Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёди рӯзгори ширин дар ретро-дискотекаи солҳои 1980-ум


Ташаббускорон мегӯянд, имрӯзҳо “дар ягон тафреҳгоҳ оҳангҳои “Modern Talking” ё “Эй санам”-ро намешунавӣ”, вале шумори онҳое, ки ин оҳангҳоро пазмон шудаанд, кам нест.

Гурӯҳе аз сокинони Душанбе ёди шӯравӣ карда хоҳишмандонро ба дискотекаи солҳои 1980 даъват мекунанд.


Дар пешорӯи ҷашни 90-солагии Душанбе ҳайати эҷодии нашрияи “Вечерка” ва маркази фарҳангии “Аржанг” ният доранд дар тарабхонаи “Душанбе” базми рақсӣ ё Дискотекаи солҳои 1980-умро барпо кунанд. Ташаббускорон мегӯянд, ки шоми рӯзи 8 март хоҳишмандон бояд мӯди солҳои 1980-ро муроот кунанд ва барои рақсидан зери навоҳои маъруфи Boney M, C.C.Catch, Kaoma, Abba, Al Bano ва дигарон омода шаванд. Мегӯянд, ки толори рақсгоҳ бо шеваи “made in USSR”, яъне аксу моли солҳои 1980-ум оро дода мешавад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:30 0:00

Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечерка” дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки дар ҷаҳон ва ҳам қаламрави шӯравии пешин маъракаҳои назири «Дискотекаи солҳои 1980-ум» хеле маъруф аст ва ба дили онҳое, ки ҷавониашон дар ҳамон солҳо гузаштааст, хеле наздик аст:


“Барои насле, ки солҳои 1960 ва 1970 таваллуд шудаанду ҳоло аз 30 то 50 сол доранд, воқеан ҳам дискотекаҳои имрӯза бегона ҳастанд, онҳо худро роҳат ҳис намекунанд. Онҳо ҳам гоҳе мехоҳанд, ки зери оҳангҳои дилнавоз истироҳат кунанд, бирақсанд, ва ҳоло чунин имконият пеш омадааст. Чаро не”.


Ҷавонҳои солҳои 1980-ум, ки дар кишвари азиме бо номи СССР зиндагӣ карда, орзуҳои ширинро дар дил мепарвариданд, ҳеҷ намедонистанд, ки баъди муддате зиндагии собиту аз пеш барномарезишудаашон, ки хеле шабеҳ ба ҳаёти волидонашон буд, дигар ба ҳам мехӯрад ва онҳо дар баробари чолишҳои хеле ҷиддӣ қарор хоҳанд гирифт. Беғамиву романтизм аз байн меравад ва ҷумҳуриҳои онҳо бо масъалаҳои истиқлолияту муборизаҳои сиёсӣ барои ҳифзи ҳуввият ва хештаншиносӣ рӯбарӯ мешаванд.


Ҳоло ташаббускорони барномаи тафреҳии дискотеаи солҳои 1980-ум мехоҳанд, хоҳишмандонро барои хушгузарониву ёдоварӣ аз хотироти хуби он солҳо
Гулнора Амиршоева
Гулнора Амиршоева
даъват кунанд, солҳое, ки на телефони мобил буду на Интернет ва танҳо муоширати зиндаву сӯҳбатҳои самимӣ қадр дошт. Гулнора Амиршоева мегӯяд, агар баъзеҳо фикр кунанд, ки ин маърака барои ба даст овардани даромад ташкил мешавад, иштибоҳ мекунанд:


“Мо ин маъракаро барои худ ва барои дӯстонашон ташкил мекунем, ки давраҳои наврасиву ҷавониашонро ёд кунанд. Ҳар хароҷоте, ки карда мешавад, бар ивазаш подош ё хизмати арзандае пешкаш мешавад”, - гуфт ӯ.


Қимати билет аз 75 сомонӣ боло буда, интизор меравад, ки дар ин маърака дар ҳудуди 200 нафар иштирок кунанд.
XS
SM
MD
LG