Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Кандани "Мошоллоҳ"-у "Бисмиллоҳ" аз мошинҳо дар роҳҳои Хатлон


Пулиси роҳ дар як ҳафтаи охир дар роҳҳои вилояти Хатлон аз дастикам 199 мошин навиштаҷоте, ба мисли "Мошоллоҳ"-у "Бисмиллоҳ"-ро баркандааст. Пулис аммо мегӯяд, ин ҳама ба хотиир таъмини амнияти ҳаракат дар роҳҳост.

Пулиси роҳ дар вилояти Хатлон барои барчидани навиштаҷоте, чун “Бисмиллоҳ”, “Мошоллоҳ”, “Оллоҳ” ва монанди инҳо, аз мошинҳои сабукрав ва боркаш амалиёти махсус баргузор мекунад.

Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ё БДА имрӯзҳо дар роҳҳои вилояти Хатлон мошинҳоро нигоҳ медоранд ва лавҳаю навиштаҷот ё ашёву ороиши, ба ақидаи онҳо, нозарурро мекананд. Барои барчидани чунин чизҳо аз мошинҳои боркаш ва сабукрав дар вилоят 79 амалиёти поксозии мошинҳо аз навиштаҷот ва ашёи нолозим ҷараён гирифтааст ва ин маърака идома дорад.

Аз шиша ва борту буфери мошинҳо асосан шиорҳое, мисли “Бисмиллоҳ”, “Мошоллоҳ”, “Оллоҳ” ва монанди инҳо канда мешаванд. Кормандони пулиси роҳ мегӯянд, чунин чизҳо сабаби ноамнӣ дар роҳҳо мешавад, зеро ронандагон ба хондани навиштаву тамошои лавҳаҳо саргарм шуда, ба нақзи қоидаҳои ҳаракати нақлиёт роҳ медиҳанд.

Ёрмуҳаммад Давлатов, сухангӯи пулиси роҳи вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар як ҳафтае, ки амалиёти поксозии мошинҳоро гузаронидаанд, 199 ронандаро, ки дар мошинҳояшон навиштаҷоти, ба гуфтаи ӯ, “бемаънӣ” будааст, ҳушдор додаанд ва чунин ашёи нолозимро аз мошинҳокандаанд.

Ҷаноби Давлатов мегӯяд, ки ҳадаф аз ин амалиёт дар миёни ронандагон ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётист: “Ҳар навиштаҷоте, ки дар мошинҳо ҳаст, ба дигар ронандагон халал мерасонад. Ронандагон худашон хонда наметавонанд, масалан, як ронанда номи Оллоҳро дар қафои мошинаш менависад, ки дуруст нест.”

Ин ронандагон тибқи банди 333-и Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон -- риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси зарар мешаванд, аз ним то як нишондиҳанда, яъне аз 20 сомонӣ то 40 сомонӣ ҷарима ҳам баста мешаванд.

Саидислом, ронандае аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар чунин амалиёти пулиси роҳ ба даст афтодааст, мегӯяд, ӯ ҳам тарафдори барчидани навиштаҷоти исломӣ ва нозурар аз мошинҳост: “Дар роҳ бо суръати зиёд ҳаракат мекунӣ, ки чашмат ба навиштаҷоте мехӯрад, ки мехонӣ, дар ҳамин ҳол, хатари ба садама рӯ ба рӯ шудан ҳаст. ”

Аммо Рустам Сафаров, як сокини вилояти Хатлон мегӯяд, ки навиштаҷоти динӣ ва дигар навиштаҳо дар шиша ва дигар ҷои мошинҳо сабаби сар задани садамаҳои нақлиётӣ шуда наметавонад. Ӯ изҳори шигифт мекунад, ки барои ӯ чӣ пулиси роҳ маҳз навиштаҷоти исломиро аз мошинҳо мегирад: “Ин як муаммост, ки чаро навиштаҷоти исломӣ аз мошинҳо канда мешавад? Будани навиштаҷот дар мошин сабаби садама шуда наметавонад, чун мо медонем, ки воситаҳои нақлиёт аз муоинаи нақлиётӣ намегузаранд ва роҳҳое, ки дар Хатлон ҳастанд, бештарашон хароб ҳастанд ва ин сабаби асосии садамаҳои нақлиётист, на навиштаҷоти исломӣ ва дигар навиштаҳо дар мошинҳо.”

Дар ҳоле ки дар мошинҳо навиштаҷоти зиёде ба чашм мерасад, асосан мошинҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки навиштаҷоти исломӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки аксари ронандагон мегӯянд, чунин лавҳаҳо як андоза барои қуввати дил ҳам ҳаст, ки ҳамаро дар роҳҳо Худо нигаҳдор бошад. Кормандони БДА дар посух мегӯянд, ҳадафи онҳо танҳо лавҳаҳои динӣ не, балки ҳама чизест, ки метавонад ба ҳаракати амни нақлиёт дар роҳҳо хатар эҷод кунад.

Дар вилояти Хатлон барчидани навиштаҷот аз мошинҳо дар ҳоле ҷараён дорад, ки соли гузашта пулис ронандагонеро, ки дар мошинҳояшон таронаҳои мазҳабӣ ва ё амри маъруфи рӯҳониён садо медод, низ ҷарима мекард ва сабтҳои онҳоро мусодира менамуд.

Давлатёр, ронандаи кирокаше аз ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки пештар дар мошинаш амри маъруф садо медод, вале пулиси роҳ ӯро ҳушдор дод, ки дигар ин амри маъруфро дар мошин гӯш накунад: “Зарарашро намедонам, вале ҳанӯз ҳам манъ мекунанд. Худамро як корманди БДА манъ кард, ки дар мошинат амри маъруф намон. Баъди ин амри маъруфамро дар хона гузоштам. Саидмӯъминро дар Фахробод манъ карданд, Аҳмадро дар Қӯрғонтеппа қарор дода, низ гуфтанд, ки дигар амри маъруф гӯш накунед.”

Идораи пулиси роҳи Хатлон дар мавриди пешгирӣ аз шунидани амри маъруф дар мошинҳо изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки онҳо танҳо ба хотири оромии атрофиён намегузоранд, ки ронандагон дар мошин таронаҳову наворҳои дигарро бо садои баланд пахш кунанд.

Аввалҳои соли ҷорӣ шаҳрдории Душанбе низ тасмим гирифта буд, ки “ба хотири таъмини осудагии мусофирон” мусиқӣ ва таронаҳоеро, ки дар дохили мошинҳо, автобусҳо ва минибусҳо садо медиҳад ба танзим дарорад.

Бар пояи омори расмӣ, дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 242 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст. Аммо оморе вуҷуд надорад, ки чӣ теъдод аз ин ҳодисаҳои нохуш бар асари ваё ҳангоми хондани навиштаҷоти мошинҳои дигар аз тарафи ронандагон рух додааст.

XS
SM
MD
LG