Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёди рӯзгори ширин. Лимонади СССР ва арақи Андропов дар Тоҷикистон


Лимонади СССР ва арақи Андропов дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

Баъзе аз ширкату корхонаҳо дар Тоҷикистон бо истифода аз хотироти хуби сокинон аз Иттиҳоди Шӯравӣ номҳои хоси он давронро барои маҳсулоташон интихоб мекунанд.

Бархе аз ширкатҳо дар Тоҷикистон бо истифода аз эҳсоси носталжии сокинон ба Иттиҳоди Шӯравӣ номҳои хоси он давронро барои маҳсулоти хеш интихоб мекунанд. Барои мисол, дар растаҳои мағозаву фурӯшгоҳҳои бузурги Душанбе ҳоло лимонади СССР, арақи Андропов ва ҳасиби “Докторски”-ву “Охотничий”-ро пайдо кардан мумкин аст.

Номгӯи ин қабил маҳсулот танҳо бо ҳасибу шароб ба итмом намерасад. Барои мисол, моликони дастгоҳҳои фурӯши оби газнок низ барои хушхарид шудани обашон дар пешонаи дастгоҳ “Оби газноки СССР” менависанд. Ҳарчанд таҷҳизоти худкори оби газнокфурӯшии замони Шӯравӣ дар кӯчаҳои Душанбе кайҳо вайрону фарсуда шуда боқимондаашон ба дасти соҳибкорони алоҳида афтодааст.

Сокинони пойтахт, бахусус насли калонсол мегӯянд, ки ҳанӯз ҳам таъми хуши оби газнок ва даҳҳо дигар маҳсулоти он замонро хуб дар ёд доранд. Саъдӣ Маҷидов, як сокини Душанбе, рӯзи 15 апрел дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, “лаззати, масалан, ҳасибҳои даврони Шӯравӣ ҳанӯз ҳам аз даҳони ман нарафтааст. Хеле босифату болаззат буданд. Дуруст аст, ки камчин буд, аммо босифат буд. Ҳоло камчинӣ аз байн рафтааст, чандин навъи ҳасиб ҳаст, аммо он сифатро надоранд.”

Озодии нархҳо ва иқтисоди бозорӣ ба фарқ аз иқтисоди нақшавии давлати Шӯравӣ камбуди молу маҳсулотро дар бозор аз байн бурд ва растаҳои дӯконҳоро ғанӣ кард. Мушкили дарёфти молҳои хушсифати истеҳсоли хориҷӣ низ, ки қаблан фурӯшандаҳо онро пинҳонӣ ва ё ба истилоҳ “под прилавка” мефурӯхтанд, аз байн рафт. Вале сифати хуби бархе аз маҳсулоти замони Шӯравӣ дар ёди сокинон побарҷост ва аз ҳамин ҳолат соҳибкорони даврони ба истилоҳ капиталистӣ ба нафъи худ истифода мекунанд.

Азимҷон Раҷабов, роҳбари шуъбаи фурӯши ширкати “Сайҳун” дар Хуҷанд мегӯяд, дар замони роҳбарии Андропов як навъи арақе дар шишаи кабуд истеҳсол шуда будааст, ки нархаш нисбатан арзон буда ва зуд писанди дӯстдорони машрубот гаштааст. Ӯ гуфт, “барои ҳамин, дӯстдорони машрубот онро арақи Андропов ном ниҳоданд. Бо назардошти ҳамин ҳолат, мо низ дар ҳамон навъи шишаи кабуд арақе баровардем, бо номи Андропов, ки 40 дарсад спирт дорад. Нахустин навъи ин арақ бо шишаи кабуд буд, баъдтар онро бо шишаи сиёҳ низ баровардем.”

Ба таъкиди ин масъули ширкати “Сайҳун”, арақи Андропов зуд муштариёни зиёд пайдо кард ва дар миёни анвои машруботи ин ширкат аз ҳама серхаридор аст. Дар миёни дӯстдорони машрубот ин навъи арақ то ҳадде маъруфият пайдо кардааст, ки ҳамакнун чандин соҳибкорони алоҳида ва ширкатҳо навъи тақаллубии арақи Андроповро сохтааанд.

Юрий Андропов 15 сол вазифаи роҳбарии Кумитаи амнияти давлатӣ ва 15 моҳи дигар котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравиро ба ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG