Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қомати нашрияҳоро чӣ мешиканад? Гуфтугӯ бо 5 сардабир


Матбуоти мустақил дар Тоҷикистон ба мушкили шадиди молӣ гирифтор аст ва аксари сардабирон эҳтимоли аз байн рафтани матбуоти чопии мустақилро аз ҳақиқат дур намедонанд.

Камбуди молӣ ва худсензура ё парҳез аз нашри матлабҳои ҷиддии сиёсиро сардабирон аз мушкилоте медонанд, ки "камари матбуоти мустақилро шикастааст". Ба қавли онҳо, нашрияҳои мустақили Тоҷикистон, ки бо теъдоди хеле кам, аз 1 то 15 ҳазор нусха нашр мешаванд, давраи мушкилеро аз сар мегузаронанд.

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири нашрияи “Фараж”, нашрияи ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, матбуоти чопӣ муфлис шудааст ва агар ба чунин шева вазъи молии нашрияҳо идома кунад, эҳтимол то моҳи августи соли 2015 бархе аз нашрияҳо дигар чоп нашаванд. Ӯ мегӯяд, "шикасти матбуоти тоҷик дар соли 2014 ба ҳукумат ва худи матбуот вобаста набуд. Ин аз таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ба миён омад. Нархи чопхонаҳо боло рафт ва агар ягон чораи хос дида нашавад, ин шикаст хеле ҳузнангез анҷом меёбад."

Хуршеди Атовуллоҳ
Хуршеди Атовуллоҳ

“Фараж”, ки дар гузашта то 10 ҳазор нусха нашр мешуд, ҳоло адади чопаш ба маротиб поён рафтааст. Масъулони ин нашрия мегӯянд, қисми аслии даромадашон аз ҳисоби фурӯши нашрия ва қисми хеле андаке он аз реклама ё таблиғ мебошад, ки ҳоло дар ҳар ду самт мушкил эҳсос мешавад.

Худсензура

Сардабирон аз ҳама лиҳоз соли гузаштаро мушкилтарин соли матбуоти чопии тоҷик дар 20 соли охир медонанд. Зебо Тоҷибоева, сардабири ҳафтаномаи русзабони “Азия-Плюс”, ки бо теъдоди 14 ҳазор нусха нашр мешавад, мегӯяд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, имсол низ барои нашрияҳо чандон соли хубе намешавад. Ӯ гуфт: “Албатта, худсензура вуҷуд дорад ва аз он наметавон гурехт. Мо талош мекунем, аз ин ҳолат берун шавем, вале аксаран ин ғайриимкон аст. Мо ба мушкили молӣ рӯ ба рӯ шудаем ва фикр мекунам, ки фишорҳо болои матбуот афзоиш хоҳад ёфт.”

Назари 5 сардабир ба вазъи матбуоти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:45 0:00

“Азия-Плюс” аз ҷумлаи нашрияҳое дониста мешавад, ки аз ҳама бештар реклама (маводи таблиғӣ) дарёфт мекунад ва қисми зиёди даромадаш аз ин ҳисоб аст.

Мушкилоти молӣ ва эҳтимоли хеле зиёди варшикаста шудани матбуоти чопии Тоҷикистон соҳибони нашрияҳоро хеле эҳтиёткор карда, худсензуриро афзоиш додааст. Ҷасур Абдуллоев, сардабири нашрияи сиёсии “Самак” мегӯяд, худсензура дар матбуоти тоҷик ба хусус дар нашрияи онҳо ба маротиб боло рафт ва онҳо дар нашри матлабҳои марбут мақомдорони баландпоя, хонаводаҳои онҳо, мавзӯъҳои мазҳабӣ аз худсензура кор мегиранд.

“Мавзӯъҳое, ки ба хонаводаи шахси аввали Тоҷикистон ва дигар мансабдорони баландмақом рабт дошт, мо аз нашри онҳо дар аксар ҳолат худдорӣ мекардем. Танҳо дар сурате чунин матлабҳоро нашр мекардем, ки ҳама ҷониб дар он мавзӯъ назари худро гуфтааст. Инчунин, мо дар нашри матлабҳои мазҳабӣ низ эҳтиёт мекунем, зеро ин ҳам як мавзӯи ҳасос ва дардисарсоз барои рӯзноманигорон ҳаст,”-мегӯяд Ҷасур Абдуллоев.

"Мисли ғук ҳам хонӣ..."

Аммо вазъи нашрияҳои ҳукуматӣ комилан дигаргуна аст. Ин нашрияҳо, ки бештар бо маблағи обунаи сокинон нашр мешаванд, аз мушкили молӣ сӯҳбат намекунанд. Сокинон мегӯянд, матбуоти расмӣ бештар маводе нашр мекунанд, ки бозгӯи дарди сокинон нест.

Муҳаммад Ғоиб, сардабири “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо радди ин иддао мегӯяд, матолиби танқидии матбуот ба созандаву сӯзанда ҷудо мешавад ва онҳо бар асоси қонунҳо аз нашри матлабҳои сӯзанда худдорӣ мекунанд, вале ҳамеша матлабҳои интиқодии созандаро нашр месозанд.

“Мегӯянд, мисли ғук ҳам хонӣ, бо лабу лаҳҷаи хеш бихон. Ҳар рӯзнома роҳи худро дорад. Мо дар ҳама бахш, ки созанда ҳаст, мавод нашр мекунем. Соли гузашта беш аз 100 мақолаи танқидӣ нашр кардаем, ки камбудҳо дар пайи он ислоҳ шуданд. Мо гӯшае дорем, ки он ҷо шикоятҳои мардумро нашр мекунем,”-гуфт Муҳаммад Ғоиб.

“Ҷумҳурият” ягона рӯзномаи расмист, ки адади нашраш аз 100 ҳазор бештар аст.

Акбари Саттор
Акбари Саттор

Раҳбарони нашрияҳо аз кам ба фурӯш рафтани маҳсулоти худ нигарон ҳастанд ва Акбари Саттор, раиси Иттифоқи рӯзноманигорон ва ҳамзамон молики гурӯҳи нашрияҳои “Чархи гардун” мегӯяд, нашрияҳо ба як моли тасодуфӣ табдил ёфтаанд. “Агар шумо барои чизи дигаре ба мағоза мераведу тасодуфан сарлавҳаи кадом рӯзномае ҷолиб менамояд, он гоҳ онро харидорӣ мекунед. Касе дигар махсус барои харидани нашрия намеравад. Аз байн рафтани матбуоти чопӣ хеле ҷиддӣ шудааст. Бо сабабҳои молӣ монеа ҷиддӣ шудааст. Аммо фикр мекунам, ки матбуоти чопӣ барои навиштани таърих хеле муҳим аст ва бояд онҳо ҳифз шаванд. Мавзӯъҳои матбуот ҳам кӯҳна шудаанд. Хонандаи моро сатҳаш баланд рафтааст. Мо онҳоро қонеъ карда наметавонем,”–мегӯяд раиси Иттифоқи рӯзноманигорон.

Дар Тоҷикистон бештар аз 300 маҷаллаву ҳафтанома нашр мешавад. Аксари ин нашрияҳо моли ҳукуматҳои маҳаллианд, ки моҳе як бор нашр мешаванд. Матбуоти мустақил низ дар Тоҷикистон танҳо дар як ҳафта як маротиба нашр мешавад. Ягона нашрияе, ки ҳафтае панҷ бор нашр мешавад, “Имрӯз нюз” ҳаст, ки он ҳам танҳо дар дохили шаҳри Душанбе паҳн мешавад.

XS
SM
MD
LG