Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаққи хонаводаҳои камбизоатро кӣ мехӯрад?


Дар Тоҷикистон низоми нави пардохти кӯмакҳо ба афроди ниёзманд ҷорӣ мешавад. Масъалаи аслӣ ин аст, ки кӯмакҳои башарӣ на ҳамеша то ба манзил мерасанд ва ҳодисаҳои ба дасти афроди дигар афтоданашон зиёд буд.

Дар пайи тасвиби Қонуни “Кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ” дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар рӯзи 10 ноябри соли ҷорӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қасд дорад, системаи нави пардохти ин гуна кӯмакҳоро марҳила ба марҳила дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ҷорӣ кунад. Тибқи иттилои расмии Тоҷикистон, ҳоло 31 дарсад, ё як сеюми сокинони ин кишвар дар ҳолати фақр ба сар бурда ва бештари онҳо барои пешбурди рӯзгор ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ аз сӯи давлат ниёз доранд.

Гулбаҳор, сокини ноҳияи Ваҳдат, модари танҳо ва соҳиби се кӯдаки ноболиғ аст. Ӯ мегӯяд, ки шавҳараш оиларо тарк карда ва танҳо як маротиба бо қарори додгоҳ ба фарзандонаш як халта орд овардааст. Гулбаҳор мегӯяд, раис ва муовини раиси ҷамоат дар ҳамсоягиаш қарор дошта ва аз шароити душвори зиндагии ӯ хуб огоҳанд, вале ҳеч гоҳ номи ӯро ба феҳрасти афроди мӯҳтоҷ ва ниёзманди кӯмакҳои иҷтимоӣ шомил накардаанд.

Шумораи зиёде аз сокинони Тоҷикистон зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд. Акс аз бойгонӣ.
Шумораи зиёде аз сокинони Тоҷикистон зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд. Акс аз бойгонӣ.

“Ду бор дар бораи шароити вазнини рӯзгор ба дастгоҳи президент дар 7-8 саҳифа нома навишта ва илтимос кардам, ки кӯмак кунанд. Аммо то ҳол ҷавоб наомад. Сипас, ба Кумитаи имдоди Эрон муроҷиат кардам, онҳо ду-се бор ёрдам карданд, орду равған ва шакар доданд. Падару модари худам ва хусуру хушдоманам нафақахур ҳастанд, ёрдам карда наметавонанд”,- мегӯяд Гулбаҳор.

Ба гуфтаи Гулбаҳор, ӯ ба Душанбе рафта дар ошхонаҳои хусусӣ дегу табақшӯӣ карда, як миқдор пул меёбаду танҳо бахше аз эҳтиёҷоти рӯзгорро таъмин мекунад. Ин зани танҳо ва фақир мегӯяд, даромади ӯ танҳо барои гурусна намондани худу фарзандонаш кифоя аст, барои харидҳои ҷиддии мисли сару либос, аз ҷумла либоси мактабӣ, китобу дафтари духтари мактабхонаш дигар имкон надорад. Ӯ мегӯяд, агар давлат ҳадди аққал дар ҳалли ин масъалааш кӯмак мекард, бори дигари рӯзгорро худаш мекашад.

Масъулони ҷамоатҳои ноҳияи Ваҳдат нахостан дар ин мавзӯъ изҳори назар кунанд. Вале раиси яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Ёвон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи қоидаи роиҷ, маъмулан рӯихати оилаҳои камбизоат ва мӯҳтоҷи кӯмакро ҷамоатҳо омода мекунанд. "Интихоби хонаводаи мушаххаси ниёзманди кӯмаки иҷтимоӣ ба ӯҳдаи масъулони ниҳодҳои ҳукумати ноҳия аст",- гуфт ӯ.

Ин раиси ҷамоат, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, воқеан ҳам ҳодисаҳои ба таври ноодилона тақсим шудани кӯмакҳои иҷтимоӣ ё ба дасти афроди наздик ба мақомоти маҳаллӣ, на ба ниёзмандон расидани ин кӯмакҳо ҳам вуҷуд дорад. Айни замон, гуфт ӯ, “агар ба як оилаи камбизоат кӯмак кардӣ, ҳатман оилаи дигар шикоят мекунад”.

Дар ҳамин ҳол, Ҷовид Ҷӯраев, коршиноси масоили иҷтимоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, имкон дорад аз тариқи ҷорӣ кардани системаи нави пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ва интиқоли ин кӯмакҳо тавассути кортҳои бонкӣ, мавридҳои фасод ва хешу таборпарастӣ дар додани кӯмакҳои иҷтимоӣ аз миён меравад. Ӯ мегӯяд, таҷрибае, ки муддате пеш ҷорӣ шуда буд, натиҷаи хуб додааст.

Вай гуфт: “Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон якҷо бо Бонки Ҷаҳонӣ ин системаро ба таври таҷриба дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст. То ҳол чанд намуди кӯмаки иҷтимоӣ вуҷуд дорад, аз ҷумла, кӯмаки ғизоӣ ба мактаббачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва додани ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқу газ барои хонаводаҳои фақир. Тибқи системаи нав ин кӯмакпулиҳо аз байн рафта ва кӯмакпулии ягона ба оилаҳои камбизоат соле як маротиба тавассути бонкҳо пардохт хоҳад шуд. Дар система дигар фактори инсонӣ вуҷуд надорад ва ба ин далел фасод наметавонад дар он ҷой дошта бошад.”

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳоло дар 25 шаҳру ноҳияи ин кишвар ба таври таҷриба системаи нави пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ҷорӣ шуда ва ба 97 ҳазор оилаи камбизоат аз ин тариқ кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ пардохт мешавад. Ин манбаъ мегӯяд, мизони ин кӯмакҳо солиёна 400 сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи масъулони давлати Тоҷикистон, буҷети ин кишвар ҷанбаи иҷтимоӣ дошта ва беш аз нисфи маболиғи он барои бароварда сохтани ниёзҳои бахшҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG