13 соли интизорӣ ва якбора ба дунё омадани ду тифл дар соли 2013 манзили орому сокити Абдуллоевҳоро ба хонаи хушбахтиҳо табдил дод. То расидан ба ин орзу Ҳафизулло ва Тоҳира дари чандин табобатгоҳро дар дохилу хориҷи кишвар кӯфта буданд. Он ки табибон илоҷи мушкилашонро намеёфтанд, барояшон сахт, аммо умедашон ҳамоно қавӣ буд. Ва билохира дар моҳи декабри соли 2013 ва бо кӯмаки табибони маркази “Насл” ин хонавода соҳиби фарзанд шуд. Ва якбора соҳиби дугоник!.
Ҳафизулло Абдуллоеви 31-сола мегӯяд, бо мурод дугоникҳояшонро Ҳасану Ҳусейн ном ниҳодаанд. Ӯ гуфт, «ман бо ҳамсарам хешутаборем. Тӯли ин муддат наметавонистем фарзанддор шавем. Барои табобат ба Чин ҳам рафтему ба Эрон ҳам. Натиҷа надод. Аммо умедамонро наканда, рӯ ба Худо доштем.»
Ҳафизулло мегӯяд, то ду соли пеш дар шаҳри Исфара ба сар мебурданд. Аммо чун аз таъсиси маркази “Насл” дар Душанбе огоҳ шуданд, ба хотири табобат ва бо умеди фарзанддор шудан ба пойтахт кӯчиданд.
Ҳафизулло гуфт, дар бораи ин, ки онҳо мехоҳанд тариқи бордоркунии сунъӣ фарзандор шаванд, пайвандонашон огаҳ буданд. Гузашта аз ин, худи наздиконашон, ки пизишканд, барояшон истифода аз ин усулро тавсия кардаанд. Ҳафизулло мегӯяд, «дар моҳи март ҳамсарам ҳомила шуд. Мо дар аввал намедонистем, ки якбора соҳиби ду тифл мешавем, танҳо дар моҳи шашум огаҳ шудем. Аз рӯзи аввал то замони таваллуди тифлон ҳамсарам таҳти назорати кормандони маркази “Насл” буд. Писари якумам 3 килову 200 грамм ва дуввумӣ 2 килову 800 грамм вазн доштанд. Худи ман замони таваллуди онҳо дар зоишгоҳ мунтазир будам.»
Ба нақли Ҳафизулло, ин 9 моҳ барояш хеле деринтизор буд ва лаҳзаеро, ки бори аввал ҳарду тифлашро рӯи даст гирифт, ҳаргиз фаромӯш намекунад. Ҳоло ин ду дугоникҳо 25-рӯзаанд ва вазъи сиҳаташон хеле хуб аст. Ҳафизулло ва Тоҳира ҳамроҳ бо аъзои дигари хонавода шабу рӯз дар гирди ин навзодон парвонаанд ва ҳатто барои сонияе онҳоро танҳо намегузоранд.
Дар баробари Ҳафизулло ва Тоҳира соли 2013 барои боз чандин оилаи дигари тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ ба нохуни фарзанд зор буданд, бо баракати технологияҳои муосир ва бо кӯмаки пизишконимаркази тиббии “Насл” нишот овардааст.
Шамсиддин Қурбонов, раҳбари маркази тиббии “Насл” мегӯяд, ҳанӯз дар моҳи январи соли 2013 аввалин кӯдак, тариқи ҳамли сунъӣ дар Тоҷикистон ба дунё омад ва то охири сол теъдоди чунин навзодон ба 10 расид. Ин пизишки варзида мегӯяд, «Дар соли 2013 ин беҳтарин тӯҳфа дар соҳаи тандурустӣ барои мардуми Тоҷикистон буд, ки имкон пайдо карданд, то дар ҳудуди кишвари худ аз тамоми имкониятҳои тибби муосир барои фарзанддор шудан истифода баранд. Тӯли ин як сол бо истифода аз усули ЭКО 10 навзоди солим ба дунё омад ва хонаҳои волидайнашонро пур аз садои кӯдакона кард. Мо сари истифода аз ин барнома таҷрибаҳои зиёд кардем ва дар асоси оморе, ки дар даст дорем, танҳо 5 ва ё 6 нафаре, ки бо истифода аз технологияи мо ҳомила шуданд, исқоти ҳамл карданд. Аммо мо ягон касро ноумед намегузорем ва онҳо имкон доранд, боз бахти худро бисанҷанд ва бори дуюм ё сеюм ва аз ин технология ба таври ройгон истифода баранд. Чун ман ҳамчун пизишк намехоҳам, ки ягон оила аз маркази мо ноумед равад.»
Шамсиддин Қурбонов мегӯяд, соли 2013 аз он лиҳоз муҳим буд, ки тавассути ин марказ беш аз 300 амалиёти эндо-видео-ҷарроҳӣ анҷом шуд, ки барои табобати безурётӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин ҳамагӣ як ҳафта пеш ин марказ бо арзиши 37 ҳазор доллар таҷҳизоти муосирро ба кишвар ворид кардааст.
Аммо ин пизишк аз соли 2014 интизороти бештаре дорад. Ӯ мегӯяд, дар моҳи январ ин марказ профессор Якобс Леврон, табиби маъруфи исроилиро ба Душанбе даъват кардааст ва барои аввалин бор бо истифода аз фанновариҳои муосир безурётии наздик ба 30 нафарро табобат хоҳанд кард. Яъне даричаи умед барои боз дастикам 30 хонаводаи бефарзанд дар Тоҷикистон боз мешавад. Умед ба инки як рӯз аз хонаи онҳо низ садои хандаи ширини ҷигарбандашон баланд хоҳад шуд.