Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи дароз кардани муҳлати фаъолият бо шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар хабар додааст. Аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 12-уми май хабар доданд, ки қаблан қонунгузории Русия фаъолияти шаҳрвандони хориҷиро бо шаҳодатномаҳои ронандагии ғайрирусиягӣ манъ намуда буд, аммо бо сабаби он ки қисми бузурги ронандагон дар ин кишвар муҳоҷирони кориянд ва бо шаҳодатномаҳои хориҷӣ фаъолият мебаранд, муҳлати амали ин қонун то 1 июни соли 2015 мавқуф гузошта шудааст. Дар ҳолати мавриди амал қарор гирифтани ин санад муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик маҷбур мешаванд ё намуди фаъолияти худро тағйир диҳанд ё шаҳодатномаи ронандагии русӣ гиранд.