Дар чанд ҷумла
Шавҳари собиқ дар куштори занаш муттаҳам шуд

Пулиси Покистон шавҳар ва падари як зани покистонӣ-бритониёиро дар марги ӯ муттаҳам кард. Пулис мегӯяд, ки ин зан эҳтимол қурбонии "куштори номусӣ" шудааст. Изҳорот рӯзи 3 сентябр аз ҷониби пулиси минтақавии вилояти Панҷоб пахш шуд. Самиа Шаҳиди 28-сола моҳи июли соли равон дар Панҷоб дар ҳоле кушта шуд, ки ба дидорбинӣ бо хешонаш омада буд. Пулис мегӯяд, марги ӯ дар пайи бастани роҳи нафас фаро расид. Мухтор Қасам, шавҳари ин зан, гуфт, ҳамсараш барои он кушта шуд, ки бидуни иҷозаи хонаводааш бо ӯ издивоҷ кард. Шавҳари пешини ин зан бо гумони куштор ва падараш бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ин амал боздошт шудаанд. Садҳо зани покистонӣ ҳамасола бо иттиҳоми нақзи меъёрҳои ҷомеаи муҳофизакори Покистон аз ҷониби хешони онҳо кушта мешаванд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Мулоқоти намояндагони Амрико ва Украина дар Арабистони Саудӣ

Қарор аст, ҳафтаи оянда дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ мулоқоти мақомоти Амрико ва Украина баргузор шавад.
Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский ва расонаҳои Fox News ва Axios хабар доданд.
Зеленский гуфт, "тимҳои Украина ва Амрико корро аз сар гирифтанд ва мо умед дорем, ки як суҳбати пурмӯҳтавое барпо мешавад."
"Мулоқот рӯзи 11-уми март баргузор хоҳад шуд," -- гуфтааст шабакаи Fox News.
Иштироки котиби давлатии Амрико Марко Рубио, мушовири Кохи Сафед дар умури амнияти миллӣ Майк Уолтс, фиристодаи вижаи президенти ИМА дар Ховари Миёна Стив Виткоф ва раҳбари дафтари президенти Украина Андрей Ермак дар назар аст.
Талошҳо барои дастёбӣ ба сулҳ ҳадафи асосии мулоқот гуфта мешавад.
Агар нишаст барпо шавад, аввалин вохӯрии намояндагони Вашингтон ва Киев баъд аз суҳбати доғи Владимир Зеленский ва Доналд Трамп дар Кохи Сафед хоҳад буд.
“Ин ҷо Маскав нест!” Ба сафири Русия дар Булғористон чӣ шуд?
Элеонора Митрофанова, сафири Русия дар Булғористон, зери нидои “Ин ҷо Маскав нест” ночор як намоишгоҳи наққоширо дар шаҳри София тарк кунад.
Бахши булғории Радиои Озодӣ навишт, ҳодиса шоми 6-уми март дар ифтитоҳи Намоишгоҳи гурӯҳи Guerrilla Girls (“Духтарони шӯришӣ”) рух дод.
Дар видео дида мешавад, ки як духтар хитоб ба дипломати рус мегӯяд: “Ин ҷо Маскав нест. Ин ҷо Аврупо аст”.
Митрофанова баъди ин гапҳо ба толори дигари намоишгоҳ мегузарад, вале духтар аз паси ӯ рафтан мегирад.
Сипас чанд нафари дигар ба ӯ ҳамроҳ шуда, бо як овоз мегӯянд, “Ин ҷо Маскав нест”. Ба мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, духтар сафирро инчунин “қотил” номидааст. Сафир маҷбур намоишгоҳро тарк кард.
Guerrilla Girls як ҷомеаи занони рассом аст, ки ба табъйиз ва саркӯб дар ҷаҳони ҳунар таваҷҷӯҳ дорад. Ин ҷараён соли 1985 дар шаҳри Ню-Йорк пайдо шуд ва аъзои он одатан бе зикри номашон ҳунари худро ба намоиш мегузоранд.
"Бо корд таҳдид кард." Гаравгонгирӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Алмато

Марде дар Фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон як корманди фурудгоҳро гаравгон гирифт, вале баъд аз чанд дақиқа дастгир шуд. Ҳодиса рӯзи 7-уми март рух дод.
Бахши қазоқии Радиои Озодӣ навишт, шахси гаравгонгир, ки бояд аз санҷиши амниятӣ дар фурудгоҳ мегузашт, ба талаби кормандон вокуниши тунд кард.
Ӯ як маъмури занро аз мӯяш гирифта, дар даст корд таҳдид кард, ки мекушад. Инчунин ба атрофиён ҳушдор додааст, ки наздик нашаванд.
Дар дафтари матбуоти фурудгоҳи Алмато гуфтанд, "марди пархошгаре наздик омад. Кормандон аз ӯ хостанд, ки санадҳояшро нишон диҳад, аммо ӯ як кормандро аз мӯяш гирифта, бо корд таҳдид намуд. Баъди 7 дақиқа мардро дастгир карданд."
Сабаби ҳодиса маълум нест. Полиси нақлиёти фурудгоҳ парванда боз кардааст.
Дар наҷоти маъмури амнияти фурудгоҳ корнамоии Абдураҳим Мӯсои 52-соларо ситоиш мекунанд, ки ҳамон замон ба назди ҳамлагар наздик шуда, ба ӯ пешниҳод кард, занро озод кунад ва ӯро гаравгон бигирад.
Вай, ки барои гусели наздиконаш дар фурудгоҳ қарор доштааст, дар лаҳзаи муносиб кордро аз дасти гаравгонгир гирифт ва худи ӯро ба як тараф тела дод.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев амр дод, ки ба Абдураҳим Мӯсо ҷоизаи давлатӣ дода шавад.
Ҳамла дар як шаҳри Сурия. Куштаҳо ва захмиҳо ҳастанд

Ҷонибдорони Башор Асад, раисҷумҳури сарнагуншудаи Сурия, ба маъмурони пулис дар шаҳри Лозақия ҳамла кардаанд.
Хабаргузогри “Associated Press” бо такя ба мақомоти маҳаллӣ навишт, ки камаш 13 низомӣ кушта шуд. Захмиҳо низ ҳастанд.
Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, дар бораи кушта шудани 16 низомӣ, 28 тарафдори Башор Асад ва се сокини осоишта хабар дод.
Раиси бахши амнияти Лозақия гуфтааст, ҷонибдорони Асад ба чанд гузаргоҳ ва посбонҳо ҳамла карданд. Ӯ бе ироаи ҷузъиёт гуфт, дар ин ҳамла “сарбозони зиёд” кушта ва захмӣ шуданд.
Ба иттилои хабаргузории давлатии Сурия, дар шаҳрҳои Лозақия ва Тартус “соати комендантӣ” эълон шуда, “пулис ба ҷустуҷӯи ҷангҷӯёни Башор Асад сар кардааст”.
Ҳукумати Башор Асад дар моҳи декабри соли 2024 суқут кард. Ҳоло гурӯҳи “Таҳрир аш-Шом” зимоми қудратро ба даст гирифтааст.
Киев ба музокирот дар Арабистони Саудӣ омода мешавад

Пас аз нишасти Брюссел, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ҳимояти қавии раҳбарони Аврупоро гирифт, Киев таваҷҷуҳи худро ба гуфтушуниди намояндагони Украина ва Амрико равона кардааст. Қарор аст, музокирот дар Арабистони Саудӣ гузарад.
Президент Зеленский рӯзи 6-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ӯ низ ба Арабистони Саудӣ меравад, вале шахсан дар музокирот ширкат намекунад.
Тими ӯ “барои ҳамкорӣ бо шарикони амрикоӣ дар Саудӣ хоҳад монд”. Ин кишвар пештар мизбони даври аввали музокироти Амрико ва Русия буд.
Фиристодаи вижаи Амрико Стив Виткофф тасдиқ кард, ки чунин мулоқот дар назар аст ва ҳадафи онро “таҳияи чаҳорчӯби созиши сулҳ” номид.
Вай гуфт, эҳтимол мулоқот дар Риёз ё Ҷидда баргузор шавад, “аммо фикр мекунам, баҳси бузургтар барои мо ... ба даст овардани созиши сулҳ аст.”
Владимир Зеленский гуфт, музокирот бо Иёлоти Муттаҳида баёнгари он аст, ки Украина барои расидан ба сулҳи “зуд ва пойдор” талош дорад ва изҳори умед кард, ки ин мулоқоти боарзише хоҳад буд.
Мухолифин дар Украина интихоботро дар замони ҷанг рад кардаанд

Петро Порошенко ва Юлия Тимошенко, раҳбарони мухолифин дар Украина, баргузории интихоботро дар ин кишвар, ки се сол боз зери ҳуҷуми Русия қарор дорад, рад кардаанд.
Гузориш дар ин бора баъд аз он нашр шуд, ки расонаҳои хабарӣ гуфтанд, мақомоти амрикоӣ гуё пиромуни ин мавзуъ бо онҳо суҳбат доштанд.
Петро Порошенко, раисҷумҳури пешин ва Юлия Тимошенко, сарвазири собиқ, мухолифони бонуфузтарин дар Украина ҳастанд.
Онҳо рӯзи 6-уми март гуфтанд, ки интихобот бояд танҳо пас аз истиқрори сулҳ баргузор шавад.
Дар як изҳороти хатӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, Порошенко тасдиқ кард, ки бо "шарикони амрикоӣ дар тамос буданд".
Вай афзуд, "тими мо ҳамеша мухолифи интихобот дар замони ҷанг буд ва ҳаст."
Юлия Тимошенко ҳам гуфтааст, тими ӯ "бо ҳамаи ҳампаймонҳо, ки метавонанд дар таъмини сулҳи одилона мадад кунанд, гуфтугӯ мекунад", вале афзуд, то расидан ба сулҳ "дар бораи интихобот ҳеч гапе нест".
Талаби Доналд Трамп аз кишварҳои узви НАТО

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз кишварҳои узви НАТО хост, ки харҷи низомии худро бештар кунанд, вагарна ба умеди ёрии Амрико набошанд.
Доналд Трамп рӯзи 6-уми март дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, "агар пул надиҳанд, онҳоро дифоъ намекунем. Бояд пули бештар пардозанд."
Трамп дар даври аввали президентияш таъкид карда буд, ки аъзои НАТО харҷи низомии худро то 2 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилияшон афзоиш диҳанд.
Ҳадди ақал 24 кишвар ин талабро пазируфтанд. Аз он вақт Трамп пешниҳод дорад, ки харҷи низомии аъзои НАТО ҳадди ақал бояд то 5 дарсади ММД-и онҳо афзоиш ёбад.
Танҳо Лаҳистон (Полша) ба ин меъёр наздик мешавад. Эстония ва Литва низ ишора кардаанд, ки хароҷотро афзоиш хоҳанд дод. Бисёре аз кишварҳои узв бовар доранд, ки ин тасмим аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар нест.
Қариб 100 ҳазор низомии Амрико дар Аврупо, асосан дар Олмон, Итолиё ва Бритониё ҷойгиранд.
Додани манзил ба як хонаводаи дигари тоҷикро дар Русия таҳқиқ мекунанд

Кумитаи тафтишотии Тотористон тақдими хона ба як оилаи муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Нижнекамскро таҳқиқ мекунад.
Хабари додани калиди манзил ба хонаводаи Муҳиддин Холзода аз тарафи шаҳрдори Нижнекамск Рамил Муллин рӯзи 3-юми март дар шабакаи "ВКонтакте" нашр шуд. Дар пайи ин хабар сокинони маҳаллӣ кори шаҳрдориро танқид ва таҳқиқи қазияро талаб карданд.
Яке аз корбарон навиштааст, ки "ба муҳоҷирон хона медиҳанду ба худиҳо на".
Корбари дигар бо ёдоварӣ аз ҳамла ба "Крокус", ки дар он асосан шаҳрванди Тоҷикистон гумонзад ҳастанд, хостори барканории онҳое шудааст, ки қарори додани манзилро имзо кардаанд.
Муҳиддин Холзода ва ҳамсараш Малика Тоирова шаҳрванди Русия буда, чаҳор фарзанд доранд. Маълум нест, сарнавишти ин хонавода бо чӣ меанҷомад.
Дар се моҳи охир дафъаи сеюм аст, ки тақдими хона ба зодаҳои Тоҷикистон дар Русия баҳсбарангез мешавад.
Аз ин пеш ба оилаи Акрам Масаидов, зодаи Тоҷикистон, ки чор фарзанд дорад, дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов хона доданд. Гурӯҳҳои марбут ба миллатгароёни Русия дар Телеграм навиштанд, ки "дар Качканар ҳадди ақал 20 хонаводаи камбизоати рус дар навбат ҳастанд", вале "муҳоҷирони дирӯзӣ соҳиби хона мешаванд".
Дар нимаи моҳи январи имсол дар шаҳри Митиши, наздикии Маскав, ба зодаи Тоҷикистон – Таҳмина Самадова – манзили зист тақдим карданд. Дертар мақомоти Русия зери фишори ҷомеа манзилро аз ин оилаи серфарзанд гирифта, онҳоро ба тақаллуб муттаҳам карданд.
Як оилаи дармондаи тоҷик бо кӯмаки муҳоҷирон ба ватан баргашт

Басбӣ Ҳалимбек, зани 27-солаи тоҷик ҳамроҳи шавҳар ва писараш, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бе сарпаноҳ ва бе кору даромад монда буд, бо кумаки муҳоҷирони дигари тоҷик ба Душанбе фиристода шуд.
Дар ин бора худи ӯ ба тарҳи "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ хабар дода, гуфтааст, шаби 4 ба 5-уми март ба Душанбе расиданд.
"Мигрант Медиа" охири моҳи феврал дар бораи ин хонавода гузориш дода буд. Баъди нашри ин гузориш Басбӣ мегӯяд, муҳоҷирон ва шаҳрвандони дигари хайрхоҳ бо онҳо тамос гирифта, дасти кумак дароз карданд.
Басбӣ Ҳалимбек гуфт, аз соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон муҳоҷир буданд ва зимистони имсол, баъди он, ки пойи шавҳари Басбӣ лат хӯрд, онҳо бе кору даромад ва бесарпаноҳ монданд.
Ин зан афзуд, шавҳараш баъди табобат дар Тоҷикистон, пайи ҷустуҷӯи кор мешавад. Ба гуфтаи ӯ, онҳо дигар нияти ба муҳоҷират рафтанро надоранд.
Қазоқистон баъд аз Русия, дувумин кишварест, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро мепазирад. Тоҷикистониҳо дар Қазоқистон асосан таксиронӣ ва дар бозору сохтмон кор мекунанд.
Ҳукми шаллоқи овозхони эронӣ барои даъват ба тарки ҳиҷоб

Дар Эрон овозхоне, ки зидди ҳиҷоб тарона навишт, ҷазо гирифт.
Дар Эрон мақомот ҳукми 74 шаллоқи овозхон Меҳдӣ Яроҳиро иҷро карданд, ки дар таронае духтарону занонро даъват мекунад, ҳиҷобро аз сар бикашанд.
Вакили дифои ӯ Заҳро Минуӣ гуфт, ҳукми шаллоқи овозхон рӯзи 5 март иҷро шуд. Ярроҳӣ августи соли 2023, як сол баъди марги Маҳсо Аминӣ ва шурӯи эътирозҳои бо номи “Зан, зиндагӣ, озодӣ” бо таронааш “Розарито” маъруф шуд.
Январи соли 2024 ӯро барои ин тарона ба ду солу ҳашт моҳи зиндон ва 74 шаллоқ маҳкум карданд, вале дар изҳороти ахираш гуфт, ки ҳукми ӯ сабуктар шуд. Ба ҳимояти Яроҳӣ ва талаби озодии ӯ бисёриҳо дар дохил ва хориҷи Эрон садо баланд карданд.
UNAIDS аз боздошта шудани ёриҳо ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард

UNAIDS ё Барномаи мубориза бо СПИД-и СММ аз боздошта шудани кӯмакҳои Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА (USAID) дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд.
Дар изҳороте, ки 5 март дар саҳифаи ин созмон нашр шуд, омадааст, ки 61 дарсади барномаи миллии мубориза бо вируси заъфи масунияти бадан дар Тоҷикистон аз ҳисоби манбаъҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад.
Аз ин ҳисоб, сармояҳои ҳукумати ИМА тахминан 20% буда, дуюмин азимтарин сармоягузори барномаҳои ин созмон Бунёди глобалии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа (Global Fund to fight AIDS, Tuberculosis and Malaria) дониста мешавад.
Ин созмон, ба таъкиди UNAIDS, 40% тамоми тарҳҳоро маблағгузорӣ мекунад. Саҳми дигар ҷонибҳо ночиз аст, мегӯяд ин ниҳоди СММ.
Барномаи мубориза бо СПИД-и СММ менависад, ҳукумати ИМА шарики калидии барномаҳои ин созмон аст ва ёриҳои он, аз ҷумла, барои тақвияти кори озмоишгоҳҳо, огоҳонидани мардум аз василаҳои пешгирии олудашавӣ ба ин сироят, ҷамъоварии маълумот ва ҳам таъмини ҳамгироии гирифторони вируси заъфи масунияти бадан бо ҷомеа бисёр муҳим мебошад.
Ёриҳои ҳукумати ИМА, ба навиштаи UNAIDS, барои фаъолияти созмонҳои мадании машғули мубориза бо СПИД ҳам бисёр муҳим аст. Боздошта шудани сармояҳои USAID ба кори созмонҳои ҷамъиятӣ таъсири ҷиддӣ хоҳад гузошт.
USAID оҷонсии мустақили ҳукуматии Амрико аст, ки соли 1961 аз ҷониби Конгресс ташкил шуда, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон амал мекард. Дар давоми беш аз сӣ соли истиқлолияти ИМА тавассути ин созмон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 2 миллиард доллар кӯмак кардааст.
Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, баъди боздошта шудани ироаи ёриҳои ин оҷонсӣ бояд дар фикри пайдо кардани сармояҳои нав шаванд.
Додгоҳи олии ИМА қарори масдуд кардани $2 млрд пулҳои USAID-ро бекор кард

Додгоҳи олии ИМА дархости маъмурияти президент Доналд Трампро дар бораи масдуд кардани 2 миллиард доллар маблағ барои пардохти пули тарҳҳои аллакай иҷрошудаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) рад кард.
Аз ин пеш додгоҳи федеролии Вашингтон ҳам қарор кард, ки дархости маъмурияти президент оид ба боздошта шудани ин маблағҳо қонеъ нашавад ва пулҳо бояд то 26 феврал фиристода шаванд.
Дафтари Трамп аз болои ин қарор ба Додгоҳи олӣ шикоят карда буд. Қарори додгоҳи федеролиро дар Додгоҳи олӣ панҷ додрас, аз ҷумла ду додраси ҷумҳурихоҳ ҳам дастгирӣ карданд.
Дар поёни моҳи феврал маъмурияти Доналд Трамп қарор кард, ки ироаи беш аз 90% кӯмакҳои хориҷии ИМА тавассути USAID боздошта шавад.
Ҳаҷми пулии ин ёриҳо 57 миллиард долларро ташкил медиҳад, гуфта шудааст дар санадҳои додгоҳӣ. USAID оҷонсии мустақили ҳукуматии Амрико аст, ки соли 1961 аз ҷониби Конгресс ташкил шуда, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон амал мекард.
Дар Брюссел 800 миллиард евро кӯмакҳои дифоии Аврупо баррасӣ мешавад

Рӯзи 6 март президенти Украина Владимир Зеленский дар ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо иштирок мекунад.
Ӯву раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел нақшаи додани 800 миллиард евро маблағро барои тақвияти саноати дифоии Аврупо, беҳтар кардани иқтидори ҳарбӣ ва ироаи ёриҳои изтирории низомӣ ба Украина дар шароити боздошта шудани ёриҳои Амрико баррасӣ хоҳад кард.
Ҷаласаи имрӯза дар ҳоле барпо мешавад, ки садри аъзами ояндаи Олмон Фридрих Мертс ба боло бурдани иқтидори низомии кишвараш даъват карда президенти Фаронса Эмманэл Макрон ҳушдор дод, ки таҷовузи Русия бо хоки Украина тамом намешавад ва Париж хостори тавсеаи “чатри ҳастаиаш” ба кишварҳои дигари аврупоӣ мебошад. Макрон дар суханронии телевизиониаш дар остонаи нишаст гуфт, “мехоҳам умедвор шавам, ки ИМА дар канори мо хоҳад буд. Вале бояд омода бошем, ки метавонад чунин нашавад”.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо тарҳи ҳадафҳои нишаст шинос шуд ва дар он таъкид шудааст, ки ҳамоиш бо мақсади ҷудо кардани маблағҳои ҳадди аксар зиёд барои кишварҳои узви ИА бо мақсадҳои дифоӣ баргузор мешавад.
Даргузашти писари Лоиқ Шералӣ - АП

Имрӯз дар Душанбе, дар синни 54-солагӣ Ромиш Шералӣ - писари Лоиқ Шералӣ, шоири маъруфи тоҷик даргузашт. Дар ин бора хабаргузории "Азия Плюс" иттило дода навиштааст, ки хабари даргузашти ӯро бародараш Диловар Шералӣ тасдиқ кард.
Ӯ гуфтааст, ки Ромиш солҳои охир аз дарди дил азият мекашид ва дар шифохонаҳои Душанбе таҳти муроқибати табибон қарор дошт.
“Субҳи имрӯз хестанд, бо пайвандон суҳбат карда, гуфтанд, ки саломатиашон хуб нест. Гуфтанд, ки каме хоб мекунам. Пас аз чанд соат дар рахти хоб дар хона ҷон доданд”, - гуфтааст Диловар Шералӣ ба "Азия Плюс".
Ромиш писари дуюми Лоиқ Шералӣ буд ва дар нашриёти “Адиб” фаъолият кардааст.
Соли 2016 дар як мусоҳибаи ихтисосиаш бо Радиои Озодӣ ба муносибати зодрӯзи падар, Ромиш Шералӣ гуфта буд, ки дар сари таҳияи "Куллиёт"-и ашъори падар кор кардаву "то ҳадде, ки қувватам расид ва имкони таҳрир доштам, то андозае метавон гуфт, ҳамаи шеърҳояшро ворид кардам". Он замон ӯ аз идомаи кор дар самти ҷамъовариву нашри ашъори падар хабар дода буд.
Ба саволи ин ки оё бо падараш ифтихор мекунад, гуфта буд: "Албатта! Чаро ифтихор надошта бошам? Устод Лоиқ мояи ифтихори натанҳо ман, балки мояи ифтихори тамоми миллат аст."
Иҷлосияи аввали порлумон 19 март баргузор мешавад

Иҷлосияи якуми порлумони мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 19-уми март баргузор мешавад. Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 март фармон содир кард.
Дар фармон аз ҷумла омадааст, "Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 19 марти соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад".
Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор шуд. Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, дар интихоботи рӯзи 2-юми март 85,3 дарсади интихобкунандаҳо овоз додаанд.
Ин интихобот бе ҳузури намояндагони мухолифон, нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва баъзе аз расонаҳои мустақили дохилӣ ва байнулмилалӣ баргузор шуд.
Ин интихоботи ҳафтуми порлумонӣ аз замони истиқлоли Тоҷикистон аст. Созмону кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамеша интихоботҳоро дар кишвар дурусту қонунӣ шумурдаанд.
Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR)-и САҲА ҳеч корзори сиёсиро дар Тоҷикистон мутобиқ ба меърёҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф надонистааст.
Маҷлиси Намояндагон аз 63 курсӣ иборат аст. Дар интихоботи порлумонии рӯзи 2-юми март дусад кас, асосан намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва панҷ ҳизби дигари рӯ ба ҳукумат, вориди корзор шуданд. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки қаблан созмони мухолиф номбар мешуд, на анҷуман орост ва на номзад пешниҳод кард. Далелаш ҳам маълум нест.
Ҳамлаи Русия ба Одесса бо мушаку паҳпод. Як нафар кушта шудааст

Бар асари ҳамлаи Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба вилояти Одесса як сокини 77-солаи рустои Лиманка ҷон бохтааст.
Дар ин бора раиси маъмурияти низомии вилоят, Олег Кипер, рӯзи 5-уми март хабар дод.
Ба иттилои ӯ, дар атрофи Одесса чанд хона вайрон шуда, дар маркази вилоят, шаҳри Одесса, зербунёдҳои муҳим осеб дидаанд.
"Бахше аз шаҳри Одесса бе барқ, об ва гармӣ монд," -- афзуд ӯ.
Нерӯҳои Русия бо мушаки дурпарвоз ноҳияи Белгород-Днестровскийро дар вилояти Одесса низ нишон гирифтаанд. Кипер гуфт, дар онҷо як бинои истироҳатгоҳ пурра вайрон шуд.
Вазорати корҳои дохилии Украина зарари расидаро аз зарбаҳои Русия "густурда" донистааст.
Расонаҳои давлатии Русия низ дар бораи "таркишҳо дар Одесса" навиштанд, вале бе ёдоварӣ аз он ки ин ҳодисаҳо бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Маскав рух доданд.
Боздошти як кас барои даъват ба сӯзондани "военкомат" дар Русия

Хадамоти Федеролии Амнияти Русия ё ФСБ хабар дод, ки як сокини Екатеринбургро бо иттиҳоми даъват ба оташ задани комиссариати ҳарбӣ дастгир кард.
Хабаргузории расмии ТАСС видеои маъзаратхоҳии ӯро нашр кард, аммо маълум нест онро таҳти чӣ шароит ба навор гирифтаанд.
Ба зидди ин сокини Екатеринбург бо иттиҳоми даъват ба терроризм парванда боз шудааст.
"Медиазона" маълум кард, ки боздоштшуда Маркус Мур аст ва 24 сол дорад.
Замони боздошташ маълум нест, вале саҳифааш дар шабакаи "ВКонтакте" бо талаби Додситонии кулли Русия дар моҳи августи соли 2024 баста шудааст.
Ба гузориши "ОВД-Инфо", аз оғози ҳуҷуми Русия ба Украина бо иттиҳоми даъват ба терроризм алайҳи 262 кас парванда кушодаанд. Ҷазои ҳадди аксар аз рӯи ин иттиҳом ҳафт сол зиндон аст.
Лукашенко: Мунтазири Трамп ва Путину Зеленский ҳастам

Александр Лукашенко, раҳбари Беларус, дар суҳбат бо блогери амрикоӣ Марио Науфалу гуфт, омода аст, ки дар Минск мизбони гуфтушуниди президентҳои Русия, Украина ва Амрико бошад, вале омода нест, миёнравӣ кунад.
"Бинобар ин, ба Доналд Трамп расонед, ки ман ӯро ҳамроҳи Владимир Путин ва Владимир Зеленский дар инҷо мунтазирам. Менишинем ва оромона созиш мекунем," – гуфт Лукашенко.
Раҳбари худкомаи Беларус афзудааст, "аҳсан ба Трамп, ки хоҳони поён додан ба ҷанг дар Украина аст. Дар ин масъала ман омода ҳастам дар як саф бо ӯ ҷой гирам."
Сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков гуфт, имкони мулоқоти Путин, Трамп ва Зеленский дар Минск ҳанӯз баррасӣ нашудааст.
Александр Лукашенко дар мусоҳибааш ҳамчунин гуфт, Евгений Пригожин, раҳбари пешинаи ширкати муздурии "Вагнер" ҳангоми ошӯб дар тобистони соли 2023 мехост, силоҳи ҳастаӣ дошта бошад.
Ба гуфтаи Лукашенко, вай тавонистааст Пригожинро бовар кунонад, ки ба ҳадафҳояш намерасад ва сипас нерӯҳои "Вагнер", ки ба тарафи Маскав мерафтанд, ба қафо баргаштанд.
Лукашенко гуфт, барои қатъи ошӯби Пригожин дар Русия аз ҷониби намояндагони CIA, MI6 ва идораҳои дигари истихборотии ғарбӣ ба таври хусусӣ ситоиш шудааст. Вале ӯ дар мусоҳиба барои тасдиқи суханонаш ҳеч далел наовард.
Додситони нав хостааст, аз шеваҳои ғайриқонунии даъват пешгирӣ шавад

Фирдавс Ҳаётзода, додситони нави ҳарбии Тоҷикистон, хостааст, ки аз шеваҳои ғайриқонунии ҷалби сарбозон ба артиш пешгирӣ шавад.
Бино ба хабари Вазорати дифои Тоҷикистон, Ҳаётзода дар ин бора рӯзи 3-юми март дар ҷаласае бо ҳузури муовини сарвазир ва раиси Кумисюни даъват Дилрабо Мансурӣ ва вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода суҳбат кард.
Вай афзудааст, барои ин, "пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, коҳиши сатҳи ҳама гуна ҷиноят ва диққати аввалиндараҷа ба сифати даъвати шаҳрвандон" зарур аст.
Дар Тоҷикистон соле ду дафъа – дар баҳор ва тирамоҳ – маъракаи ҷалби ҷавонон ба артиш сурат мегирад. Солҳост, ки ин маърака бо хабари “сарбозшикор” (облава) ё бо зӯр ба артиш ҷалб кардани ҷавонон ҳамроҳ аст.
Баъзе аз волидон соли гузашта шикоят карда буданд, ки мақомот ба онҳо бо ҳар васила фишор меоранд, то фарзандони муҳоҷир ё донишҷӯйи худро барои рафтан ба артиш аз Русия ба Тоҷикистон баргардонанд.
Бархе далели фирор аз артишро ба шароити нохубу "дедовишина" ва марги мармузи баъзе аз сарбозон пайванд медиҳанд.
Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми ноябри 2024 дар бораи марги Ботир Эргашев, сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбонӣ, дар қисми низомӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гузориш дод. Мақомот ҳангоми супоридани ҷасади ӯ ба волидонаш гуфтаанд, “худкушӣ кард". Падараш иддао дорад, ки дар бадани ҷавон осори латукӯб буд.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ дар гузорише гуфтааст, дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 нафар аз беморӣ фавтиданд".
Духтарони тоҷик бозиро ба қирғизҳо бохтанд

Дар шаҳри Душанбе 4-уми март мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 байни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-сола оғоз ёфт, ки то рӯзи 8-уми март идома хоҳад кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-солаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок доранд.
Дар даври якуми мусобиқа 4-уми март дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро дар дақиқаи панҷуми бозӣ Сумая Маҳмадсолиева, бозигари қирғизҳо, ба дарвозаи мизбонон зад. Дар бозии дигари даври якум мунтахаби Узбекистон тими Эронро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби духтарони Қирғизистону Узбекистон бо сеимтиёзӣ дар ҷадвали мусобиқа пешсаф шуданд.
Мусобиқа аз рӯйи системи даврӣ дар як давра сурат мегирад, яъне ҳар як даста се бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз ҳама бештар имтиёз ба даст меорад, ғолиби мусобиқа мегардад.
Бозиҳои даври дуюми мусобиқа рӯзи панҷшанбеи 6-уми март байни дастаҳои Қирғизистон - Эрон ва Узбекистон - Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Барои духтарони футболбози тоҷик иштирок дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-17) ба ҳисоб меравад, ки аз 9-ум то 17-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд.
Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA)-2025 байни дастаҳои мунтахаби духтарони то 17-сола:
Иштирокдорон:
Тоҷикистон
Эрон
Узбекистон
Қирғизистон
Даври якум
4-уми март (сешанбе)
Эрон – Узбекистон – 0:1
Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:1
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Тӯбҳо |
И |
1 |
Қирғизистон |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
2 |
Узбекистон |
1 |
1 |
0 |
0 |
1-0 |
3 |
3 |
Тоҷикистон |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-1 |
0 |
4 |
Эрон |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-1 |
0 |
Даври дуюм
6-уми март (панҷшанбе)
12:00 – Қирғизистон - Эрон
15:00 – Узбекистон - Тоҷикистон
Даври сеюм
8-уми март (шанбе)
12:00 – Узбекистон - Қирғизистон
15:00 –- Тоҷикистон - Эрон
Арабистони Саудӣ аз Тоҷикистон коргар меҷӯяд

Як ширкат аз Арабистони Саудӣ мехоҳад корҷӯёни тоҷикро ба кор ҷалб намояд.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ширкати "Арко"-и саудӣ хоҳишмандонро ҳамчун пешхизмат дар ин кишвар ба кор ҷалб карданист.
Манбаъ мегӯяд, музди меҳнат дар ҳаҷми 2500 риёл, баробар ба 7 ҳазор сомонӣ буда, довталабон баъди суҳбат бо намояндаи "Арко", ба кор гирифта мешаванд.
Синну соли аз 21 то 35 сола, донистани забонҳои англисӣ ва арабӣ дар сатҳи муошират ва надоштани доғи судӣ, талаботҳоест, ки барои довталабон пешбинӣ шудааст.
Зубайдулло Саидов, намояндаи "Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, раводиди кории 2-сола, се вақт хурок ва ҷои хоб аз сӯи корфармо таъмин мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, хоҳишмандон новобаста аз ҷинсият ба кор гирифта шуда, дар шаҳрҳои гуногуни Арабистони Саудӣ ба ҳайси пешхизмат кор мекунанд.
Манбаъ таъкид намуд, ки ҷалби корҷӯёни тоҷик бар асоси ёддошти тафоҳум байни ду кишвар сурат мегирад ва дар назар аст то 20 ҳазор корҷӯи тоҷик дар бахшҳои гуногуни хидматрасонӣ дар шаҳрҳои гуногуни Арабистони Саудӣ ба кор ҷалб гарданд.
Мақомоти Тоҷикистон солҳост талош доранд, ки роҳи муҳоҷирони тоҷик ба ҷуз аз Русия, ба кишварҳои дигар ҳам боз шавад.
Тибқи омори расмӣ, бештари муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва як қисми дигар барои кор ба Қазоқистон мераванд.
Таъйини даҳҳо додрасу раисони додгоҳҳо дар Тоҷикистон

Даҳҳо додрасу раисони додгоҳҳоро дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дигар карданд.
Фармон дар ин бора рӯзи 4-уми март имзо шуд.
Сабаби тағйирот дар додгоҳҳо поёни ваколат, гузаштан ба кори дигар ва бознишастагӣ будааст.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, ки 65 кас бори аввал ба мақоми додрас таъйин гардиданд.
Додрасҳо дар Тоҷикистон бо фармони президент таъйину барканор мешаванд ва танқидҳо зиёданд, ки зимни интихоби онҳо лаёқат ва донишҳо ба қадри кофӣ ба эътибор гирифта намешавад. Вебсайти президент рӯзи чоруми март онҳоро "кадрҳои ҷавону корозмуда" навишт.
Дар даҳ соли гузашта нисбат ба 107 нафар, аз ҷумла 45 додрас, муовинон ва раисони додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо, бо гумони ришвахорӣ, қаллобӣ ва фаро рафтан аз ваколат парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар Тоҷикистон беш аз чорсад додрас кор мекунад.
Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Русия дармондаанд

Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар гузаргоҳи “Жайсан” дар сарҳади Қазоқистон бо Русия дармондаанд.
Чанд муҳоҷири тоҷик рӯзи 4-уми март бо фиристодани навор гуфтанд, ки чор рӯз боз дар шароити сахте қарор доранд.
Яке аз ин муҳоҷирон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, марзбонони қазоқ ба онҳо гуфтаанд, дархости Русия аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро роҳ надиҳанд.
Ба гуфтаи муҳоҷирон, теъдоди тоҷикони дармонда “ба беш аз сад нафар мерасад”.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд.
Аксари ин муҳоҷирон ба воситаи мусофирбар ва мошин талоши рафтан ба Русияро доштаанд. Маъмулан, муҳоҷироне бо роҳи заминӣ ба Русия мераванд, ки пули камтар доранд ва сафар бо автобусу мошинро арзонтар медонанд.
"То 500 миллион доллар." Нақшаи нави Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мегӯянд, ки дар фикри “эҳё ва рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ” ҳастанд.
Намояндагони ду тараф изҳори умед кардаанд, ки то соли 2030 “додугирифт то 500 миллион доллар” расонда хоҳад шуд.
Ин нақшаҳо рӯзи 4-уми март ҳангоми мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар дар шаҳри Душанбе садо додааст. Ҳайати Қирғизистонро нахуствазир Одилбек Қосималиев раҳбарӣ мекунад.
Мақомот дар Тоҷикистон ҷузъиёт намедиҳанд. Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки мулоқоти сарвазирони ду кишвар – Қоҳир Расулзода ва Одилбек Қосималиев – дар “шакли маҳдуд” барпо шуд ва баъди ин нашасти васеи аъзои ҳукуматҳо доир гардид.
Ба навиштаи ҳукумати Қирғизистон, Қосималиев “ба авлавияти рушди муносибатҳои хуб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон” таъкид ва “саломи гарму ҷӯшони президент Содир Ҷабборов ба Эмомалӣ Раҳмон”-ро расондааст.
Дар суҳбати ду сарвазир "ҳадафи умумии то соли 2030 то ба сатҳи 500 миллион доллар расонидани додугирифтҳои тиҷоратӣ" баён шудааст. Қосималиев гуфтааст, ки кишвараш омода аст барои ба бозори Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баровардани маҳсулоти Тоҷикистон мусоидат кунад.
"Ба аҳамияти роҳандозии ҳарчи зудтари тарҳи CASA-1000 ва эҳёи парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон таъкид шудааст”, -- омадааст дар изҳороти расмии Бишкек.
Мулоқот дар пасманзари созиши муҳими Душанбе ва Бишкек дар мавриди таъйин ва нишонагузории сарҳади ду кишвар сурат гирифтааст. Созиш баъд аз ду муноқишаи хунин дар солҳои 2021 ва 2022, ки аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт, роҳро ба эҳёи муносибатҳои хуб ҳамвор мекунад.
Муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон дар чор соли гузашта ба поинтарин сатҳ расида буд. Интизор меравад, ки ҳафтаҳои наздик президентони Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи марзиро имзо кунанд.
Омори расмӣ мегӯяд, баъди хушунатҳои соли 2021, додугирифти байни ду ҳамсоя беш аз се баробар кам шуд. Агар соли 2020 ин нишондод 37 миллион долларро ташкил медод, соли 2023 он то 12 милилон доллар поин омад.
Бино ба маълумоти омори Тоҷикистон, 93 дарсади додугирифтҳои байни ду ҳамсояро содироти маҳсулот аз Қирғизистон ташкил медодааст.
"Бо нерӯи барқ шиканҷа шуда, базӯр аз ҷой мехест"

Виктория Рошина, хабарнигори украинӣ, ки дар асорати нерӯҳои Русия ҷон бохт, қаблан дар бораи бо нерӯи барқ шиканҷа шуданаш шикоят кардааст.
Дар ин бора дар филми таҳқиқотие хабар дода шуд, ки чанд созмону расона, аз ҷумла тарҳи "Слидство.Инфо" ва Гузоришгарони Бидуни Марз, омода намуданд.
Яке аз ҳамроҳони Рошина дар Боздоштгоҳи зери итоати нерӯҳои Русия бо шарти фош нашудани номаш гуфтааст, "вай аз дарди меъдаву табларза ҳам шикоят дошт; то 30 кило вазнашро гум карда буд ва базӯр аз ҷой мехест."
Виктория Рошинаи 27-сола хабарнигори озод буд ва барои бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ низ гузориш медод. Дар моҳи августи соли 2023 дар як минтақаи таҳти тасарруфи Русия дар Украина бедарак шуд.
Марги Виктория Рошинаро дар моҳи октябри соли 2024 тасдиқ карданд, вале то ҳанӯз ҷасади ӯ ба пайвандонаш дода нашудааст.
Рошина аз аввал ҳуҷуми Русияро ба Украина бозтоб медод. Дар моҳи марти соли 2022 дар Бердянски ишғолшуда аз тарафи нерӯҳои ФСБ-и Русия дастгир ва баъд аз даҳ рӯз раҳо гардида буд. Он замон барандаи ҷоизаи International Women's Media Foundation шуд.