Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил пешниҳод кардааст, аз барандагони тӯй ҳам андоз ситонанд


Як вакили парлумони Қирғизистон ба мақоми давлатии кишвар пешниҳод кардааст, ки аз овозхонҳову барандагони тӯй ҳам андоз биситонанд.

Дар Қирғизистон ҳоло ин мавзӯъ доғ шудааст, ки чигуна аз овозхонҳо ва барандагони тӯю шабнишиниҳо андоз биситонанд. Норинбек Молдобоев – вакили парлумони Қирғизистон ё Жогорку Кенеш гуфтааст, ҳарчанд овозхонҳову барандагон даромади бештар доранд, аммо то кунун андоз ё молиёт пардохт намекунанд.

Онҳое, ки рӯзии худро аз гарм кардани тӯю маъракаҳои мардум ба даст меоранд, ин пешниҳоди вакилро ба боди танқид кашидаанд. Олтин Қамчиев, барандаи номӣ дар Қирғизистон, ки собиқаи кории 10-сола дорад, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, тӯй ин маъракаи мавсимист ва дар кам маврид овозхонҳову барандагон соҳиби маблағи зиёд мешаванд.

"Дар баъзе моҳҳо тамоман кор намекунем ва баъзан мешавад, хуб кор мекунем. Агар кору даромад набошад, барои чӣ патент бигирам? Агар патент гирем ҳам, ҳеч кас онро аз мо намепурсад. Танҳо вақте сари кормандони андоз ба дард медарояд, шояд дар ҳамон ҳолат аз мо патент пурсанд. Дар мавриди ин пешниҳоди вакили парлумон танҳо чунин гуфта метавонам, ки онҳо кӯри худу бинои дигаронанд,"--афзудааст Қамчиев.

Ба андешаи овозхон Сиймик Бейкишев ин тасмим авомфиребие беш нест: "Як замон ба яке аз шахси пиронсол даъватнома омадааст, ки бояд ба ҷанг равад. Сокинони деҳа ба ӯ гуфтаанд, чӣ зарурат ҳаст, ба ҷанг биравӣ? Марди кӯҳансол дар ҷавоб гуфтааст, вақте пиронро ба ҷанг даъват мекунанд, маълум мешавад, вазъи кори Сталин бад шудааст. Аз ин иқдом чунин фаҳмидан мумкин аст, ки вақте депутатҳо ба фикри даромади мо афтодаанд, вазъи буҷаи давлат бад шудааст."

Аммо Норинбек Молдобаев, вакили парлумони Қирғизистон, аз мақомоти давлатии ин кишвар хостааст, аз овозхонҳо ва барандагоне, ки дар маъракаҳои гунонун хидмат мекунанд, андоз бигиранд. "Дар Қирғизистон чунин нафарҳое зиёд ҳастанд, ки кор мекунанд, аммо андоз намесупоранд. Барои мисол, овозхонҳо ва барандагонро мегирем. Дар Қирғизистон дар як рӯз наздики 100 тӯй доир мешавад. Хидмати барандагон 700 доллар аст, яъне дар як рӯз 700 доллар маблағ ба даст меоранд. Мо метавонем, ақаллан 10 фисади онро ба буҷети давлатӣ биёрем?"--суол гузоштааст вакили Жокоргу Кенеш.

Молдобоев аввалин нафаре нест, ки аз даромади "ҳангуфт"-и сарояндагону барандаҳо дар кишвараш ҳарф мезанад. Пештар ба тарифи ягона шомил шуданро вакили дигари қирғиз Қурмонтой Абдиев пешниҳод карда буд.

Дар Қирғистон барандаҳову овозхонҳо ҳаққи хидмати худро аз 200 то 2000 доллар мегӯянд. Ягон мақомот намедонад, ки чӣ теъдод аз ин оовзхонҳову барандагон дар асоси патент кор мекунанд. Ташаббуси ситонидани андоз аз ҳунармандонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба баҳс кашидаанд. Депутати шаҳри Норин Эрлан Аскаров дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст: "Пардохти онҳо ҳатмист. Барои чӣ нафароне, ки хуни ҷигар шуда кор мекунанд, андоз месупоранду онҳо не? Ҳунармандон маблағҳоро бо роҳи осон дар тарабхонаҳо ба даст меоранд, ки бояд дар навбати худ андози давлатро супоранд. Ин фаъолияти соҳибкорӣ аст ва дар бисёр давлатҳо аз ин гуна фаъолиятҳо андоз ситонда мешавад."

Дар ҳамин ҷо бисёриҳо савол гузоштаанд, ки кӣ ва ба кадом тарз ин иқдомотро назорат мекунад? Муовини вазири фарҳанг, иттилоот ва ҷаҳонгардии Қирғизистон Бахтибек Секимов низ аз ин ташаббус ҳимоят карда, аммо гуфтааст, "бо пешниҳоди депутат мувофиқам. Аммо ба кадом тарз ин ҷараёнро назорат мекунем? Кӣ, дар куҷо, чанд пул дод. Чӣ хел мо ба ин саволҳо ҷавоб пайдо мекунем? Ҳоло тӯйҳо бисёранд. Киро мо тафтиш мекунем? Ба кӣ савол медиҳем: чӣ қадар ба баранда пул додӣ? Сароғоз, бояд ба қонунгузорӣ ислоҳот ворид гардад?"

Ин дар ҳолест, ки бештари коршиносони қирғиз мегӯянд, дар кишварашон то ҳоло бисёре аз соҳибкорон андоз пардохт намекунанд ва ин ҳам ба гуфтаи онҳо натиҷаи назорати нодурусти давлатист. Дар Тоҷикистон низ овозхонҳову барандагон ва ҳатто наворбардони тӯй барои фаъолияташон патент мегиранд. Ҳоло патент барои сурудхонӣ дар тӯю маъракаҳо 601 сомонӣ ва барои ба иҷора додани либоси тӯёна 490 сомонӣ арзиш дорад. Наворбардорҳо низ, агар бихоҳанд аз тӯю сӯри мардум чизе барои худ кор кунанд, бояд ба 200 сомонӣ патент бигиранд.

XS
SM
MD
LG