Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасам ба номи... Савганди вазирону вакилон чӣ медиҳад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асоси тағйироти пешниҳодӣ ба Қонуни асосии Тоҷикистон, аъзои ҳукумат бояд пеш аз иҷрои вазифа ба номи президент ва вакилони парлумон ба номи мардум савганд ёд кунанд.

Савганди аъзои ҳукумат ба президент меъёри нав дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон дониста мешавад, ки рӯзи 22 май ба райъпурсии умумихалқӣ гузошта хоҳад шуд. Дар сурати ҷонибдории сокинон аз ин лоиҳаи тағйиру иловаҳо савганди аъзои ҳукумат ба президент ҳатмӣ хоҳад шуд.

"Савганд масъулиятро бештар мекунад"

Муаллифони ин тарҳ мегӯянд, ки савганд садоқат ва эҳсоси масъулиятро боло мебарад. Бахтовар Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон ва яке аз муаллифони лоиҳаи тағйиру илова ба Конститутсияи Тоҷикистон мегӯяд: "Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷониби халқ интихоб мешаванд ва моҳиятан онҳо ба номи мардум савганд ёд мекунанд. Аъзои ҳукумати Тоҷикистон ба сарвари ҳукумати иҷроия, яъне ба президенти Тоҷикистон савганд ёд мекунанд. Ин меъёрҳо дар таҷрибаи аксари давлатҳо вуҷуд дорад, чунки ин як шакли бештар кардани масъулият аст. Савганд масъулиятро бештар хоҳад кард."

Савганди вазирону вакилон чӣ медиҳад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00

Ин меъёрҳои нав дар моддаҳои 49 ва 73-и лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ зикр шудааст, вале ҳоло маълум нест, ки вакилони парлумон ба мардум ва аъзои ҳукумат ба президенти Тоҷикистон ба кадом шева савганд ёд мекунанд. Бахтовар Сафаров мегӯяд, пас аз 22 май, вақте мардум ба тарафдории ин тағйиру иловаҳо раъй доданд, он гоҳ дар қонун дар бораи ҳукумати Тоҷикистон ва қонун дар бораи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тағийр ворид шуда, тартиби савганд муқаррар хоҳад шуд.

Муаллифони тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон мегӯянд, ки ин меъёр дар аксар ҷомеаҳои демократӣ маъмулӣ буда, масъулияти мансабдоронро дар иҷрои вазифаҳояшон бештар мекунад.

Абдуазими Абдуваҳҳоб
Абдуазими Абдуваҳҳоб

Абдуазими Абдуваҳҳоб, рӯзноманигори тоҷик низ мегӯяд, ки дар аксар кишварҳои дунё вакилон ба номи мардум қасам мехӯрданд, аммо гумон аст, ки дар ягон кишвари дунё аъзои ҳукумат ба номи президент савганд ёд кунанд.

"Таҷрибаи савганд ёд кардан дар бисёр кишварҳо маъмул аст, аммо на ба шахси президент, тавре ки дар ин лоиҳа зикр шудааст. Институти президент, давлату миллат муқаддас буда метавонад, аммо шахси президент муқаддасот буда наметавонад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло дар бораи садоқатсолорӣ ҳарф зиёд аст. Имрӯз мехоҳанд, садоқатсолориро як меъёри конститутсионӣ кунанд. Яъне бояд ба президент бояд садоқат дошта бошанд, на ин ки ба арзишҳои милливу давлатӣ,” - гуфт Абдуазими Абдуваҳҳоб.

Ҳукми қасамхӯрда

Савганд ёд кардан ва ё ба касе савганд додан дар ҷомеаи Тоҷикистон аҳамият дорад. Мардум бештар ба ҳарфе эътимод мекунанд, ки агар гӯяндаи он қавли худро бо қасам мустаҳкам кунад.

Рӯзигул Саидамирова, директори китобхонаҳои ноҳияи Дарвоз мегӯяд, аз таҷриба мушоҳида кардааст, ки ҳар нафаре савганд мехӯрад, бо масъулияти бештар корашро анҷом медиҳад: ​"Шоҳиди қасамхӯриҳои президенти кишвар будем. Бубинед, ҳар қасаме, ки президент хӯрданд, онро иҷро карданд. Ин ҳама ободиҳое, ки ҳоло дар кишвар мебинем, натиҷаи ҳамон савганд ва аҳди президент ҳангоми президент шуданашон аст."

Савганд масъулияти бузургест, ки агар иҷро нашавад, қавлдиҳанда эътимоди атрофиёнро гум мекунад ва ҳарфаш беаҳамият мешавад.

Мадина, як духтари 25-сола мегӯяд: "Одаме, ки гапи рост мегӯяд, қасам намехӯрад. Ба фикри ман қасам хӯрдан зарурат надорад, агар мо дар амал корро дуруст анҷом бидиҳем. Бисёр дидаам, ки мансабдорон қасам мехӯрданд, то мардум боварашон кунанд. Одамони оддӣ қасам камтар мехӯранд."

Расул, донишҷӯи 22-сола: "Вақте одам савганд мехӯрад, барои шарманда нашудан ба савгандаш меистад ва корро тамом мекунад."

Вале ба ақидаи Азиз, сокини 43-солаи шаҳри Душанбе, "савганд масъулиятро паст мекунад, на баланд. Савганд ин аслан худаш дурӯғ аст ва одаме, ки савганд мехӯрад, дурӯғгӯст. Ҳоло ҳама ҷо савганд аст ва касе гапи рост намегӯяд."

Меъёри савганд хӯрдани аъзои ҳукумат ба президент ва савганди вакилони парлумон ба мардуми Тоҷикистон ҷузъе аз 41 тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон аст, ки қарор аст, 22 май аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шавад.

Аммо ду бахши асосии ин тағйирот моддаҳои марбут ба интихоботи президентии кишвар аст, ки синни ҳадди ақали номзадро аз 35 ба 30 пойин оварда, ба Рустами Эмомалӣ – писари президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, номзадиашро дар интихоботи навбатии соли 2020 пешбарӣ кунад. Вале тағйироти дигар ба Қонуни асосӣ ба худи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои миллат ҳаққ медиҳад, ки бидуни маҳдудият дар интихоботҳои президентӣ ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG