Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар ҷараёни як сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин аз Русия даъват кард, то бомбборони чирикиҳои “мӯътадил”-ро дар Сурия бас кунад. Ин сӯҳбати телефонии раҳбарони аввали Амрикову Русия рӯзи 14 феврал, ду рӯз баъд аз тавофуқи қудратҳои бузурги дунё дар мавриди хатми хусуматҳо дар Сурия доир шуд. Аммо ин тавофуқ, ки то поёни ҳафтаи равон ба иҷро намедарояд, ҳанӯз аз тарафи ҳеҷ кадоме аз тарафҳои зидихл расман имзо нашудааст.
Кохи Сафед гуфт, баҳси Обама бо Путин рӯзи зарурати суръат додани ироаи ёриҳои башарӣ ба мардуми Сурия ва ҳамлаҳои ҳавоӣ тамаркуз кардааст. Кохи Сафед дар баёнияаш гуфт, “ раисиҷумҳур Обама аз ҷумла таъкид кард, ки ҳоло Русия бо қатъи маъракаи ҳамлаҳои ҳавоияш алайҳи мухолифини мӯътадил дар Сурия метавонад нақши созанда бозӣ кунад.”
Бомбабборонҳои Русия алайҳи гурӯҳҳои чирикӣ ба артиши президенти Сурия Башор Асад дар амри расидан ба бузургтарин пирӯзии онҳо дар ҷабҳаи Ҳалаб (Алеппо), дувумин шаҳри баъд аз Димиш бузурги Сурия ва маркази тиҷории ин кишвар то оғози ҷангҳо, кумак мекунад.
Кремл дар ҳамин ҳол мегӯяд, Путин ва Обама дар сӯҳбати телефониашон пиромуни тақвияти ҳамкорӣ дар роҳи иҷрои созишномаи Мюнхен тавофуқ кардаанд. Аммо аз баёнияи Кремл бармеояд, ки Русия ба маъракаҳои ҳамлаҳои ҳавоияш алайҳи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва “дигар созмонҳои террористӣ” идома медиҳад. Ин таъбир чунин аломат медиҳад, ки Русия метавонад ҳамчунин гурӯҳҳое дар ғарби Сурияро, ки дар Ғарб ҳамчун мухолифини мӯътадил арзёбӣ мешаванд, низ ҳадаф қарор диҳад.
Русия мегӯяд, қарордоди оташбас ба ҳамлаҳои ҳавоияш дар Сурия, ки тавозунро дар ҷангҳо ба нафъи артиши Башор Асад тағйир дод, дахл надорад. Маскав гуфт, “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ун-нусра” – бахши шабакаи Ал-Қоида дар Сурия – ҳадафҳои асосии ҳамлаи ҳавоияш боқӣ мемонад. Вале кишлварҳои Ғарб мегӯянд, Русия дар асл асосан гурӯҳҳои дигари чирикӣ, аз ҷумла гурӯҳҳоеро, ки аз Ғарб ҳимоят мешаванд, ҳадаф қарор медиҳад.
Бо ин ҳол, вокунишҳои маҳофили сиёсии Ғарб ба тавофуқоти рӯзи 12 феврал бадастомада дар Мюнхен чандон хушбинона ба назар намерасанд.
Сенатори амрикоӣ Ҷон МакКейн гуфт, ӯ ин тавофуқро ҳамчун пешрафт намебинад. Ин тавофуқ, ба ақидаи ӯ, “ба Русия имкон медиҳад, ки ҳамлааш ба Ҳалабро як ҳафтаи дигар идома диҳад.” МакКейн, ки дар рӯзи ниҳоии анҷумани амниятии Мюнхен афзуд, “ҷаноби Путин ба шарики мо будан таваҷҷӯҳ надорад. Ӯ мехоҳад режими Асадро тақвият диҳад.”
Тавофуқ дар мавриди оташбас дар Сурия низ рӯзи ҷумъа дар ҳошияи ҳамин анҷумани Мюнхен дар ҷараёни музокироти чандинсоатаи вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри бо намояндагон аз кишварҳои дигари узви Гурӯҳи байналмилалии ҳимоят аз Сурия ба даст омад.
Кишварҳои Ғарб ва муттаҳидонашон аз ҷаҳони Араб аз моҳи августи соли 2014 мавқеъҳои “Давлати исломӣ”, як гурӯҳи тундраверо, ки қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳои таҳти назораташ эълони “хилофат” бо қонунҳои ваҳшиёна кардааст, бомбаборон мекунанд. Русия низ аз моҳи сентябри соли 2015 ба сурати алоҳида аз эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия сар кард, вале мақомоти Ғарб мегӯянд, аксари ҳамлаҳои Русия то имрӯз мухолифини дигари ҳукумати Башар Асадро ба ҳадаф доштаанд, то мавқгъҳои “Давлати исломӣ”-ро.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия байни нирӯҳои содиқ ба президент Асад ва мухолифини ӯ аз соли 2011 оғоз ёфта, дар ин тақрибан 5 сол мунҷар ба ҳалокати 250 ҳазор нафар шудааст. Ҳамин тавр, ҷанги Сурия боиси аз ин кишвар ба маконҳои амнтар паноҳ ҷустани садҳо ҳазор нафар шуд, ки ба навбаи худ сабаби бузургтарин бӯҳрони муҳоҷирон дар қораи Аврупо аз замони хатми ҷанги дувуми ҷаҳон гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, Арабистони Саудӣ барои муқовимат бо "Давлати исломӣ" ба Туркия ҳавопаймоҳои ҷангӣ фиристодааст: