Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тоҷикистон дар минтақа аз ҳама кам муштарии интернети мобилӣ доштааст


Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои ИДМ дар бораи истифодаи интернети мобилӣ дар ҷойи охир қарор гирифтааст.

Ширкати J’son & Partners Consulting дар як пажуҳиши худ собит кардааст, ки миёни кишварҳои ИДМ аз ҳама бештар дар Арманистон аз зарфиятҳои мобилии интерент истифода мекунанд, аммо Тоҷикистон дар зинаи охир қарор дорад. Ин пажуҳиш бо дарназардошти шумораи аҳолӣ дар асоси истифодаи интернети мобилии ҳар 100-уми нафаре, ки ба интернет пайваст аст тадқиқот анҷом додаст.

Аз рӯи ин пажуҳиш 21 дарсади онҳое, ки дар Тоҷикистон ба алоқаи мобилӣ дастрасӣ доранд, аз интертнети мобилӣ истифода мебурдаанд, ки миёни кишварҳои минтақа аз ҳама нишондоди паст будааст.

Дар ҷои аввал арманиҳо бо 68 дарсад ва Қазоқистон бо 67 дарсад дар ҷойҳои якуму дувум қарор доштаанд. Аммо Русия, ки 90 миллион муштарии ширкатҳои мобилӣ ё худ аҳолии соҳиби SIM-карт доштааст, бо 63 дарсад ҷойи севумро ишғол кардааст.

Ба ин тартиб дар минтақа Қирғизистон 35 дарсад, Узбакситон 33 дарсад ва Тоҷикистон 21 дарсад истифодабарандаи интернети молбилӣ доштаанд.

Бо ворид шудани шабакаи «насли чорум» (4G/LTE), ки аз моҳи майи соли 2014 ғайр аз Белорусия дигар ҳамаи кишварҳои ИДМ-ро фаро гирифтааст, натавонистааст рейтинги истифодабарандагони зарфиятҳои интернети мобилиро баланд кунад. Дар ҳоле, ки кишварҳои мазкур бо шабакаи насли сеюми 3G таъминанд. Дар ин пажуҳиш ҳамчунин омадааст, ки кишварҳои Озорбойҷону Тоҷикистон аз рӯихати кишварҳое, ки суръати аз ҳама зиёди шабакаи насли сеюми 3G –технология доранд берунанд, дар ҳоле ки дар дигар кишварҳои ИДМ ин суръат то ба 42 мегабит сония мерасад.

Нашри чунин як пажуҳиши ширкати J’son & Partners Consulting дар бораи дастраси аҳолӣ ба интернети мобилӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон бо сабаби масдуд будани сомонаи Google сокинон аз зарфиятҳои нармафзорҳои телефони ҳушманди насли нав истифода бурда наметавонанд.

Чанд рӯз пеш Абӯмуслим Ҳакимов, як сокини шаҳри Ваҳдат, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфта буд, ба иллати аз кор мондани Google дар Тоҷикистон наметавонад аз нармафзорҳои телефони ҳушманд ё андроиди худ истифода кунад. “Самсунг”-и 600-долларии ӯ акнун мисли телефонҳои оддӣ танҳо барои занг задан истифода мешаваду халос.

Абӯмуслим, мегӯяд низоми кори телефонҳои ҳушманд ба барномаҳои Google вобаста аст ва агар барои бисёриҳо баста будани Google танҳо дастрасӣ ба YouTube-ро қатъ карда бошад, барои афроде мисли ӯ зарфиятҳои телефонро низ баҳам задааст.

Сомонаҳои Google, YouTube ва Gmail дар ширкатҳои мобилии Мегафон, “Вавилон”, “Сатурн”, «Tcell», ва “Билайн” низ маҳдуд шудааст.

Бо вуҷуди он ки ширкатҳои провайдерӣ сабабҳои баста шуданиин сомонаҳоро расман шарҳ намедиҳанд, бархе манобеъ дар ин ширкатҳо чун дар мавридҳои қаблии баста шудани YouTube ба сӯи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ишора доранд.

Аммо мақомоти Хадамоти алоқа, ки назорати бозори телефону Интернети Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, мегӯянд, баста шудани сомонаи YouTube дар Тоҷикистон рабте ба онҳо надорад ва ин идора ба ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет ҳам дастуре дар ин бора надодааст.

Дар ҳамин ҳол Асомиддин Атоев, раиси созмони дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон бо ҳамоҳангии ширкатҳои таъминкунандаи интернет бо як нома аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостори мусоидат барои фаъол шудани ин сомонаҳо шудааст.
XS
SM
MD
LG