Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи пулиси Русия барои латту кӯби муҳоҷири тоҷик


Амалиёти наҷоти Саид Саидҷонов -- муҳоҷири 30-солаи тоҷик 7 соат идома кардааст. Саидҷонов аз сӯи маъмурони пулиси Русия латту кӯб шуда, дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфтааст.

Мақомоти интизомии Русия алайҳи Евгений Нарушев - корманди ГАИ ё бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Ханти-Мансийски Русия барои латту кӯби муҳоҷири 30-солаи тоҷик - Саид Саидоҷонов парванда боз кардааст. Ин парвнада рӯзи 4 марти соли ҷорӣ ва бар асоси моддаи 286-и қонуни ҷиноии Русия итифтоҳ шуда, Нарушеав барои "суистифода аз мақом" ва "расондани осеби ҷиддӣ ба саломатии Саид Саидҷонов" айбдор мешавад.

Сергей Салков - раҳбари шӯъбаи байниноҳиявии тафтишот, ки парвандаро боз кардааст, гуфт, дар ин бора телефонӣ маълумот дода наметавонад. Вале Радиои Озодӣ қарори шӯъбаи тафтишоти байниноҳиявии Ханти-Мансийскро бо имзои Александр Кабуркин, муфаттиши калони шӯъбаи тафтишот дар ин бораро дастрас кардааст. Ҳоло расидагӣ ба ин парванда идома дорад ва ба додгоҳ ирсол нашудааст.

7 соат - амалиёти наҷоти муҳоҷир

Бадани Саид Саидҷонов баъд аз рухсат шуданаш аз беморхона
Бадани Саид Саидҷонов баъд аз рухсат шуданаш аз беморхона

Нарушев якҷоя бо ҳамкори худ Анатолий Макаров рӯзи 1 феврали соли 2015 дар яке аз хиёбонҳои шаҳр Саид Саидҷоновро ба гунае латту кӯб кардаанд, ки вай дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфтааст ва амалиёти наҷоти вай 7 соат идома кардааст. Ба нақли худи Саидҷонов, вай баъд аз 35 рӯзи муолиҷа акнун бо шиками сӯрох ва халтаи пластикие дар зери бағал ва пайваст бо кӯррӯдааш аз бемористон рухсат шудааст.

Сабаби латту кӯб ин будааст, ки вай мошинро дар назди яке аз хонаҳо нодуруст гузоштааст, яъне яке аз чархҳои ақиби мошин болои девораки канори роҳ ё "бордюра" баромадааст. Баъд аз тафтиши ҳуҷҷатҳо ин ду корманди ГАИ Саидҷоновро ду ҳазор рубл ҷарима бастаанд. Ронанда ин маблағро супурдаст ва дар протокол низ имзо гузоштааст. Вале кор бо ин тамом нашуда ва аз ҳамин ҷо моҷаро сарчашма гирифтааст.

Айби ҳуҷҷати ронандагии Тоҷикистон?

Саидҷонов мегӯяд, бо худ ҳуҷҷати ронандагии байналмилалӣ дошт ва бо он ҳаққи ронандагӣ дар ҳар кишвар, аз ҷумла дар Русияро дорад. Вале чун ин ҳуҷҷатро Тоҷикистон ба вай додааст ва он ба забони англисӣ ва тоҷикӣ навишта шудааст, кормандони ГАИ-и Ханти Мнсийск эътироз кардаанд, ки вай бо ин ҳуҷҷат ҳаққи ронандагӣ дар қаламрави Русияро надорад. "Сипас, ҳуҷҷатро бо худ бурда ва гуфтанд, метавонам онро рӯзи дигар дар шӯъбаи пулиси шаҳр бигирам. Вале рӯзи дигар онҳо гуфтанд, аз ман ҳеҷ ҳуҷҷат нагирифтаанд ва гӯиё онро худам нобуд карда бошам,"-нақл кард Саидҷонов.

Баъдан ба гуфтаи ин муҳоҷири тоҷик, пас аз дархостҳои зиёд ва илтиҷояш маъмурони БДА гуфтаанд, баъд аз ду рӯз дубора муроҷиат кунад ва онҳо ҳуҷҷатро ба вай пайдо карда медиҳанд.

Ин нукта низ бояд ёдоварӣ шавад, ки Саидҷонов ҳар ду дафъа ҳам бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ савори мошин ба шӯъбаи пулис ҳозир шуда буд ва ин ҳолатро Нарушев ва Макаров медонистанд, чун ҳуҷҷат дар дасти худашон буд. Бино бар ин, рӯзи дувум вайро таъқиб карда ва дар яке аз чорроҳаҳои шаҳр пеши роҳашро бастаанд. "Аз мошин пиёда шуда ва ҳамла карданд,"-ба ёд меорад Саид Саидҷонов.

"Кӯррӯдааш дарида..."

Бино ба гуфтаи ҷабрдида, зарбаи нахустро бо зону Нарушев ба шиками Саидҷонов задааст. Чун Саидҷонов аз ҳуш рафтааст, зарбаҳои дигарро дар ёд надорад. Вале Эдуард Юревич, вакили мудофеи вай бо такя ба хулосаи пизишкон ба Радиои Озодӣ гуфт, аъзои дигари бадани вай, аз ҷумла сараш низ осеб дидааст.

Чун ин латту кӯб дар кӯча рух додааст, Саидҷоновро дар ҳолати беҳушӣ бо мошини худ ба шӯъбаи пулис интиқол медиҳанд ва дар “обезянник” мепартоянд. Вале вай дар он ҷо ба ҳуш меояд ва аз дарди ҷонкоҳ ба худ мепечад. Аз Нарушев ва Макаров илтиҷо мекунад, ёрии таъҷилиро даъват кунанд ва вайро наҷот диҳанд, аммо онҳо бо таҳдиду тамасхур илтиҷояшро рад кардаанд. "Касе ёрии таъҷилиро даъват кардааст ва ёрии таъҷилӣ се бор рафта меояд, вале ва ин ду корманди ГАИ Саидҷоновро ба ёрии таъҷилӣ намедиҳанд ва мегӯянд, бояд худаш бо пои худ ба бемористон равад ва аслан дар бораи ин ҳодиса дар ҷое ба касе лаб во накунад,"-гуфт вакили мудофеъ.

Саидҷонов маҷоли ба пои худ рост истоданро надошт ва наметавонист “дархост”-и онҳоро ба ҷо орад. Саранҷом бори чаҳорум мошини ёрии таъҷилӣ меояд ва пизишкон вайро рост ба мизи ҷарроҳӣ мебаранд.

Эдуард Юревич, вакили мудофеъ аз қавли пизишкон мегӯяд, дар сурати таъхир имкон дошт Саидҷонов ҷон диҳад, чун аз зарбаи сахт кӯррӯдааш дарида ва фаъолияти узвҳои даруниаш фалаҷ шуда буд. Дар давоми 7 соати ҷарроҳӣ пизишкон ҳамзамон узвҳои дарунии вайро пок мекунанд ва ӯро наҷот медиҳанд. Вале кӯррӯда аз кор баромада буд ва дигар наметавонист фаъолияти худро давом диҳад. Ба ин далел пизишкон ба он рӯдаи пластикӣ дӯхтанд ва онро берун кашиданд.

35 рӯзи табобат

Пизишкон баъд аз 35 рӯзи муолиҷа вайро аз бемористон рухсат кардаанд, вале қавл додаанд, баъд аз чаҳор моҳи дигар, вақте ки захми кӯррӯда шифо меёбад, онро дубора ҷарроҳӣ мекунанд ва ба ҷояш бармегардонанд.

Саидҷонов барои зинда монданаш шукр мекунад ва чунин ба назар мерасад, ки ҳавсалаи даъво ҳам надорад. Вале дӯстдухтари вай Надежда Чудесова, сокини шаҳри Ханти-Мансийск мехоҳад, ҳақиқат пируз шавад. Вай дар рӯзҳое, ки Саид дар бемористон муолиҷа мегирифт, ба Раёсати Кумитаи тафтишоти шаҳр роҷеъ ба ин латту кӯби дӯстписари худ шикоят бурд, то бар зидди Нарушев парванда боз кунанд. Вай як ҷо бо вакили мудофеъ хулосаҳои пизишкӣ ва асноди заруриро ба ин ниҳод пешкаш карданд.

Ҳоло Эдуард Юревич мегӯяд, вай барои дифоъ аз парвандаи Саидҷонов ҳаққи хидмат нахоҳад гирифт, он гуна ки бемористон ҳам барои ҷарроҳӣ ва 35 рӯзи муолиҷа ба ҷои 200 ҳазор рубл танҳо 35 ҳазор рубл гирифтааст ва онро ҳам дӯстони Саидҷонов ҷамъоварӣ кардаанд.

Сабти муҳими дурбинҳои назоратӣ

Мо шумораҳои телефони ҳам Нарушев ва ҳам Макаровро пайдо кардем. Бо вуҷуди он ки занг мегузарад, онҳо ба зангҳои такрор ба такрори Радиои Озодӣ ҷавоб надоданд. Вакили мудофеъ мегӯяд, ин ду нафар ба зангҳои телефонии вай низ ҷавоб намедиҳанд ва зуд-зуд шумораҳои худро иваз мекунанд.

Вале онҳо дар баёноти худ навиштаанд, ки Саидҷонов ба либоси низомии онҳо дастдарозӣ кардааст ва онҳо дар ҷавоб бо “чунин зарба аз вай халос” шудаанд. Шояд ба ин даъвои онҳо дар Кумитаи тафтишот бовар мекарданд. Вале ба бахти Саидҷонов яке аз камераҳои назоратии роҳ лаҳзаҳои латту кӯбро сабт кардааст ва Нарушев ҳангоми додани баёнот камераҳоро комилан аз ёд бурдааст.

Вакили мудофеъ, ки ин сабтҳоро аз аввал то охир борҳо бо Кумитаи тафтишот як ҷо тамошо кардаанд, мегӯяд, Саидҷонов ба либоси низомии кормандони пулис аслан дастдарозӣ накардааст. Ин сабтҳо дар Кумитаи тафтишоти шаҳри Ханти-Мансийск маҳфуз аст ва дархостҳои такрор ба такрори Радиои Озодӣ барои ба даст овардани наворҳо натиҷа надод. Онҳо мегӯянд, то баргузории мурофиаи додгоҳӣ ҳақ надоранд, ин наворҳоро расонаӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG