Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Инҷо Русия нест." Эътирози ҳазорон нафар дар Гурҷистон ба натиҷаҳои интихобот


Эътирози президент ва аҳзоби мухолифи Гурҷистон ба натиҷаҳои интихобот

Ҳазорон мухолифи ҳизби ҳокими “Орзуи гурҷӣ” дар шаҳри Тифлис, пойтахти Гурҷистон ҷамъ шуда талаб карданд, ки натиҷаҳои интихобот бекор шуда, овоздиҳии нав таъин карда шавад.

Ба навиштаи телеграм-канали Paper Kartuli, муътаризон дар назди бинои порлумон ҷамъ шуда, хиёбони Руставелиро бастанд. Ба ҳисоби Mapchecking, наздики 15 ҳазор кас дар намоиши эътирозӣ ширкат доранд.

Комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон эълон кард, ки 54,27 дарсади раъйдиҳандагон дар интихоботи рӯзи 26-уми октябр ба ҳизби ҳокими "Орзуҳои гурҷӣ" овоз додаанд. Чор ҳизби мухолифи Гурҷистон ва ҳам раиси ҷумҳури ин кишвар Саломе Зурабишвили натиҷаҳои интихоботро қабул надоранд. Онҳо мегӯянд, натиҷаҳои интихобот дасткорӣ шудааст.

Зурабишвилӣ шоми 28-уми октябр дар назди эътирозгарон гуфт, бо роҳбарони кишварҳои ғарбӣ суҳбат кардааст ва онҳо низ ба ғайриқонунӣ будани интихобот розӣ шудаанд.

“Мо барои он мубориза мебарем, ки ҳуқуқи конститутсионии шуморо ба раъй додан ҳифз кунем. Вақти ноумедӣ нест, ҳоло муҳим ин аст, ки садои худро баланд кунем,”-афзуд раиси ҷумҳури Гурҷистон.

Саломе Зурабишвили ҳамчунин “савганд ёд кард, ки то охири роҳ”-е, ки кишварашро ба самти Аврупо мебарад, бо мардум хоҳад буд.

Саломе Зурабишвили
Саломе Зурабишвили

Роҳбарони аҳзоби мухолиф талаб доранд, ки интихоботи такрорӣ баргузор шавад. Георгий Вашадзе, роҳбари ҳизби мухолифи “Ҳаракати ягонаи миллӣ” гуфт, интихоботи такрорӣ бояд зери назорати нозирони байнулмилалӣ баргузор шавад.

Мухолифон "Орзуҳои гурҷӣ"-ро ҳизби рӯ ба Русия медонанд, ки мухолифи арзишҳои аврупоӣ аст.

Ҳизбҳои мухолиф гуфтанд, курсиҳое, ки ба ҳисобҳои тақаллубӣ ба онҳо дода мешавад, дар порлумон соҳибӣ нахоҳанд кард.

Бо дарёфти курсии бештар дар порлумон ҳоло "Орзуи гурҷӣ" имкон пайдо мекунад, ки президенти нав интихоб кунад.

XS
SM
MD
LG