Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, шоми душанбе фармони хуруҷи бахши аслии нерӯҳои кишвараш аз Сурияро содир кард. Бар асоси ин фармон хуруҷи нерӯҳои Русия аз Сурия 15 март шурӯъ мешавад. Путин ҳангоми мулоқот бо вазирони корҳои хориҷӣ ва дифои кишвараш гуфтааст, ки ҳамакнун Русия нақши худро дар раванди сулҳ дар Сурия бештар карда ва ба поёни мухолифатҳо дар ин кишвар муваффақ мешавад.
Раисиҷумҳури Русия дар ҷараёни сӯҳбаташ бо Сергей Шойгу ва Сергей Лавров таъкид кардааст, ки пойгоҳҳои ин кишвар дар Тартус ва Хмеймим ба таври пештара фаъолият хоҳанд дошт. "Ин пойгоҳҳо чун пештара фаъолият карда ва бояд аз самти баҳр ва ҳаво ба таври ҷиддӣ ҳимоят шаванд. Нерӯҳои боқимонда раванди риояи оташбасро назорат хоҳанд кард," -- афзудааст ӯ.
Ба қавли Дмитрий Песков, сухангӯи Кохи Кремл, Владимир Путин бо Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия телефонӣ сӯҳбат карда ва аз ин тасмимаш ӯро хабардор намудааст.
Муҳаммад Аллуш, намояндаи нерӯҳои мухолифи давлати Сурия дар музокироти Женева аз ин иқдоми Русия истиқбол карда ва гуфтааст, ки "агар ин иқдом воқеӣ бошад, ба манфиати Сурия хоҳад буд." Ду корманди дафтари раёсати ҷумҳурии Амрико ба таври маҳрамона гуфтаанд, ҳеч гуна нишонае аз тадорукот барои хуруҷи нерӯҳои Русия аз Сурия ба мушоҳида намерасад.
Амалиёти нерӯҳои Русия дар Сурия моҳи сентябри соли гузашта оғоз шуда, ҳудуди 30 ҳавопаймои ҷангӣ мавзеи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари мухолифи давлати Башор Асадро ҳадаф қарор доданд. Ин иқдоми Русия ба нерӯҳои давлати Сурия имкон дод, то садҳо шаҳраку деҳаҳо ва нуқтаҳои стратегиро ишғол кунанд.
Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар сӯҳбат бо расонаҳои кишвараш гуфтааст, дар ҷараёни амалиёти тақрибан нимсолаи нерӯҳои ин кишвар беш аз 400 маҳалли аҳолинишин аз дасти гурӯҳҳои террорист ва мусаллаҳи ғайриқонунӣ озод шудааст. Ин амр, ба гуфтаи ӯ, ба таҳкими мавқеи Башор Асад дар Сурия мусоидат кардааст.
Вале мақомоти Ғарб мегӯянд, ки аксари ҳамлаҳои Русия то имрӯз мухолифони дигари ҳукумати Башор Асадро ба ҳадаф доштаанд, то мавқеъҳои "Давлати исломӣ"-ро.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия байни нерӯҳои содиқ ба президент Асад ва мухолифони ӯ аз соли 2011 оғоз ёфта, дар ин тақрибан 5 сол мунҷар ба ҳалокати 250 ҳазор нафар шудааст. Ҳамин тавр, ҷанги Сурия боиси аз ин кишвар ба маконҳои амнтар паноҳ ҷустани садҳо ҳазор нафар шуд, ки ба навбаи худ сабаби бузургтарин бӯҳрони муҳоҷирон дар қораи Аврупо аз замони хатми ҷанги дувуми ҷаҳон гардидааст.