Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ба номи халқ савганд ёд карда ва муваззаф шуданд, ки манфиати шахсиро аз манфиати давлат боло нахоҳанд гузошт ва дар таҳияву қабули қонунҳо содиқона иштирок хоҳанд кард. Аммо вакилон гуфтанд, шикастани савганд ҷавобгарии ҷиноӣ надорад ва танҳо ба виҷдони шахс вогузор мешавад, ки аз мақомаш биравад.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Тамоми нерӯ, дониш ва таҷрибаамро барои... таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям.Аз матни савганди вакилони порлумони Тоҷикистон
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, аз нахустин вакилоне буд, ки матни ин савгандро қироат кард. Маросими савгандёдкунии вакилон дар нахустин рӯзи иҷлосияи севуми Маҷлиси Намояндагон дар Душанбе баргузор шуд. Яке аз намояндаҳои мардумӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба дунболи Шукурҷон Зуҳуров ва муовинонаш, "ҳамаи вакилон дар алоҳидагӣ ба минбар баромада ва матни савганд ба халқро қироат карданд."
Бар асоси ин матн ному насаби вакилони порлумон гуфта шуда, ҳар кадоми онҳо қасам мехӯранд, ки "манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоям, тамоми нерӯ, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям."
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, вакили порлумон ва муовини пешини вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, савганди ба номи халқ масъулияти онҳоро бештар мекунад, вале афзуд, "барои шикастани савганд ягон муҷозот муайян нашудааст."
Вай гуфт, "дар сурати риоя накардани савганди худ танҳо ҷавобгарии маънавӣ пешбинӣ шудааст ва дигар ҷавобгариҳо, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятию маъмурӣ пешбинӣ нагардидааст. Вале ман шахсан боварӣ дорам, ки дар сурати ба ин ҳолат даст задани вакилон онҳо ба таври ихтиёрӣ аз вазифа даст мекашанд."
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки оё бо савганд ёд кардани вакилон, эътибори порлумон тавре бархе расонаҳо онро ба як порлумони “кисагӣ”, “хомӯш” ва “беиқдом” ба риштаи тасвир мекашиданд, боло хоҳад рафт ва дар ҳалли масоили муҳими ҷомеа ҷиддан бархӯрд хоҳад кард? Профессор Иброҳим Усмонов қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то кунун виҷдон арзиши вакили порлумонро муайян мекард ва ҳоло савганд бар он афзуда шуд.
Ӯ гуфт, “бояд виҷдон дар ҷои аввал бошад ва кор ба савганд накашад. Аммо акнун, ки вакилон савганд ёд мекунанд, ин водор мекунад, навиштани қонунҳо ва ҳалли масъалаҳои муҳим барои ҷомеа аз пештара дида беҳтар шавад. Вакилони порлумон ҳақ доранд, ки дар доираи қонуни буҷа масъулони вазоратҳоро даъват намуда, ҷиддӣ бо онҳо суолу ҷавоб кунанд ва савганд дар назди мардум ба ин иқдом мусоидат хоҳад кард.”
Меъёри савганд хӯрдани вакилони порлумон ба мардуми Тоҷикистон ҷузъе аз 41 тағйиру илова ба Қонуни асосии Тоҷикистон буд, ки рӯзи 22 май тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Бар асоси ин тағйирот, аъзои ҳукумати Тоҷикистон ба номи раиси ҷумҳур қасам мехӯранд.
Ин барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон қасами вакилони порлумон ва аъзои ҳукумат ба номи халқ ва президент расмӣ мешавад. Дар гузашта, дар соли 2006 танҳо савганди садоқати нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба номи раиси ҷумҳур қонунӣ шуда буд.
Савганд ёд кардан ва ё ба касе савганд додан дар ҷомеаи Тоҷикистон як амали боаҳамият ва эътимодсоз аст. Мардум бештар ба ҳарфе эътимод мекунанд, ки агар гӯянда қавли худро бо қасам мустаҳкам кунад. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ қасам ё савгандро аз анъанаҳои шифоҳии "фаъол" дар кишвар эътироф кардааст. Муаллифони "Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистон", ки ба тозагӣ нашр шудааст, мегӯянд, сокинони кишвар асосан бо қасам хӯрдан дуруст будани андеша ё гунаҳкор набудани худро собит мекунанд.