Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо 850 миллион доллари Гулнора чӣ хоҳанд кард?


Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон
Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон

Додгоҳе дар Амрико ба вакилони дифои Узбакистону Иёлоти Муттаҳида се моҳи дигар мӯҳлат додааст, то тақдири 850 доллари бандмондаи Гулнора Каримова - духтари президенти собиқи Узбакистон - дар бонкҳои кишварҳои ғарбиро "ҳал кунанд". Эндрю Картер, додраси Додгоҳи федеролии ҳавзаи ҷанубии Ню-Йорк, 2 ноябр бо имзои қарор гуфтааст, ин мӯҳлат то охири январи соли оянда идома хоҳад кард.

Аммо дар чанд моҳи охир дар бораи Гулнора хабаре нест. Ӯ дар маросими дафни падараш дар Самарқанд дар рӯзи 3 сентябри имсол низ иштирок надошт.

Бори севум аст, ки додгоҳи Амрико барои ҳалли ин масъала ба ҷониби Узбакистону Иёлоти Муттаҳида фурсат медиҳад, вале ду дафъаи он бенатиҷа анҷом ёфтааст. Маълум нест, баъди моҳи январи соли оянда, дар сурати ба хулосае нарасидани тарафҳо додгоҳ чӣ тасмим хоҳад гирифт.

Баҳс бар сари 550 миллион долларе меравад, ки дар Швейтсария ва 300 миллион долларе, ки дар Амрико, Ирландия, Люксембург ва Белгия нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ҳоле ки мақомоти Амрико мегӯянд, ин пулҳо аз сӯи ширкатҳои оффшории мутааллиқ ба Гулнора Каримова истифода шуда, ҳосили ришвату фасоданд, аммо мақомоти Узбакистон иддао доранд, ин пулҳои давлат буда, "қурбони бозиҳои баъзе соҳибкорон" шудааст.

​Моҳи январи имсол мақомоти Узбакистон зимни як нома ба давлати Амрико ба зарурати ба ин кишвар баргардондани "маблағҳои аз ҷониби ҷинояткорон ғасбшуда" таъкид карда буданд. Дар ин нома, ки бо имзои вазири адлияи Узбакистон ирсол шуда буд, дар миёни ҷинояткорон номи Гулнора Каримова зикр нашуда, аммо шарикони наздики ӯ Рустам Мадумаров ва Гаяне Авакян ҷинояткор унвон шудаанд. Мақомоти Узбакистон барои баргардондани ин миқдор пул вакилони ширкати Holwell Shuster&Goldberg-ро киро кардаанд.

Майк Эккел, шореҳи Радиои Озодӣ мегӯяд, Амрико омодааст, ин миқдор пули бандмондаро ба Узбакистон баргардонад, вале Вашингтонро ин масъала ба андеша водор кардааст, ки ин пулҳоро кӣ мегирад, ҷараёни қабули маблағҳо чигуна сурат хоҳад гирифт ва кӣ барои бо роҳи қонунӣ азхуд кардани маблағҳо назорат хоҳад бурд?

Вазорати адлияи Амрико Гулнора Каримова, духтари президенти собиқи Узбакистон ва шариконашро ба додгоҳи Манҳеттени Ню-Йорк кашид ва онҳоро дар иҷро накардани тақозои он кишвар дар мавриди пардохти маблағ аз ҳисоби 550 миллиондоллариаш дар бонки Швейтсария муттаҳам кард. Ба қавли додситонҳое, ки бо даъво ба додгоҳи федоролии Манҳеттен муроҷиат кардаанд, Гулнора Каримова ва шариконаш моҳи феврали соли ҷорӣ ба аризаҳои шикоятӣ дар мавриди се ҳисоби бонкӣ посух надодаанд.

Вазорати адлияи Амрико ба ғайр аз Гулнора Каримова 6 нафари дигар ва ду ширкат, аз ҷумла ширкати дар Гибралтар сабтиномшудаи Takilant Ltd-ро низ ба додгоҳ кашидааст. Ин вазорат ба "мансубияти ширкати Takilant ба пайвандони раиси ҷумҳури инак собиқи Узбакистон" ишора кардааст.

Муомилоти пурасрори молии Гулнора Каримова дар хориҷи кишвар боис ба суқути ӯ шуд. Ҳоло номи ӯ бо чанд ширкати хориҷӣ тавъам аст, ки барои додани ришва барои фаъолият дар Узбакистон айбдор мешаванд. Дар соли 2014 пас аз ҳамлаҳои лафзӣ ба мақомоти баландпояи давлати Узбакистон ва баъдан нисбат ба модару хоҳараш Гулнораро ба таври ғайрирасмӣ дар ҳабси хонагӣ шинонданд.

Аммо дар чанд моҳи охир дар бораи Гулнора хабаре нест. Ӯ дар маросими дафни падараш дар Самарқанд дар рӯзи 3 сентябри имсол низ ширкат надошт.

XS
SM
MD
LG