Ислом Каримови 23-сола – писари Гулнора Каримова – духтари бузурги раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, баъди тақрибан се моҳи марги бобояш дар телевизион зоҳир шуд ва хадамоти амнияти ин кишварро дар қасди, ба гуфтаи ӯ, аз байн бурдани модараш муттаҳам кард. Ӯ рӯзи 29 ноябр дар сӯҳбат бо телевизиони Би-би-сӣ гуфт, ки хабарҳо дар бораи ба хориҷ рафтани Гулнора Каримова ё озодона гаштугузор карданаш дар кӯчаҳои шаҳр ҳақиқат надоранд.
Бобоям (Ислом Каримов) як умр ба холаам (Лола) мегуфт, ки чаро ба хоҳарат (Гулнора) монанд намешавӣ?Ислом Каримови хурдӣ
Каримови хурдӣ афзуд, модараш ҳозир дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва дар манзили воқеъ дар кӯчаи Яҳё Ғуломов нигаҳдорӣ мешавад. "Шахсоне, ки Гулнора Каримоваро дар ҳабс нигоҳ медоранд, "одамони бобоям" ҳастанд", - таъкид кард ӯ ва гуфт, "онҳо озодии модарамро намехоҳанд, чун баъдан бояд ба бисёр саволҳо ҷавоб гӯянд. Аммо ба ин саволҳо ҳеч кас ҷавоб гуфта наметавонад. Корҳоеро, ки онҳо бо мову атрофиёнамон мекунанд, қонунан наметавон шарҳ дод."
Рақобат аз куҷо сар шуд?
Набераи раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, ки дар Лондон ба сар мебарад, дар идомаи ин сӯҳбат ба рақобатҳои миёни модар ва холааш низ дахл кард. Ислом Каримови хурдӣ дар эҷоди чунин рақобат бобояшро гунаҳкор донист.
Ӯ гуфт, "муносибати модару холаам аз аввал хуб буд. Аммо ягона мушкил инҷост ва ман ҳам дар он бештар бобоямро гунаҳкор медонам. Зеро модарам мактаби математикаро бо медали тилло хатм кард, яъне аз пайи бобоям рафт. Ӯ бо варзиш низ машғул буд ва ҳатто соҳиби камарбанди сиёҳ низ гардид. Карйераи худро шуруъ кард. Вай ҳар кореро мекард, холаам низ аз ӯ пайравӣ менамуд. Барои чӣ? Барои онки бобоям ҳамеша ба ӯ мегуфт, чаро мисли хоҳарат инро ё онро намекунӣ? Барои чӣ хуб намехонӣ? Барои чӣ "ӯ" намешавӣ? Бобоям як умр ба холаам мегуфт, ки чаро ба хоҳарат монанд намешавӣ?"
"Ин душманиҳо хонаводаро аз байн мебарад"
Каримови хурдӣ мегӯяд, чунин рафтори бобояш бо Гулнора ва Лола Каримоваҳо ғалат буд ва барои ин фикр мекунад, ки ӯ гунаҳкор аст. "Зеро ин ҳама ба холаам таъсир кард ва баъди шунидани ин ҳарфҳо, дар ӯ комплекс пайдо шуд. Барои мисол, мо маҷалла доштем, вай ҳам маҷалла боз кард ва барои исботи ин ниёзе нест", - мисол овард ӯ.
Набераи раиси ҷумҳури пешини Узбакистон гуфт, Лола Каримова-Тиллоева барои нишон додани қудрати худ ба ҳама кор даст зад ва ба фикри ӯ билохира ин рақобати даврони наврасиву ҷавонӣ ба нафрат печид. "Вале билохира бо модари ман баробар шуда натавонист. Агар дар аввал ин ҳама эҳсосот буд, вале ҳоло он ба ҳаёти мо таъсир мерасонад. Ин душманиҳо хонаводаро аз байн мебарад", - хулоса кард Ислом Каримов.
Гулнораро кӣ "кушт"?
Рӯзи 22 ноябри имсол вебсайти "Центр-1" бо такя ба манбааш дар Хадамоти амнияти миллии Узбакистон аз марги Гулнора Каримова хабар дода ва гуфт, духтари 44-солаи раиси ҷумҳури пешин дар натиҷаи заҳролудшавӣ фавтидааст. "Шаби 5 ноябр ӯ дар мазори Минори Тошканд ба хок супурда шуд", - гуфтааст манбаи "Центр 1" ва афзудааст, шахсан дар маросими дафни Гулнора Каримова иштирок кард.
Вай гуфтааст, аз сарнавишти Ислом ва Имон – фарзандони Гулнора Каримова сахт нигарон аст ва таъкид кардааст, ки духтари ӯ Имон дар ҳолати танҳоӣ ва беҳуқуқӣ дар Тошканд қарор дорад. Баъд аз ин дар чанде аз расонаҳои Русия хабари "марги Гулнора Каримова" нашр шуд. Аммо дертар хабаргузории РИА Новости ва Интерфакс даргузашти Гулнора Каримоваро рад карданд.
Ҳафтаи гузашта Ислом Каримови хурдӣ низ хабарҳоро дар бораи марги модараш рад карда онро "овозае беш надониста буд". Каримови хурдӣ гуфт, Гулнора Каримова аз соли 2014 боз дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад. Вай афзуд, хоҳараш Имон, ки қаблан гуфта мешуд, дар ҳабси хонагист, феълан дар озодӣ буда, вале аз кишвар берун рафта наметавонад.
Чаро "Гугуша" дар маросими видоъ бо падараш набуд?
Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон, рӯзи 2 сентябри имсол дар синни 78 бар асари сактаи мағзӣ даргузашт ва як рӯз баъд дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шуд. Дар маросими видоъ ва дафни ӯ духтараш Лола Каримова-Тиллоева ва ҳамсараш Татяна Каримова ҳузур доштанд, вале Гулнора Каримова дида нашуд.
Бо ин ҳама, иттилои дақиқ дар бораи тақдири Гулнора Каримова, ки бо тахаллуси овозхонии Гугуша низ маъруф аст, дар даст нест. Вай соли 2013 аз пеши назарҳо дур шуд ва дар бораи макони будубошаш ҳам овозаҳо гуногунанд. Бино ба баъзе хабарҳо, Гулнора Каримова ё дар бемористони бемориҳои рӯҳист ё дар хориҷа ба сабар мебарад. Хабарҳои дигар аз ҳабси хонагии ӯ дар Тошканд мегӯянд.