Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домулло Ҳикматуллоҳ: “Итоат аз подшоҳ амри воҷиб аст”


Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ
Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистон аз мардум хостааст, дар охири ҳар намозашон дар ҳаққи раҳбарон, бахусус раисиҷумҳур, дуои хайр кунанд.

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, рӯҳонии шинохтаи суннатгарои тоҷик, дар як сӯҳбати худ итоат аз сарварон, бахусус "итоат ба подшоҳ"-ро воҷиб дониста таъкид кардааст, ин нукта дар мазҳаби Имоми Аъзам, ки аксари кулли сокинони кишвар пайрави ҳамин равияанд, низ ҷойгоҳи хос дорад. Матни ин сӯҳбати Домуллои Тоҷикободӣ ба тозагӣ дар торнамои нави Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ки баъд аз ду моҳ дубора фаъол гардид, чоп шудааст. Аммо худи сӯҳбат, ба гуфтаи афроди огоҳ, дар тобистони соли ҷорӣ дар Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар сурат гирифтааст.

Рӯҳонии шинохтаи тоҷик дар ин сӯҳбат дар бораи “бидъат” ба масъалаи "итоат аз подшоҳ" низ дахл карда ва гуфтааст, “амри итоат намудан ба подшоҳ... дар чандин аҳодис зикр гардидааст. Инчунин, дар ақидаи аҳли мазҳаби ҳанафӣ итоат намудан ба подшоҳ амри воҷиб мебошад.” Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ барои тақвияти ҳарфҳояш аз Абӯҳанифа мисол овардааст: “Пешвои мазҳаби мо Имоми Аъзам шогирди худ Абуюсуфро насиҳаткунон мегӯяд, “подшоҳро эҳтиром намо ва манзалаташро гиромӣ дор”.

Ӯ бештар дар бораи бидъат ё ҳар чизи нолозим дар Шариати Ислом суҳбат карда, аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 сол боз зимоми қудратро дар даст дорад, тавсиф намудааст. Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ аз мардум хостааст, дар охири ҳар намозашон дар ҳаққи раисиҷумҳури Тоҷикистон дуои хайр ё нек кунанд: “Дуо мекунем, Худои мутаол ҳамаи мардуми кишвари моро дар сояи раҳмати худ нигаҳ дорад, сулҳу ваҳдат ва суботу истиқрорро дар сарзамини мо абадӣ гардонад. Ба роҳбаронамон, бахусус ба Ҷаноби Олӣ, дуои сиҳатмандӣ ва тавфиқу баракат мекунем. Даъват мекунам аз ҳамаи мусулмонони кишвар, ки биёед, пас аз намозҳои худ дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ дуои нек кунем.”

Ин бори аввал нест, ки рӯҳониёни тоҷик дар суҳбатҳои алоҳидаву мавъизаҳояшон аз мардум мехоҳанд, дар ҳаққи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дуои хайр кунанд. Аз ин пештар, моҳи майи соли ҷорӣ Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ низ дар хутбаи намози ҷумъааш аз мардум талаб карда буд, то аз бадгӯии президент бипарҳезанду ба ҷои он дуои нек гӯянд. “Раҳбари давлатро эҳтиром кунед, бад гуфтани раҳбари давлат ғазаби Парвардигорро меорад,” - таъкид дошта буд ӯ.

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ аз рӯҳониёни маъруфи суннатгарои Тоҷикистон аст, ки дар ноҳияи Тоҷикободи водии Рашт ба сар мебарад. Ин рӯҳонии 73-сола таълимоти аввалия ё ибтидоии диниро дар даврони Шӯравии собиқ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, баъдан дар мактаби Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пайравони Домуллоҳ Ҳикматуллоҳ ба шумо рафта, дар ҳар сафараш ба водии Рашт бо ӯ алоҳида мулоқот мекунад.

XS
SM
MD
LG