Хуршед Маҷидов, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 9-10 май дар шаҳри Питешти Руминия баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ӯ ягона варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфуз намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Раҳматшо Камолов, муовини сардори шӯъбаи варзиш ва таълимоти олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод.
Ёдовар мешавем, Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 2-3 май дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуда буд, соҳиби медали нуқра гардидааст.
Хуршед дар ин мусобиқа дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Марио Гентнер (Олмон) ва Энеҷ Мариник (Словения) ва Кемал Каитов (Русия) ба финал баромад. Вале Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Инал Тасоеви русиягӣ шикаст хӯрд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо дар Олмон 661 варзишгар (370 писар ва 21 духтар) аз 37 кишвар иштирок доштанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 24 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Ҷопон (5-0-2) ҷойи дувум ва мунтахаби Бразилия (2-1-2) ҷойи севумро гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва як ҷойи ҳафтум ҷойи 9-умро соҳиб шуд ва аз 28 кишвар пеш гузашт.