Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Google, YouTube ва Gmail - маҳдудият идома дорад (ВИДЕО)


Корбарон дар Тоҷикистон мегӯянд, панҷ рӯзи охир маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаҳои маъруфи интернетиро эҳсос мекунанд.

Абӯмуслим Ҳакимов, як сокини шаҳри Ваҳдат, ба иллати аз кор мондани Google дар Тоҷикистон панҷ рӯз боз наметавонад аз нармафзорҳои телефони ҳушманд ё андроиди худ истифода кунад. “Самсунг”-и 600-долларии ӯ акнун мисли телефонҳои оддӣ танҳо барои занг задан истифода мешаваду халос.

Абӯмуслим, мегӯяд низоми кори телефонҳои ҳушманд ба барномаҳои Google вобаста аст ва агар барои бисёриҳо баста будани Google танҳо дастрасӣ ба YouTube-ро қатъ карда бошад, барои афроде мисли ӯ зарфиятҳои телефонро низ баҳам задааст:

«Телефонҳои Андроид бе Google кор намекунад. Аз ман системаи Google Play аст, тамоман телефонам аз кор монд, ғайр аз занг задан дигар кор карда намешавад. Барои тамошои бозии футболи Ҷоми ҷаҳон як нармафзор хариданӣ будам, аммо телефон аз кор мондааст. Google, ки кор накард ин телефонҳо ба ҳеҷ чиз ба кор намеравад», гуфт ӯ.

Абӯмуслим меафзояд, дар ин бора ба Мегафон, ки симкорташ аз ҳамин ширкат аст, муроҷиат кардааст, аммо натавонистаанд мушкилашро ҳал кунанд. «Ширкати Мегафон занг задам, гуфтанд, ки таъмири техникӣ рафта истодааст. Аммо як нафараш гуфт, ки ин Googleро махкам кардаанд».​

Google, YouTube ва Gmail на танҳо барои муштариёни Мегафон, балки ҳамчунин корбарони “Вавилон”, “Сатурн”, Tcell, “Мегафон” ва “Билайн” низ маҳдуд шудааст.

Як пурсиши сарироҳии хабарнигори Радиои Озодӣ ва сар задан ба Интернет-кафеҳои шаҳри Душанбе низ маълум кард, ки ҳоло ҳам сомонаи YouTube ва Google бо ҳамаи бахшҳояш дар аксар чунин марказҳои интернетӣ масдуд аст.


Ҳабиб, корманди як маркази интернетӣ дар Душанбе гуфт, ки бо баста шудани YouTube ва Google ҳатто муштариёни онҳо ҳам кам шудааст. Вай гуфт, аксари онҳое, ки ба марказашон меоянд, дар баробари дигар сомонаҳо бештар аз YouTube истифода мебаранд, ки бо масдуд шудани он шояд ба суроғи дигар интернет-кафеҳо мераванд.

Азизбеки Ҳалим, як ҷавоне, ки бо ӯ дар интернет-кафе вохӯрдем, дар ҳоли истифода аз сомонаи «Одноклассники» буд ва ҳам гаштаву баргашта сомонаи YouTube-ро мехост боз кунад, аммо талошаш бенатиҷа буд. Азизбек гуфт, қаблан ба ин маркази интернетӣ омада вақти холии худро ба тамошои наворҳои ҷолиб аз YouTube мегузаронд. Аммо ҳоло наворҳои тоза ба интернет роҳёфтаро танҳо аз дигар сомонаҳо ба мисли «Одноклассники» тамошо мекунад, ки ба гуфтаи вай, хеле доирааш маҳдуд аст.

Дар ҳамин ҳол Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет рӯзи 13 июн ба Озодӣ гуфт, то ҳол сабаби дастнорас шудани ин сомонаҳо маълум нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, баста шудани чунин сомонаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба обрӯи кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Гузашта аз ин узви созмонҳои ҷаҳонӣ будани Тоҷикистон намегузорад, ки дастрасӣ ба иттилот маҳдуд карда шавад: "Тоҷикистон узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат аст ва маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот хилофи меъёрҳои ин созмон аст».

Бо вуҷуди он ки ширкатҳои провайдерӣ аз шарҳи сабабҳои баста шудани YouTube худдорӣ мекунанд, бархе манобеъ дар ин ширкатҳо чун дар мавридҳои қаблии баста шудани YouTube ба сӯи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ишора доранд.

Аммо мақомоти Хадамоти алоқа, ки назорати бозори телефону Интернети Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, мегӯянд, баста шудани сомонаи YouTube дар Тоҷикистон рабте ба онҳо надорад ва ин идора ба ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет ҳам дастуре дар ин бора надодааст.
XS
SM
MD
LG