Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки корбарони Фейсбук ба хонаводаҳои қурбониёни «Газойл-ситӣ»


Гуруҳе аз корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ тасмим доранд бо таъсиси як суратҳисоби бонкӣ ба хонаводаҳои афроде, ки дар пайи сӯхтори сохтмони «Газойл-ситӣ» ба ҳалокат расиданд, кӯмак расонанд.

Ин гурӯҳи ҷавонон, ки дар Маскав кору зиндагӣ доранд, ахиран ба ҷойи ҳодиса рафта, бо оёте аз Қуръон, ёди ин муҳоҷирони фавтидаро гиромӣ доштанд. Тибқи иттилои расмӣ, аз 14 нафари дар ин сӯхтор ба ҳалокат расида 3 тани онҳо тоҷик будаанд. Тавре кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷироати Тоҷикистон дар Русия муайян кардаанд, муҳоҷирони фавтидаи тоҷик, Юсуфхон Давлатов , зодаи ноҳияи Мӯъминобод соли таваллудаш 1980, Ҳасан Иброҳимов, зодаи шаҳри Кӯлоб, соли таваллудаш 1965, Сироҷзода Фирдавсӣ Неъматулло, зодаи шаҳри Кӯлоб, соли таваллудаш 1993 мебошанд. Ду муҳоҷири дигари тоҷик, Салимов Бобохон Тешаевич, сокини шаҳри Кӯлоб, соли таваллудаш 1964 ва Ҳакимов Абдуназар Маҳмадназарович, сокини шаҳри Турсунзода, соли таваллудаш 1960 айни замон дар беморхонаи клиникии ноҳияи Соколникии шаҳри Москва, қарор доранд.

Каримҷон Ёров, яке аз ташаббускорони кӯмак ба фавтидаю зарардидагони сӯхтори "Газойл ситӣ" ва раҳбари созмони «Этнос» дар Русия, мегӯяд, онҳо ба сарнавишти муҳоҷирони тоҷик бетафовут нестанд.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Аслан дар шабакаи «Вконтакте» як гурӯҳе бо номи «Тоҷикон» аст, ки 3 ҳазор узв дорад, онҳо дар ин гурӯҳ баъди ҳодисаи сӯхтор ҳамдардӣ баён кардаву ба хулосае омадем, ки ҷамъ шуда ба ҷои ҳодиса равему бо чашми худ бубинем ва дар ҳаққи гузаштагон дуову фотеҳа хонем. Ҳадафи аслии мо танҳо ҳамдардӣ баён кардан аст, на худнамоӣ. Бародарон ба хулосае омаданд, ки як суратҳисобе кушоем бо ҳамин роҳ каме ҳам бошад ба хонаводаҳои фавтидаҳою зарардидагон, кӯмак расонем. Чун то ҷое медонам, то имрӯз аз сӯйи ҳукумат чунин иқдом набуд."

Озодӣ: Ин суратҳисоб танҳо ба ҳамин ҳодисаи ахир рабт хоҳад дошт ё дар маҷмӯъ ба чунин ҳодисаҳои нохуш?

Ёров: Ҳам барои ин ҳодисаи ахир ва ҳам мо суратҳисоби доимӣ хоҳем кард. Ягон воқеа шуд, истифода мешавад ва ҳар касе чӣ қадаре, ки имкону хоҳиш дорад метавонад, ба он мбалағ ворид кунад. Инҷо афроди зиёде ҳастанд, ки бемор мешаванд ва шароити бозгаштро надоранд, мехоҳанд, чунин як иқдоме ташкил карда суратҳисоб таъсис диҳанд. Ростӣ, пеш аз ин ҳам, Ҷамъияти тоҷикони Руссия Абдулло Давлатов ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки як суратҳисобе мисли суғурта дар Тоҷикистон таъсис диҳанд. Масъулини кишвар ба ин кор розӣ шуданд, вале гуфтанд, ба шарте, ки идораи ин суратҳисоб дар дасти онҳо бошад. Вале ба ин шарт мо розӣ нашудем, зеро дар ин сурат имкон дорад ин суратҳисоб ҳам ғорат шавад. Агар ин суғурта таъсис меёфт, дигар кӯмаки ҳукумат ва афроди дигар барои баргардонидани тобути муҳоҷирон лозим намешуд. Вале ман дидам, ки ҳоло боз ҳамин масъала матраҳ ҳаст ва тасмим дорад ҳукумат, ки як чунин суғурта ташкил ёбад.

Озодӣ: Шумо, ки дар Руссия кору зиндагӣ ва бо муҳоҷирон кор мебаред. Аслан ба ҳамин ҳодисаҳо, ки боиси фавту зарар дидани муҳоҷирон мешавад, чӣ назар доред. Чӣ омилҳо аслан ба ин сабаб мешавад?

Ёров: Ин ҷо, ростӣ, тавре ҳама медонем, як сабаб беэҳтиётии худи шаҳрвандони худамон аст. Масалан, дар ҳамин моҳи январ 6 нафарро электричка зад. Аз тарафи дигар дар ин ҷо дар мавсими сармо, либоси гарму шароити хуб надоранд, сармо мезанад. Аз сабабе, ки имкони молӣ ва суғуртаи тиббӣ надоранд, наметавонанд худро табобат кунанд ва саломатиро аз даст медиҳанд. Як сабаби дигари марги муҳоҷирони мо, худи ҳамватанони мо ҳастанд. Ин ҷо гурӯҳҳои криминалӣ аз ҳисоби тоҷикон ҳам кам нестанд. Дар ин ҷо ҳоло аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон, онҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, муҳоҷиронро ғулом мекунанд. Аз ин амалҳо бархе аз кормандони масъул ҳам огоҳанду фоидае ба даст меоранд. Бригадирҳое ҳастанд, ки барои ба кор даровардани муҳоҷир аз ӯ 30 ҳазор рубли русӣ мепурсанд, ҳар рӯз 400 рублӣ, ҳақ мегиранд. Боз ҳаққи ароба мегиранд. Боз дар барои зиндагӣ дар хобгоҳ, онҳоро водор мекунанд, беш аз 5 ҳазор маблағ пардохт кунанд. Ё ҳастанд ҳолатҳое, ки як тоҷирон молашонро фурӯхта наметавонанд ва ба бригадири тоҷик мекунанд. Бригадир ин борро маҷбуран ба муҳоҷирон мефурӯшад. Агар саркашӣ кунӣ, ҷавоб ё бо ягон роҳ депортатсия мекунанд. Инро ҳама медонанд, вале дар ин бора кам гап мезананд.
XS
SM
MD
LG