Кишварҳои пурнуфузи Ғарб рӯзи 19-уми феврал дар ҷаласаи изтирории худ пешнависи қатъномаи Русияро дар бораи қатъи амалиёти фаромарзии Туркия бар зидди курдҳои Сурия, рад карданд. Қудратҳои ғарбӣ ҳамчунин аз Маскав дархост карданд, ки онро бо нақшаҳои оташбас иртибот диҳад, аммо вақти муқарраршуда дар бораи риояи оташбас гузашт ва нишонаҳое аз эҳтиром ба он дида намешавад.
Рӯзи 20-уми феврал Дмитрий Песков, сухангӯи Кохи Кремл ба рӯзноманигорон гуфт: “Мо танҳо изҳори таассуф мекунем, ки пешнависи қатънома рад шуд”. Песков афзуд, Русия аз афзоиши танишҳо дар марзи миёни Туркияву Сурия нигарон аст. Вай дар идома гуфт, ки Русия ҳамчунон ҳимояти худ аз президент Башор Асадро дар амалиёти заминӣ идома хоҳад дод.
Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ҳимояти Маскав аз амалиёти пиёданизом дар Сурия, ба ташдиди муноқиша сабаб шудааст, бо вуҷуди ин, ки музокирот дар бораи оташбас идома дошт. Франсуа Делаттр - намояндаи Фаронса дар СММ гуфт: “Мо ба ба ташдиди хатарноки амалиёти низомӣ рӯ ба рӯ ҳастем, ки ба осонӣ метавонад аз контрол хориҷ шавад ва моро ба қаламрави номаълум бибарад.”
Оқои Делаттр гуфт, сабаби мудохилаи Туркия дар муноқиша “натиҷаи мустақими ҳамлаҳои бераҳмона дар шимоли Сурия ба раҳбарии режими Сурия ва ҳампаймонҳояш мебошад”. Вай афзуд: “Русия бояд бифаҳмад, ки ҷонибдории бидуни шарту шароит аз режими Башор Асад бунбаст аст ва бунбаст метавонад хатарноктарин натиҷа ба бор орад”.
Вай ҳушдор дод, ки риоят накардани оташбасе, ки ҳафтаи гузашта роҷеъ ба он тавофуқ ба даст омада буд, метавонад сабаби дар гирифтани оташ дар тамоми минтақа шавад”. Стеффан де Мистура, фиристодаи вижаи СММ барои Сурия гуфт, бо назардошти ин, ки нишонаҳои бозгашти ҷонибҳо бар сари мизи музокироти сулҳ дигар мушоҳида намешавад, вай даври навбатии музокиротро, ки барои 25 феврал пешбинӣ шуда буд, ба таври расмӣ бекор кардааст.
Дар ҳоле, ки Русия дар СММ Туркияро дунболагирӣ мекунад, Кохи Сафед эълон кардааст, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико 19-уми феврал бо Раҷаб Тайип Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст ва аз вай хостааст, ки дар минтақаҳои марзии Сурия тирандозӣ ба сӯи тундравҳои курдро хотима диҳад.
Туркия нерӯҳои дифои мардумии курдҳои Сурияро ба феҳристи созмонҳои террористӣ дохил кардааст, вале СММ бо ин нерӯҳо маъракаи баргардонидани қаламравҳои зери контроли гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро пеш мебарад. Нерӯҳои курд, ки Амрико аз онҳо ҳимоят мекунад, нерӯҳои "Давлати исломӣ"-ро аз шаҳраки Шаддода берун ронданд. Шаддоде охирин мақарри нерӯҳои тундрав дар вилояти шимолӣ-шарқии Ҳарсака Сурия буд.