Пизишконе, ки аввалин бор дар Тоҷикистон омезиши ҳуҷайраи мании мардона ва тухмаи занонаро дар найчашиша ё пробирка анҷом доданд, мегӯянд, аз ин ба баъд мушкили бенаслиро дар кишвар ҳал хоҳанд кард. Дар охирин рӯзҳои моҳи апрел онҳо дар маркази тиббии “Насл” дар шаҳри Душанбе нутфаеҳоро, ки ба таври сунъӣ шакл гирифтанд, ба зеҳдони шаш зан, ки аз 27 то 35-солаанд, ворид карданд ва акнун интизор мемонанд, ки аз ин нутфа ҷанини инсони нав пайдо шаваду пас аз 9 моҳи интизорӣ кӯдаконе ба дунё оянд, ки модару падари ба фарзанд зори худро шод гардонанд.
Мудири Пажӯҳишгоҳи акушерию гинекологӣ ва перинтологияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, раҳбари маркази тиббии “Насл”, яке аз пизишкони варзидаи кишвар Шамсиддин Қурбонов мегӯяд, ҳамаи шаш амалиёт дар сатҳи олӣ ҷараён гирифт ва вазъи модарони оянда мӯътадил аст. Бордоркунии сунъӣ ё берун аз батн ин гуна аст, ки тухмаи занон дар лаборатория бо мании мард омезиш дода шуда, бо гузаштани 2 то 5 рӯз аз ин омеза нутфа ба вуҷуд меояд ва он ба батни зан ниҳода мешавад. Ҳадаф аз ин амалиёт соҳиби фарзанд кардани оилаҳои безурёт аст.
Тоҷикистон баъд аз Қазоқистон дувумин кишвари Осиёи Марказист, ки даст ба ин таҷриба задааст ва ба гуфтаи Қурбонов, барои баргузории аввалин амалиёти ҳамли берун аз бачадон маркази тибии “Насл” якуним сол омодагӣ дидааст: “Дар ҳамкорӣ бо мутахассисон аз Исроил, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон марказ боз кардаанд, ин тарҳ роҳандозӣ шуд. Беҳтарин таҷҳизотро, ки ҳарфи охир дар тибби муосиранд, аз Ҳолланд ба Тоҷикистон овардем ва бо мадади пизишкони соҳибтаҷриба аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон ва Русия мутахассис омода кардем.”
Ҳамли сунъӣ ё экстракорпоралӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба падидаи муқаррарӣ табдил ёфтааст ва давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ талош доранд, чунин марказҳоро барои аҳолии хеш бунёд кунанд. Аммо тақрибан дар ҳама ҷо ин амал ба бархе аз мухолифатҳо, аз ҷумла норозигии рӯҳониён рӯ ба рӯ гаштааст. Динҳои ҷаҳонӣ бордоркунии сунъии занро кори ғайриахлоқӣ мешуморанд ва бар инанд, ки мушкили бенаслии хонаводаҳо бо роҳи дигар, масалан, фарзанд хондани ятимон ё кӯдакони матрук ҳал шавад. Ҳангоми қабули қонунҳои марбут ба ҳамли сунъӣ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ гуфта буд, ки ба сатҳи қонун баровардани ин масъала дар кишваре, ки аксарияти кулли аҳолияш мусулмонанд, раво нест. Вале нукоти марбут ба ин амалиёт дар қонунгузориҳои солҳои 2002, 2006 ва 2010 аз тарафи порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.
Дар робита ба ҷанбаъҳои ахлоқӣ ва мазҳабии ҳамли сунъӣ ҷаноби Қурбонов мегӯяд, кормандони маркази “Насл” фарзандони мардуми мусулмонанд ва дар ҳама ҳолат бар инанд, ки “тухмаи мард ва зан бояд танҳо ва танҳо аз онҳое бошад, ки бо ҳам никоҳ ва издивоҷ дошта бошанд.”
Вай меафзояд, фаъолияти марказ бино бар қонунҳои қабулшудаи Тоҷикистон ҷараён мегирад ва яке аз мақсадҳои асосии он сабук кардани харҷи хонаводаҳоест, ки барои амалиёти ҳамсон ба Русия, Эрон, Қазоқистон ва кишварҳои дигар сафар мекунанд. Ба гуфтаи раиси маркази тиббии “Насл”, харҷи амалиёти ҳамли экстракорпоралӣ дар Тоҷикистон ҳоло 5000 долларро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки сокинони кишвар барои сафар ва баргузории чунин амалиёт дар хориҷа ду баробар бештар пул сарф мекунанд. Ба ақидаи пизишкон фаъолияти марказ дар ин замина дар ҳоле густариш меёбад, ки бенаслии хонаводаҳо низ сол ба сол бештар мешавад.
Доктор Қурбонов мегӯяд, агар дар солҳои 1990 танҳо 8 то 12 дарсади занон ба бемориҳои бенаслӣ гирифтор мешуданд, бино бар пажӯҳишҳо, ҳоло ҳар сеюмин оила бо ин мушкил рӯ ба рӯст ва сабаб дар афзоиши бемориҳои мухталифи мардонаю занона, аз ҷумла маразҳои сироятӣ, афсурдагӣ, камғизоӣ ва ғайра аст. Влае вай инро ҳам эътироф мекунад, ки харҷи амалиёти ҳамли сунъӣ шояд ба ҷайби на ҳамаи орзумандони фарзанд мувофиқ афтад. Ҳамзамон интизор намеравад, ки нархи амалиёт дар солҳои наздик поён равад.