Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боко Ҳаром 21 духтарро раҳо кард


Гурӯҳи ифротгарои Боко Ҳаром аз 220 духтари мактабхон, ки моҳи апрели соли 2014 дар минтақаи Чибуки Нигерия рабуда буд, 21 нафарро озод кард.

Боко Ҳаром ин духтарҳоро 13 октябр бо миёнҷигарии Созмони Байналмилалии Салиби Сурх ва ҳукумати Шветсария озод кард. Онҳо аз шаҳри Майдугури ба Абуҷа - пойтахти Нигерия - интиқол ёфтанд, то бо мақомоти ҳукумат мулоқот кунанд.

Боко Ҳаром садҳо марду зан ва кӯдаконро рабудааст. Аммо рабудани духтарон аз Чибук ин гурӯҳи ифротгароро дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дод. Дусад нафари рабудашуда ҳоло гумном ҳастанд. Вазири иттилоот Лаи Муҳаммад рӯзи 14 октябр гузоришҳо дар бораи озодии духтарон дар ивази муомила бо ҷангҷӯёни Боко Ҳаром-ро рад кард ва гуфт, ки ӯ аз аз ҳеҷ гуна пардохти фидя хабар надорад.

XS
SM
MD
LG