. Зеро муддати чанд соли охир иддае аз шаҳрвандони шимоли Афғонистон ба бемористонҳои ҷануби Тоҷикистон оварда шуда ва таҳти муроқибати пизишкон қарор мегиранд.

Танҳо имсол дар бемористони марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 145 шаҳрванди шимоли Афғонистон табобату ҷарроҳӣ шудаанд. Кӯлоб севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст ва дар ин минтақа беш аз 1 миллион аз аҳолии кишвар ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG