Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбдоркунанда: Ба З.Раҳмонӣ ҷазои сабуктар таъйин кунед


Акс аз соли 2009
Акс аз соли 2009

Ҳуқуқшиноси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ эҳтимолан аз рӯи моддаи 63 Кодекси ҷиноӣ ба то 5 соли зиндон маҳкум шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи олӣ хостааст дар нисбати Зарафо Раҳмонӣ узви боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ҳуқуқшиноси ҳизб ва танҳо зан дар миёни айбдоршавандаҳо моддаи 63 Кодекси ҷиноӣ, яъне “Таъини ҷазои сабуктар нисбат ба ҷазое, ки барои ин ҷиноят пешбинӣ шудааст” татбиқ шавад.

Наздикони боздоштшудаҳои аъзои ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон рузи 13 май ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар вақти аз додгоҳ талаби ҷазо кардани айбдоркунандаи давлатӣ Луқмонов аз раёсати мурофиаи Додгоҳи олӣ талаб кардааст, ки дар нисбати Зарафо Раҳмонӣ банди аввали моддаи 63 кодекси ҷиноӣ, яъне “дар ҳолати мавҷуд будани ҳолатҳои мустаснои вобаста бо мақсаду ниятҳо, нақши гунаҳгор, рафтори ў ҳангоми содир намудани ҷиноят ё пас аз он ё ҳолатҳои дигаре, ки дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятро хеле кам мекунанд ва ҳамчунин дар ҳолати мусоидати фаъолонаи иштирокчии ҷинояти гурўҳӣ барои ошкор намудани ҷинояти содирнамудаи гурўҳ, мумкин аст ҷазо аз ҳадди поёнии дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида камтар таъин карда шавад ё суд метавонад нисбат ба ҷазои дар ин модда пешбинигардида ҷазои сабуктар таъин намояд” татбиқ карда шавад.

Рӯзи 11 май яке аз наздикони айбдоршавандаҳо баъди берун шудан аз додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои Зарафо Раҳмонӣ додрас то 8 соли зиндонро тақозо кардааст.

Тавре наздикони боздоштшудаҳо мегӯянд, айбдоркунандаи давлатӣ дар нисбати Зарафо Раҳмонӣ аз додгоҳи олӣ 5 соли зиндон талаб кардааст. Дар ҳоли ҳозир вакилони мудофеъи 13 нафар аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дар мурофиаи додгоҳӣ омодагӣ доранд пешниҳодоти худро оид ба зерҳимояи худ ироа кунанд ва ба дунболи ин айбдоршавандаҳо сухани охирини худро баён хоҳанд дошт.

Додгоҳи олӣ то рӯзи сешанбеи 17 май танаффус эълон кардааст. Тавре бархе аз шоҳидон мегуянд «Зарафо дар як мурофиа дар масъалаи кӯмаки пулии кишварҳои ғарб ба ҲНИТ маълумот додааст. Вай дар бораи як ҳодиса ёдоварӣ карда гуфтааст, ки вақте дар як меҳмонхонаи Теҳрон аъзои раёсати ҲНИТ қарор доштаанд, нафаре (номаш номаълум) 3 миллион доллар оварда ба ошёнаи чоруми меҳмонхона, ба утоқе, ки гӯё дар он раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ҳузур доштааст, додааст. Ин маблағ ба хотири таъсиси студияи телевизион будааст, вале ин телевизион дигар таъсис дода нашуд. Ҳоло Додгоҳи олӣ дар мурофиа чунини амалро маблағгузории кишварҳои Ғарб ба иттиҳоди ҷиноӣ шарҳ дода айбдоршавандаҳои ҲНИТ-ро дар ин амал гунаҳкор донистааст».

Аз рӯи нақли шоҳидони мурофиаи додгоҳӣ, баъзе аз айбдоршавандаҳо аз додгоҳ хостаанд, ки зан ва модари чаҳор тифли ноболиғ будани хонум Раҳмониро ба эътибор гирифта, ӯро озод кунанд. "Ҳатто яке аз онҳо гуфтааст, ки омода аст ҷазои Раҳмониро ба дӯши худ гирад, то ки ин хонум ба зиндон наравад", гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ яке аз нафароне, ки додгоҳро мушоҳида кардааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ ҳангоми суханронияш дар мурофиаи рӯзи 11 май, ки паси дарҳои баста ҷараён гирифт, гуфтааст, гуноҳҳои Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷаб исботи худро ёфтаанд ва аз додрас мехоҳад, онҳоро ба ҳабси абад маҳкум намояд. Инчунин, аз додрас хоста шудааст, то Ҳикматулло Сайфуллозода ва Зубайдуллоҳи Розиқ 30-солӣ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 29 сол, Саттор Каримов 28 сол, Саъдидини Рустам 24 сол, Воҳидхон Қосиддинов 22 сол, Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов 16-солӣ аз озодӣ маҳрум шаванд. Додситон тақозо кардааст, ки Зарафо Раҳмонӣ, ҳуқуқшиноси ҳизб ва танҳо зан дар миёни айбдоршавандаҳо ба 5 соли зиндон маҳкум шаванд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 сентябри соли 2015 ҳизби наҳзати исломиро дар фаъолиятҳои ифротгароӣ, аз ҷумла даст доштан дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, моҳи сентябри соли 2015, айбдор ва фаъолияти ин ҳизбро манъ кард.

13 узви раёсат ва шӯрои сиёсии ҲНИТ - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосиддинов рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2015, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Алайҳи ҳар кадоми онҳо аз ду то 15 иттиҳом эълон шудааст. Як иттиҳоми асосӣ ба зидди ин аъзои баландпояи ҲНИТ ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Назарзода мебошад.

Худи аъзои ҳизби ҳамакнун фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ, ин иттиҳомотро рад мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи ин 13 узви раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро рӯзи 9 феврал оғоз карда буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG