Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин ҳодисаи мубталоӣ ба Эбола дар ИМА ошкор шуд


Маркази назорат ва ҷилавгирӣ аз бемориҳои ИМА хабари нахустин мубталоӣ ба вабои Эбола дар қаламрави кишварро таъийд кард.

Раҳбари ин марказ Томас Фриден рӯзи чаҳоршанбе гуфт, марди мубталои маризӣ сокини кишвари африқоии Либерия аст ва барои дидорбинии пайвандонаш ба аёлати Техас омадааст. Шаш рӯз баъд аз вуруд ба қаламрави Амрико ӯ ба табибон муроҷиат кард ва пас аз ду рӯзи дигар дар бемористони вижа дар шаҳри Даллас бистарӣ шуд.

Ба гуфтаи Томас Фриден, эҳтимолан нишонаҳои Эбола дар баъзе одамоне ҳувайдо шаванд, ки бо ин мубталои маризӣ дар тамос буданд. Талоши ошкор кардани ин гуна афрод ва ташхиси тиббии пайвандони сокини Либерия шурӯъ шудааст. Ҳамзамон Фриден изҳори итминон кард, ки аз паҳншавии маризӣ дар Амрико ҷилавгирӣ хоҳад шуд.

Бар асари хурӯҷи вабои Эбола дар чанд кишвари Африқои Ғарбӣ беш аз 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG