Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Душанбе - 16-уми апрел барпо мегардад. Дар ин бора ба “Озодӣ” аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе рӯзи 12-уми апрел хабар доданд.
Ба иттилои ин манбаъ, ниммарафони байналмилалӣ барои бори ҳафтум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир мешавад. Дар пойга ба ҷуз варзишгарони тоҷик, иштироки давандаҳои ҳирфаӣ аз Афғонистон, Беларус, ИМА, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон, Украина, Фаронса, Чин, Эрон ва кишварҳои дигар дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки аз соли 2010-ум баргузор мешавад, аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти байналмилалии дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.
Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, соати 9-и субҳи шанбеи 16-уми апрел аз рӯи масири дав – Наврӯзгоҳи пойтахт – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) доир мешавад.
Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойҳои аввал миёни мардону занон ҷоизапулӣ ба маблағи 27 ҳазору 510 сомонӣ ё муодили 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Маблағи камтарини ҷоиза барои ҷойҳои шашум 11 ҳазору 790 сомонӣ ё муодили 1500 долларро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар ниммарафони байналмилалӣ Юрий Чечун аз шаҳри Самараи Русия дар байни мардон ва Юлия Чиженко аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия миёни занон ғолиб шуда буданд.