Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даст(но)расӣ ба Youtube: Мушкили фаннӣ ё "омили беруна"?


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастнорас шудани сомонаи Youtube аз тариқи бархе ширкатҳоро мушкили фаннии худи ширкатҳо меномад. Вале ширкатҳо ишора ба "омили беруна" мекунанд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, масдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи Youtube аз тариқи бархе ширкатҳои провайдерӣ мушкили фаннии худи онҳост ва рабте ба Хадамоти алоқа надорад.

Як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 9 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Youtube дар Тоҷикистон масдуд карда нашудааст ва агар аз тариқи бархе аз фароҳамкунандагони Интернет боз карда нашавад, ин мушкили фании худии ин ширкатҳост, на аз Хадамоти алоқа. Ин ҳамсӯҳбати мо бидуни бурдани ном гуфт, агар Youtube аз сӯи Хадамоти алоқа масдуд мешуд, онро корбарон аз тариқи ягон провайдер кушода наметавонистанд. Вале, мегӯяд ӯ, ин шабака тавассути ширкатҳои Мегафон, Телеком Техноложӣ ва чанд ширкати дигар бидуни кадом мушкил боз мешавад.

Ва аммо як намояндаи масъули ширкати “Вавилон”, ки бештар корбарони Интернет аз тариқи ҳамин ширкат аз масдуд шудани дастрасӣ ба Youtube шикоят доранд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “таҳқиқи субҳи 9 июл дар пайи шикоёти корбарон анҷомдодаи онҳо нишон дод, ки мушкили дастрасӣ ба Youtube аз дохили ширкат нест.” Вале ин ҳамсӯҳбати мо аз шарҳи бештар дар ин бора ки оё кӣ аз берун метавонад монеи дастрасии корбарони “Вавилон” ба Youtube шавад?, худдорӣ кард, вале ишораи ӯ зоҳиран ба ин аст, ки дар роҳи Youtube дар Тоҷикистон дар сатҳи болотар аз ширкатҳо филтр гузоштаанд.

Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернет дар Тоҷикистон, низ бо такя ба шикоятҳои расида тасдиқ кард, ки дастрасӣ ба Youtube аз тариқи ҳадди ақал “Вавилон” мушкил шудааст. Вале, афзуд ӯ, бояд таҳқиқ кард, ки ин мушкили фаннист ваё дигарбора масдуд шудани ин шабака дар Тоҷикистон боз ҳам иқдоме ҳадафмандона аст.

Шикоятҳо аз дастнорас шудани Youtube аз шоми 8 июл ибтидо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Ба як пурсиши мо дар ин бора дар шабакаи Фейсбук корбарон навиштанд, ки Youtube нафақат дар Вавилон, балки аз тариқи Tcell ҳам боз намешавад. Ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, аз тариқи ширкати “Сатурн” Youtube бо http масдуд аст, вале бо https ҳанӯз боз мешавад. Аммо дар як форуми Фейсбук корбаре гуфтааст, ки Интернеташ аз "Мегафон" аст ва Youtube аз ин тариқ кушода мешавад.

Дар як моҳи охир бори дувум аст, ки дастрасӣ ба шабакаи пуртамошобини Youtube дар Тоҷикистон дучори мушкил мешавад. Дафъаи қаблӣ дастрасӣ ба сомонаҳои Ютуб, Google ва Gmail аз тариқи тақрибан ҳамаи ширкатҳои дастраскунанда аз 9 июнмасдуд шуда, танҳо рӯзи 20 июн ин шабакаҳо дубора дар Тоҷикистон боз шуданд. Хадамоти алоқа он дафъа ҳам ҳар навъ даст доштанаш дар эҷоди маҳдудият дар роҳи дастрасӣ ба Youtube ва Google ва Gmail-ро рад карда буд.

Дар солҳои 2011-2013 низ Youtube дар Тоҷикистон чандин бор дастнорас шуда буд. Ин кор маъмулан дар рӯзҳои нооромиҳо дар ин ё он гӯшаи Тоҷикистон ваё дар пайи нашри наворҳои пурсарусадое дар ин шабака, ба мисли навори тӯйи писари раисиҷумҳур Рустами Эмомалӣ, иттифоқ меуфтод. Аммо ин бор маълум нест, ки далел ё иллати дастнорас шудани Youtube чист?

XS
SM
MD
LG