Аҳли хонаводаи тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров, ки 14 октябр, ҳамагӣ баъд аз як рӯзи боздошти волидонаш дар бемористони ба номи Тсимбалинаи Санкт-Петербург ҷон дод ва даргузашти ӯ бо вокунишҳои тунд дар дохили Тоҷикистону Русия ва берун аз он рӯбарӯ шуд, мегӯянд, таҳти фишор қарор гирифтаанд. Рустам Назаров, падари Умаралӣ рӯзи 9 ноябр ба телевизиони "Настоящее Время" гуфтааст, дар кумитаи тафтишот ба ӯ гуфтаанд, кадом як санадро имзо кунад, ки гӯё вай писарашро куштааст.
"Ба онҳо гуфтам, иллати марги фарзандамро гӯед, ба ман кордор нашавед," - афзуд Назаров.
Рӯзи 10 ноябр мақомоти Кумитаи тафтишот волидони Умаралӣ Назаровро барои гирифтани намунаи хунашон ба бемористони ба номи Боткини Петербург бурдаанд. Мақомот мегӯянд, ин барои муайян кардани манбаи вирусе, ки бино ба натиҷаҳои ташхиси тиббиву додгоҳӣ, сабаби марги кӯдаки ин хонавода шудааст, лозим аст.
Вале Рустам ва Зарина - модари Умаралӣ - аз додани намунаи хунашон саркашӣ кардаанд. Ин саркашӣ метавонад далели ифтитоҳи парванда алайҳи ин падару модар шавад, чунки моддаи 308-уми Кодекси ҷиноии Русия барои саркашӣ аз супурдани намунаи хун ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар кардааст.
Рустам Назаров мегӯяд, ба ҳар сохторе, ки барои додхоҳӣ сар мезанад, хатари эълом шудани гумонбар дар парвандаи марги писараш ба худи ӯ таҳдид мекунад. Ҳамин тариқ, баҳси марги Умаралӣ Назаров, кӯдаки 5-моҳаи тоҷик дар Санкт-Петербург идома дорад. Наздикони ин тифл мегӯянд, ки дар канори фишори муфаттишон, дар нашрияҳо низ матолиб дар бораи гунаҳкор будани падару модари кӯдак дар фавти ӯ нашр шудаанд.
Ҳоло дигар ба бинои воқеъ дар хиёбони Лермонтови Санкт-Петербург, ки рӯзи 13 октябр Умаралии панҷмоҳаро аз он ҷо бурда буданд ва шаби 14 октябр даргузашт, одамон намеоянд.
Бо ин ҳол, бо гузашти ҳудуди як моҳ, падару модари Умаралӣ ҳеҷ дарк намекунанд, ки чаро онҳоро аз фарзанди деринтизорашон маҳрум карданд?
29 ноябр ба падару модари Умаралӣ шаҳодатномаи марги кӯдакро хоҳанд дод. Эҳтимол, пас аз он Зарина, модари кӯдак Русияро тарк кунад. Феълан ӯ дар Петербург зиндагӣ карда ва аз дурбинҳои наворбардорӣ худро пинҳон медорад. Дар ҳамин ҳол, дар матбуоти Русия маълумот дар бораи ташхиси тиббӣ пайдо шудааст. Ба назар чунин мерасад, ки ин кор қасдан сурат гирифтааст.
Мантиқи ин санадҳо ба он далолат мекунад, ки кӯдаки 5-моҳа мубталои вируси тситамегало буда, марги ӯ ногузир будааст. Яъне, ин санад мегӯяд, марги кӯдак пас аз боздошти модараш дар идораи пулис тасодуфе беш нест.
Вале Юрий Серов, вакили мудофеи Маркази зиддитабъизи “Мемориал” дар ин маврид мегӯяд, “агар ҳатто 50 бори дигар ташхис гузаронда ва марги кӯдакро ба вируси номаълум рабт диҳем, ин амалҳо ба ҳеч ваҷҳ ҷурми фаъолияти ғайриқонунии кормандони пулис ва хадамоти муҳоҷиратро камтар намекунад. Ба ҳар сурат ҷудо кардани кӯдак аз модар амали ғайриқонунӣ буд”.
Рустам аксҳои писараш дар даст ҳодисаи дидани ҷасади ӯро пас аз 5 рӯзи маргаш ба хотир меорад. Рустам мегӯяд, “лабу биниаш хунолуд буд. Атрофи чашмаш сиёҳ. Дар акси пештарааш рухсорааш маълум аст, аммо пас аз марг ба чашм намехӯрад. Кӯдаки дигаре буд”.
Дар ҳамин ҳол, фишор болои ин хонавода на танҳо аз ҷониби пулис, балки аз сӯйи ҳукумати маҳаллӣ низ ворид мешудааст. Онҳо бовар доранд, талоше барои ҳимояти шарафи пулис сурат мегирад. Дар маҳалли зист ва дари утоқи Рустаму Зарина плакатҳои аҷибу ғарибе пайдо шудаанд. Меҳринисо Назарова, бибии Умаралӣ мегӯяд: “Ҳар гоҳ ба мо мегӯянд, ки дар марги кӯдак гунаҳкор ҳастем”.
Қарор аст, рӯзи 11 ноябр Павел Астахов, мудофеи ҳуқуқи кӯдаки Русия вориди Санкт-Петербург шавад. Ӯ алакай иброз дошт, ки мехоҳад аз пулис суол кунад, дар кадом асос кӯдаки 5-моҳа ба идораи пулис оварда шуд ва чаро ӯро ба наздиконаш насупурдаанд?
Умаралӣ Назаров шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ, баъд аз боздошти модараш дар Санкт-Петербург дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашт. То он вақт чанд соат кӯдакро дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Адмиралтейский нигоҳ дошта буданд. Марги ӯ сарусадои зиёдеро дар ҷомеаи ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба по кардааст ва бисёриҳо амалкарди пулиси Санкт-Петербургро барои ҷудо кардани кӯдаки панҷмоҳа аз модараш шадидан интиқод карда, иддае онро ҷиноят номиданд.
Аз ҷумла, Михаил Федотов, раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди раиси ҷумҳури Русия, ҳафтаи гузашта эълон кард, ки додгоҳ мушаххас хоҳад кард, дар марги Умаралӣ кӣ гунаҳкор аст, аммо афзуд, "ин ки маъмурони пулис тифли панҷмоҳаро аз модараш ҷудо карданд, ҷиноят аст".
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қазияи марги Умаралиро пайгирӣ доранд ва Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия низ ду ҳафтаи пеш дар ҷараёни сафараш ба Душанбе ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки ин қазия таҳти назорати ӯст ва мунсифона баррасӣ хоҳад шуд.