Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми хуши табибон ба оилаҳои безурёти тоҷик


Ин ду тифли навзод, ҳосили аввалин таҷрибаи ҳомиладоркунии сунъӣ дар Тоҷикистонанд, ки рӯзи 17 -уми январ дар шаҳри Душанбе ба дунё омаданд.

Дугоникҳо, ки ҳар ду ҳам писар ҳастанд ва беш аз 2 килоӣ вазн доранд, баъд аз нуҳ моҳи интизории пизишкону пас аз 12 соли бефарзандии волидон дар зоишгоҳи рақами якуми пойтахт, сиҳату саломат ба дунё омаданд. Вазъи сиҳатии модари онҳо ҳам, ки яке аз нахустин мизоҷони маркази тибии «Насл» аст, хуб арзёбӣ мешавад. Аммо волидони хушбахт, ки тавассути ҳамли сунъӣ билохира аз безурётӣ наҷот ёфтанд, ба хотири ошкор нашудани ҳуввияташон аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон даст кашиданд. Аз ин амали зану шавҳар ба ҷуз аз пизишкону волидонашон, дигар хешовандон ҳам хабар надоштаанд.

Шамсиддин Қурбонов, мудири пажӯҳишгоҳи акушерию гинекологӣ ва перинтологияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, раҳбари маркази тибии «Насл», ки бевосита худ дар ҷараёни таваллуди навзодон ширкат дошт, пас аз бомуваффақият ба дунё омадани атфол дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Волидон навзодони худро диданд аллакай, хушбахтии онҳоро ба сухан гуфта намешавад, тассавур кунед онҳо солҳои зиёд дар орзӯи фарзанд буданд ва акнун якбора соҳиби ду фарзанд шуданд. Таваллуд аз тариқи ҷарроҳии буриши қайсар сурат гирифт. Ин ҳамли сунъӣ ҳам бо истифода аз ҷанини худи зану шавҳар сурат гирифтааст, вале боз ҳам агар намехоҳанд ин сирашон ошкор шавад, ҳаққи ҳалол доранд.»

Воқеан пизишкон, ки таҷрибаи аввалинашон бомуваффақият анҷом ёфт, имрӯз мисле ки ид доштанд, хеле хушҳол буданд ва ҳамдигарро табрик мекарданд. Онҳо акнун бо боварӣ мегӯянд, аз ин ба баъд мушкили бенаслиро дар кишвар ҳал ва даҳҳо хонаводаҳои бефарзандро аз вайроншавӣ ҳифз хоҳанд кард. Гулҷаҳон Давлатова, мудири шӯъбаи таваллуд дар зоишгоҳи рақами яки пойтахт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Натиҷаи ин кор барои мо воқеан зарур буд, чун аз рӯйи мушоҳидаҳо як сабаби аслии аз ҳампошии бисёр хонаводаҳо ин бефарзандӣ буд ва бархе оилаҳо дар дигар давлатҳо ин корро мекарданд, аммо на ҳама имкони сафар ва ҷарроҳӣ кардан дар хориҷро доштанд. Бинобар ин имрӯз барои мо воқеан як хушбахтӣ аст.»

Бино ба пажӯҳиши ахири пажӯҳишгоҳи илмии акушери-гинекологӣ, ба далели афзоиши бемориҳои сироятӣ имрӯз ҳар чорумин оила дар Тоҷикистон аз бефарзандӣ азият мекашад.

Шамсиддин Қурбонов, раҳбари маркази тиббии "Насл"
Шамсиддин Қурбонов, раҳбари маркази тиббии "Насл"
Бо ҳадафи кӯмак ба чунин оилаҳо соле қабл дар кишвар маркази тибии «Насл» ба фаъолият шурӯъ кард, ки бо роҳи ҳамли сунъӣ ба оилаҳои бефарзанд умед мебахшад. Ҳомиладоркунии сунъӣ, дар аксар дигар кишварҳо як таҷрибаи оддӣ аст, аммо набуди муттахассисон ва имконоти хуби молӣ то имрӯз имкон намедод, ки дар Тоҷикистон ҳам аз он кор гирифта шавад. Бинобар ин мегӯяд, Шамсидиин Қурбонов танҳо коре, ки онҳо мекарданд, омода кардани занон ба ҳамли сунъӣ буд ва худи ин амалро хонаводаҳои безурёти тоҷик дар кишварҳои мисли Русияву Эрон ва Қазоқистон анҷом медоданд. Ҳоло афроди хоҳишманд метавонанд дар Тоҷикистон бо харҷи панҷ ҳазор доллар тавассути ҳамли сунъӣ соҳиби фарзанд шаванд.

Ба гуфтаи оқои Қурбонов аз 35 нафаре, ки амалиёти ҳамли сунъиро дар Тоҷикистон пушти сар карданд, имрӯз 10 - нафар интизори фарзанд ҳастанд: «Аз се як нафар дугоник ва ё сегоник таваллуд хоҳанд кард. Яъне имрӯз тиб ва мутахассисони мо имкони сад дар сад дорад, ки ин таҷрибаро дар Тоҷикистон истифода кунанд. Ҳар моҳ ҳудуди 4-5 оила барои ҳомиладоркунии сунъӣ омода карда мешаванд. Муроҷиат зиёд аст, аммо мутаассифона имкониятҳои молии мардум маҳдудтар аст ва на ҳама метавонанд ин миқдор маблағ пайдо кунанд. Аммо зина ба зина вақте малакаи касбии мутахассисон хуб ва дастрасӣ ба маводҳо осонтар мешавад, ин барнома ҳам арзон шудан мегирад.»

Аммо бо вуҷуди иддаои пизишкон, ки ҳомиладоркунии сунъӣ беҳтарин роҳи ҳифзи издивоҷҳо аст, дар Тоҷикистон ҳам ин амал ба бархе аз мухолифатҳо рӯ ба рӯ аст. На ҳама тарафдори аз ин роҳ соҳиби фарзанд шудани хонаводаҳоянд. Аммо мутахассиони маркази «Насл» таъкид мекунанд, ки ҳомиладоркуни сунъӣ дар кишвар танҳо аз тухмҳуҷайраҳои зану шавҳаре, ки дар ақди никоҳ ҳастанд, анҷом дода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол дугоникҳо, натиҷаи бобарори аввалин таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳамли сунъӣ ва фарзандони деринтизори як падару модари хушбахт соли аввали ҳаёт пурра дар таҳти назорати маркази «Насл» қарор хоҳанд дошт.

Пайёми хуши табибон ба оилаҳои безурёти тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00
XS
SM
MD
LG