Ҷумъахон Каримов, сокини 28-солаи Кӯлоб, баъди мавриди тирпаронӣ қарор гирифтанаш дар бемористони Рузаи вилояти Маскав таҳти назорати табибон аст. Пизишкон мегӯянд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон аз устухони коси чапаш тир хӯрда ва эҳтимол то моҳи феврали соли оянда рӯи ҷойгаҳ бихобад. Ҳоло дар бемористон аз ӯ падар ва бародари хурдияш муроқибат мекунанд. Ҷумъахон ба далели аз даст додани хуни зиёд ҳанӯз аз ҷояш хеста ва мустақилона роҳ гашта наметавонад.
Дар ҳоле ки ин муҳоҷири тоҷик шабурӯз дар бораи сиҳҳати худ меандешад, омилони тирпаронии ӯ ба бемористон "паём" фиристодаанд, ки дар бораи ҳодиса ба касе лаб накушояд, "вагарна, танҳо ҷасадаш берун хоҳад омад".
Ҷумъахон Каримов дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, барои табобати аввалия ба 100 ҳазор рубл эҳтиёҷ дорад ва қарор кардааст, ки дар навбати аввал мошинашро бифурӯшад. Аммо бар илова, ин суол ҳамеша ӯро ранҷ медиҳад, ки "чаро ин ҳодиса иттифоқ уфтод? Чаро? Магар ба онҳо бадӣ кардам?”
Ӯ соли 2006 ба Русия рафта, аввал дар бозору сохтмон кор мекард ва баъдан ба таксиронӣ машғул буд. Ҳодисаи тирпаронӣ ба Ҷумъахон Каримов дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ рух дод. Ӯ мегӯяд, аз ширкати хадамоти таксӣ барояш нишонии муштариҳоро додаанд ва ӯ барои гирифтани онҳо рафтааст.
“Вале муштариён пеш аз ҳама даъво карданд, ки чаро таъхир намудам? Зоҳиран асабонияташон аз он буд, ки дар ширкати хадамоти таксӣ ба занги онҳо фарди ғайрирус ҷавоб дода, ронандае, ки ба наздашон рафта буд, низ тоҷик, яъне ғайрирус, буд,” -- нақл кард ӯ. Ҷумъахон Каримов гуфт, вақте ба ҷойи таъиншуда расид, марде истода буд ва гуфтааст, ки аз худрав берун биояд: “Ин мард аввал бо зарби муштонаш маро зад ва сипас аз ҷайбаш туфангчаро гирифт, ки травматикӣ набуд. Баъдан дӯстони дигарашро ҳам давъат карда гуфт, ки биёед, “чурка”-ро мекушем. Ду мард омаданд ва ман фикр кардам, онҳо маро мезананд, вале онҳо ба тирпаронӣ сар карданд.”
Муҳоҷири 28-сола аз Кӯлоб мегӯяд, ин афрод хеле таҳқираш карда ва ҳатто таҳдид кардаанд, ки Русия ҷойи онҳо нест: “Гуфтанд, ки тоҷикҳо инҷо ҷойи Шумо нест. Шуморо бояд кушт, Шуморо аз инҷо бояд ронд. Шумо ба мо халал мерасонед. Вақте пурсидам, ки чӣ бадӣ кардем? онҳо рӯйирост маро паронданд. Мехостанд, бикушанд.”
Бино ба нақли Ҷумъахон Каримов, яке аз мардҳо ба пояш тир задааст. Ин муҳоҷири тоҷик гуфт, вақте хун аз пояш мешорид, ҳамаи онҳо рост истода ба ҳолаш хандидаанд ва ҳатто “Ёрии таъҷилӣ”-ро барои наҷоташ даъват накардаанд.
Ҳоло ӯ дар бемористон ин лаҳзаҳоро як-як аз хотираш гузаронда ва мегӯяд, марде ки аввалин шуда ба ӯ ҳамла кард, номаш Алексей буда, дар шуъбаи умури дохилии ноҳияи Рузи вилояти Маскав кор мекард. Шумораи телефони ӯро Ҷумъахон ҳангоми ба ширкат занг заданаш ҳифз кардааст.
Вале ба тамосҳои Озодӣ марде, ки худро Алексей муаррифӣ кард, ба далели серкорӣ ҷавоб надод. Аммо тавассути ин рақам саҳифае дар шабакаи “Вконтакте” пайдо шуд, ки соҳибаш Алексей Баранови 36-сола аз маҳаллаи Тучково муаррифӣ шудааст. Аз рӯи ин саҳифа маълум нест, ки ӯ корманди пулис ҳаст, ё не, вале дар миёни дӯстонаш фориғуттаҳсилни Академияи Вазорати корҳои дохилии Русия дида мешаванд. Дӯстони Баранов дар ниҳоди умури дохилӣ дар саҳифаи “Фейсбук” низ ҳастанд.
Ҷумъахон Алексейро аз рӯи аксаш шинохтааст ва мегӯяд, ин ҳамон нафарест, ки ӯро “пешвоз” гирифта, зери мушту лагад гирифтааст: “Бисёр мехоҳам, ки ӯ ва шариконаш зиндонӣ бишаванд. Ақаллан касе аз онҳо ба наздам наомад ва ҳатто бахшиш ҳам напурсид. Ман ба онҳо чӣ бадӣ кардаам? Аммо ба ҷои маъзаратхоҳӣ, баръакс, ба таҳдиди ман гузаштаанд. Як мард ба бемористон омад ва гуфт, ки агар дар ин бора нависам ё ба журналистон бигӯям, аз инҷо ҷасадам берун хоҳад омад.”
Ба Озодӣ даст дод, ки бо муфаттиши парвандаи тирпаронӣ ба сӯи Ҷумъахон Каримов тамос бигирад. Ҳарчанд ӯ аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кард, вале гуфт, ки парванда бар асоси моддаи 111-и Кодекси ҷиноии Русия, “яъне, қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ” боз шудааст.
Ҳамсари Ҷумъахон – Ксения Белоглазоваи 20-сола дар як хонаи дуҳуҷраӣ дар деҳоте дуртар аз ноҳияи Руза ба сар мебарад. Ӯ бисёр мехоҳад, ки ба шавҳараш дар бемористон кумак кунад, аммо дар хона Умари дусола ва Аминаи семоҳа ба ӯ ин имконро намедиҳанд. Ҳарчанд ҳам Ксения ва ҳам Ҷумъахон ба мунсифона баррасӣ шудани ин қазия чандон бовар надоранд, аммо мегӯянд, ки тамоми талоши худро барои ҷорӣ шудани адолат харҷ хоҳанд кард.
Тайи моҳҳои охир ҳамла болои муҳоҷирони кории тоҷик дар гӯшаҳои мухталифи Русия бештар шудааст. Ахиран дар як занозании хунин дар қабристони Хованскоеи Маскав се зодаи шаҳри Роғун кушта шуда, беш аз бист муҳоҷири дигари тоҷик захмӣ гардиданд.