Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хандаҳои гиряолуд. Нӯҳ сол бе Имомназари Холназар


Имомназари Холназар
Имомназари Холназар

Имрӯз, 21 март, ёдбуди Имомназари Холназар, рӯзноманигори саршинос ва ҳаҷвнависи шинохтаи тоҷик аст.

Имрӯз, 21 март, ёдбуди Имомназари Холназар, рӯзноманигори саршинос, ҳаҷвнависи шинохтаи тоҷик ва аввалин сардабири ҳафтаномаи «Адолат» ва аз поягузорони ҳизби Демократии Тоҷикистон аст.

Нуҳ сол муқаддам, 21 марти соли 2007, дар мусобиқоти паҳлавонии Наврӯзӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ҷараён дошт ва банда вазифаи ровиро бар дӯш доштам, бароям хабари нохуш оварданд. Хабаре, ки маро аз сухан гуфтан боздошт, такон дод ва хеле ғамгин кард. Хабар оварданд, ки дӯст ва ҳампешаи банда, шахси озода ва нек Имомназар Холназар дар шаҳри Душанбе дар сини 55-солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт.

Имомназари Холназар соли 1975 баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар рӯзномаи он замон машҳур - "Комсомоли Тоҷикистон" (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) оғоз кардааст. Баъдан то соли 1990 ӯ дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" (ҳоло “Ҷумҳурият”) чун хабарнигор, мудири шӯъба ва котиби масъул кор кард ва баҳори соли 1990 бинобар мухолифаташ бо бархӯрди ҳукумати вақти кишвар ба ҳаводиси баҳманмоҳ, аз мақом барканор шуд.

Аммо ӯ боз ҳам канор нарафт ва ба дунболи ин ҳафтаномаи «Адолат» - нашрияи Ҳизби демократии Тоҷикистонро таъсис дод ва худ аввалин сардабири он шуд. Ин ҳафтанома то шурӯъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз маъруфтарин нашрияҳои вақт маҳсуб меёфт.

Ӯ аз соли 2000-ум аз бемории қанд ранҷ мебурд, вале бо вуҷуди ин кори эҷодиашро канор нагузошт ва то лаҳзаҳои вопасини умр бо қаламу коғаз ҳамроҳ буд.

Китобҳои Имомназари Холназар бо номҳои "Ҳар киву ҳар чи", "Ман ҳамин хел одам", "Боре набувад гаронтар аз ор", «Аз хандая мемурӣ», «Аҷаб замонаҳое...» ва ”Хандаҳои гиряолуд” дар солҳои гуногун нашр шудаанд.

Худро сарфароз меҳисобам, ки бо Имомназар солҳои тӯлонӣ дӯст ва ҳампеша будам. Рӯзе аз ёди ӯ фориғ нестам. Имомназар барои ман ҳамеша зинда аст. Ҳамеша ёдаш мекунам, рӯзе нест, ки аз ягон ҳикояаш ёд наоварам, дар борааш ягон гапи хуш нагӯям, зеро бисёр ҳам одами хуб, инсони комил, дӯсти бовафо ва ҷонӣ буд. Ҷойи Имомназар ҳамеша дар дилу дидаам холист.

Чанд қиссаи ҳаҷвӣ аз забони зиндаёд Имомназари Холназар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:56 0:00
Линки мустақим

ЧАНД ЛАТИФА АЗ ИМОМНАЗАРИ ХОЛНАЗАР:

"Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ камондорон дар деҳае як гурӯҳ сокинонашро саф ороста, пурсуҷӯ мекунанд. Сардори даста аз зане мепурсад, ки "Номат чист?"

Зан посух медиҳад:

-Шарофат.

Командир ба зердасташ фармон медиҳад:

-Ин каса ҷавоб диҳед, ҳамноми модари ман будааст.

Ва аз марди ҳампаҳлӯи зан мепурсад:

-Номи ту чист?

Мард мегӯяд:

-Номи ман аслан Рустам аст,лекин дар қишлоқ ҳама Шарофатум меган.»

*** *** ***

«Дар дафтари шоир Салимшо Ҳалимшо як гурӯҳ кормандони рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» шоҳмот мезаданд. Котиби масъул дарро мекушояд, ки дуди сигор дар фалак, фазои ҳуҷра ғализ. Салимшо таклиф мекунад:

-Биё, шин, шоҳмот занем.

Котиб рад мекунад.

-Дар утоқи шумо хар намешинад.

Салимшо нимғурма мегӯяд:

-Ин хел бошад, рав.»

*** *** ***

«Дардам хурӯҷ карду ба занам шикоят кардам.

Гуфт:

-Чӣ кор кунам?

Гуфтам:

-Ҳар вақте ки дардам боло мегирифт, чӣ кор мекардӣ?

Гунаҳкорона иқрор шуд:

-Манаҳбанд тайёр мекардам.»

*** *** ***

Чанд ҳикоёти хурд аз боби «Гапи рост – аз забони кӯдак»:

«Набераҳакома дар сари себе ҷанҷол шуд. Калонӣ зӯр баромаду себа соҳибӣ кард. Хурдӣ ба гиря даромад. Хоҳиш кардам:

-Самоҷон, себа хоҳаракта бите, бубин, чӣ хел гиря дорад-е?

Само гуфт:

-Себма хоҳарма бутум, баъд худум гиря кунум.»

*** *** ***

«Аз бемористон баъзан барои набераҳо мева мефиристодам. Дар хона Само аз момааш афлесун пурсид. Момааш гуфт, ки нест, тамом шуд.

Само сӯи банда рӯ оварда, илтиҷоомез гуфт:

-Бобоҷон, Шумо равен, боз дар касалхона хоб кунен.»

*** *** ***

«Писарам Меҳроҷро, ки акнун донишҷӯй аст, барои кадом амале сарзаниш кардам:

-О, ту як фикр кун, бе ақлу шарафу виҷдон зиндагӣ кардан мумкин аст магар?!

Ӯ ҳозирҷавобӣ кард:

-Ҳова, бе КПСС зиндагӣ дорем-ку.»

*** *** ***

«Як хонуми хешамон хона омаду ҳангоми сӯҳбат изҳор дошт, ки дар кадом як ташкилоти байналхалқӣ кор мекунаду чаҳорсад доллар маош мегирад. Ҳамон рӯз устоямон Ҳусейн хуб кор карду таърифаш кардам:

-Лекин мисли ҳафт мард кор мекунӣ-да, усто.

Аз сӯҳбати мо бо хешдухтарамон огоҳ будааст, ки бедимоғ гуфт:

-Рост, мисли ҳафт мард кор мекунам, лекин чун як зан маошам намедиҳӣ.»

*** *** ***

«Соати яки шаб занги дарвоза баланд шуд, кушоям ҳампешаам Хурсанд Ҷумъазода. Ҳамин ҳоло аз Самарқанд омада будааст. Барои ташрифи нобаҳангомаш узру маънии бисёр кард ва афзуд:

-Фикр кардам, ки дар ин бевақтӣ хонаи кӣ равам. Ту ба ёд омадӣ. Охир, нози хара хар мебардорад.»

XS
SM
MD
LG