Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти Зарафо Раҳмонӣ аз дарди қалб дар боздошт


Зарафо Раҳмонӣ
Зарафо Раҳмонӣ

Наздикони Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, хостори интиқоли ӯ аз боздоштгоҳ ба бемористон барои табобат шудаанд.

Пайвандони Зарафо Раҳмонӣ -- вакили мудофеъ ва мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) хостори интиқоли ҳарчи зудтари ӯ аз боздоштгоҳ ба бемористон шудаанд. Гулдаста Раҳмонова, хоҳари Зарафо Раҳмонӣ рӯзи 11 январ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ӯ дар боздоштгоҳ дучори бемории дил ва гурда шуда, муддатест аз ин маризиҳо ранҷ мебарад.

Мусоҳиби мо афзуд, онҳо барои дарёфти иҷозаи табобати хоҳараш дар бемористон ба раҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулл нома фиристода, аммо то ҳанӯз ҷавоб нагирифтаанд. Гулдаста Раҳмонова гуфт, ки "ҳар дафъа барои хабаргирии Зарафо меравем, аз дохили боздоштгоҳ рӯйхати доруҳои қалб ва гурда бо имзои пизишки боздоштгоҳ меояд. Мо ҳамаи доруҳоро харида, барои вай равон мекунем."

Мақомоти Додситонии кулл аз номаи хонаводаи Зарафо Раҳмонӣ изҳори бехабарӣ карда гуфтанд, ки агар номае ҳам навишта шавад, бояд вакили мудофеи ӯ ба муфаттиши парванда муроҷиат кунад ва масъаларо дар миён гузорад.

Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеи Зарафо Раҳмонӣ - Зайдулло Давлатёров дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, Зарафо натанҳо аз бемории қалб, балки аз фишорбаландӣ ва дарди гурда ҳам шикоят мекунад.​ "Бо назардошти ин, ба мақомот барои бистарӣ карданаш ариза пешниҳод кардем, вале муфаттиши парванда онро рад кард. Муфаттиш гуфт, ки масъалаи бистарӣ кардани ӯро бояд пизишки боздоштгоҳ пешниҳод намояд," -- шарҳ дод вакили мудофеъ.

Ӯ афзуд, дар ҳоле ки шароити боздоштгоҳ ба ҳама маълум аст ва Зарафо Раҳмонӣ ҳарчи зудтар ба табобати ҳамаҷониба ниёз дорад, ҳанӯз ҳалли ин масъала норӯшан боқӣ мондааст. Наздикони Зарафо Раҳмонӣ мегӯянд, ки аз саломатии вай нигарон ҳастанд ва ҳоло умед доранд, ки мақомот барои ба беморхона интиқол додани вай мусоидат хоҳанд кард.

Зарафо Раҳмонӣ 44 сол дошта, зодаи ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон аст. Ӯ аз соли 2008 то 2012 ба ҳайси раиси бахши фарҳанг ва муовини раиси дастгоҳ ва аз соли 2012 то замони боздошташ ба унвони мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ кор кардааст. Се бор - солҳои 2005, 2010 ва 2015 - номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон буд. Солҳои охир фаъолияти адвокатӣ ҳам мекард ва узви Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе буд.

Дар охирҳои моҳи декабри соли гузашта мақомоти тафтишотӣ айбномаи Зарафо Раҳмониро эълон карда, ӯро бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - 187, қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 189, қисми 3 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ) муттаҳам донистанд. Вале наздикони Зарафо Раҳмонӣ мегӯянд, ки ӯ бо ин айбнома розӣ нест.

Мақомоти интизомии кишвар Зарафо Раҳмониро ҳамроҳ бо 12 узви дигари раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳоло фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ рӯзи 16 сентябри соли гузашта боздошт карданд. Вай таи ин панҷ моҳе, ки мегузарад, дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Душанбе нигоҳ дошта мешавад.

Боздошти Зарафо Раҳмонӣ ва ҳамроҳони ӯ баъд аз анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон сурат гирифт ва мақомот раҳбарони ҳизби наҳзатро низ ба даст доштан дар ошӯби ин генерал муттаҳам карданд. Ба дунболи ин боздоштҳо, рӯзи 29 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро расман манъ ва ин ҳизбро ба рӯйхати созмонҳои террористию экстремистӣ шомил кард.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, то кунун айбномаи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии Тоҷикистон эълон ва парвандаи онҳо барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст. Мақомоти расмӣ дар бораи ин парвандаҳо аслан суҳбат накардаанд ва ҳама иттилое, ки то ҳанӯз нашр шудааст, асосан аз тариқи вакилони мудофеъ ё наздикони боздоштшудаҳо ба дасти расонаҳо мерасад.

XS
SM
MD
LG