Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввал имзо, баъд - арӯс! Аҳдномаи никоҳ ҳатмӣ мешавад


Дар Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси оила таҳия шудааст, ки аҳдномаи никоҳро миёни навхонадорон ҳатмӣ мекунад. То кунун созиши миёни ҳамсарони оянда пеш аз никоҳ як кори ихтиёрӣ буд.

Дар Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси оила таҳия шудааст, ки аҳдномаи никоҳро миёни навхонадорон ҳатмӣ мекунад. То кунун созиши миёни ҳамсарони оянда пеш аз никоҳ як кори ихтиёрӣ буд. Таҳиягарони ин лоиҳа мегӯянд, аҳднома ё қарордоди ҳатмии никоҳ метавонад аз фурӯпошии хонаводаҳои зиёд ҷилавгирӣ кунад. Баррасии тарҳи нав рӯзи 16 ноябр дар парлумони Тоҷикистон сурат гирифт.

Равшан Раҷабзода, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии парлумони Тоҷикистон гуфт, ки “ҳоло ду лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила вуҷуд дорад. Яке аз ин лоиҳаҳо аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвиб шуда, дар ҳоли баррасӣ дар Маҷлиси миллӣ аст. Лоиҳаи дигари тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила таҳия шуда, ҳоло бо назардошти хулосаи ҳукумат, такмил хоҳад шуд.”

Таҷдиди назар дар Кодекси оила

Дар лоиҳаи нави Кодекси оила, ки аҳдномаи ҳатмии никоҳ як бахши он аст, ба ӯҳдадориҳои зану шавҳар таъкид шуда, масъалаи тақсими амвол пас аз талоқ яке аз масоили калидиаш мебошад. Муаллифони ин лоиҳа аз ҷумла волидони арӯс ва домодро низ дар ин аҳднома шарик карда, дар сурати бекор шудани никоҳ дар тақсими авмол, онҳоро низ масъул дониста буданд.

Тарҳи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси оила дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон мизони пошхӯрии оилаҳо сол ба сол меафзояд ва дар натиҷа ҳазорҳо зан бо тифлонашон бесарпаноҳ мемонанд."

Аммо ҳукумати Тоҷикистон шарикии волидонро дар аҳдномаи никоҳи издивоҷкунандагон маъқул надониста ва гуфтааст: “Пешбинӣ намудани шахсони сеюм (падару модари домод ё арӯс) дар аҳднома боз як ҳолати номуайяниро ба бор меорад”.

Ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар поёни хулосаи хеш дар робита ба тарҳи нави тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила гуфтааст, ки лоиҳа “таҷдиди назар” карда шавад.

Тарҳи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси оила дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон мизони пошхӯрии оилаҳо сол ба сол меафзояд ва дар натиҷа ҳазорҳо зан бо тифлонашон бесарпаноҳ мемонанд. Дар муқобили беш аз 53 ҳазор издивоҷ дар 9 моҳи соли ҷорӣ, беш аз 6 ҳазор талоқ, аз назари коршиносон, нишондоди ташвишовар аст.

Занони талоқдида - кабӯтарони бебому дар

Дар баробари нигарониҳо аз паёмадҳои ахлоқии ин масъала, мушкилоти иҷтимоии баъди пошхӯрии оилаҳо чизест, ки солҳои охир ҷиддан баррасӣ мешавад. Аз рӯи анъанаҳои ҷоуфтода, навхонадорон дар Тоҷикистон дар аксар ҳолатҳо на дар манзили алоҳида, балки ҳамроҳ бо оилаи домод зиндагӣ мекунанд. Манзили зист маъмулан ба номи волидони домод аст. Баъди бекор шудани никоҳ, маъмулан зан ва фарзандон ҷониби осебпазир ҳастанд, ки бидуни манзили зисту дигар сарпаноҳ мемонад, дар бисёр ҳолат бекору дастнигаранд ва ҳатто дар сурати пардохт шудани алимент аз ҷониби шавҳар, аз лиҳози иқтисодӣ дучори мушкили зиёд мешаванд.

Мақомоти қонунбарор бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила мехоҳад вазъиятро тағйир бидиҳанд, то ки аз як сӯ ҷавонон қабл аз ба забон овардани калимаи “талоқ” аз хавфи аз даст рафтани манзилашон андеша карда, фикри ҷудоӣ накунанд ва аз сӯи дигар, дар сурати аз ҳам пошидани оила, занон кафолати манзилро дошта бошанд, то ҳамроҳи тифлон бесарпаноҳ намонанд.

Таҳқиқи мавзӯъ аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ ва журналистон нишон медиҳад, ки дар бисёр ҳолатҳо арӯсон дар хонаҳои шавҳарони худ ба қайд гирифта намешаванд, дар қайди манзили волидони худ мемонанд ва баъди талоқ, бо мушкили ҳақи манзил рӯбарӯ мешаванд. Ҳатто дар сурати аз ҷониби додгоҳ муваззаф шудани ҳамсар ба таъмини сарпаноҳ ё ҳақи маскунӣ ба зани талоқдида, ҷараёни иҷрои ин талаботи додгоҳ ва ё ҳақталабии онон бо сабаби заъфи донишҳои ҳуқуқиву шаҳрвандиашон бо мушкил рӯбарӯ мешавад. Зани талоқдида боз ҳам сарбори падару бародарони худ мешавад.

"Алимент ҳатто барои памперси кӯдакон намерасад"

Сурайё Буриева, ки ду сол қабл бо ду тифл аз шавҳараш талоқ гирифт, мегӯяд, бо вуҷуди баҳсҳои додгоҳӣ барои сарпаноҳ ёфтан дар манзили шавҳараш, муваффақ нашуд ва ҳамакнун бо тифлонаш дар хонаҳои иҷора ба сар мебарад.

Вай гуфт: “Падару модари шавҳарам бой буданд, чанд манзили зист доштанд. Аммо пас аз талоқ гирифтан фаҳмидам, ки ягон манзил ба номи шавҳарам нест ва даъвоҳои ман аз суд барои маскун шудан дар яке аз манзилҳо натиҷае надод. Суд танҳо шавҳарамро муваззаф кард, ки ба кӯдакон 200 сомонӣ алимент пардохт кунад, ки ҳатто барои памперси кӯдакон намерасад”.

Омор: Мавридҳои талоқ сол то сол афзоиш меёбад

Абдулвалӣ Қулов.
Абдулвалӣ Қулов.

Абдувалӣ Қулов, раҳбари раёсати омори иҷтимоӣ ва демографияи Оҷонсии омори Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои охир дар кишвар шумори извдивоҷҳо коҳиш ёфта, азҳампошии оилаҳо баръакс бештар шудааст. Вай гуфт, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 49 ҳазору 360 никоҳ ва 6673 талоқ ба қайд гирифта шудааст (соли 2015 - 53 ҳазору 34 никоҳ ва 6392 мавриди талоқ ба қайд гирифта шуда буд). Мавридҳои талоқ имсол 4,4 фисад бештар шуд”.

Зимнан масъалаи ҳатмӣ кардани аҳдномаи никоҳ, бори аввал нест, сари забонҳо мешавад. Соли гузашта Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионӣ ба ҷонибдорӣ аз ҳатмӣ шудани аҳдонмаи никоҳ садо баланд карда буд.

Дар соли 2010 низ бо айни чунин пешниҳод раҳбари вақти Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар Хайринисо Юсуфӣ ба мақомот ва порлумони кишвар муроҷиат карда буд. Вай он замон бо ишора ба занони танфурӯш гуфта буд, ки аксари онҳо баъди талоқ аз шавҳарони худ аз ҳаққи моликият маҳрум шуда, бидуни сарпарасту манзил дар кӯча мондаанд ва вазъи сахти иҷтимоӣ онҳоро ба роҳи бад бурдааст.

XS
SM
MD
LG