Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Истиқлол" ва "Регар" бар "Хуҷанд ва "Равшан"


Рӯзи шанбеи 10-уми май се бозии даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ду бозӣ мизбонон ғолиб омаданд. «Истиқлол»-и Душанбе бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 4-0 ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 5-2 ғалаба карданд. Як бозӣ бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод.

Ду бозии дигар рӯзи якшанбеи 11-уми май байни дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан - ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Энергетик»-и Душанбе - «Хайр»-и Ваҳдат барпо мегардад.

Даври 4-ум
10-уми май, шанбе.
«ИСТИҚЛОЛ» - «ХУҶАНД» - 4-0
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 27 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 36 (2:0). Дилшод Восиев, 59 (3:0). Аҳтам Назаров, 90 (4:0).
Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Бенҷамин Авуку («Хуҷанд»).
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2000 тамошобин.

«ВАХШ» - «ПАРВОЗ» - 0-1
Гол: Рашид Мирхолиқов, 83.
Огоҳонида шуданд: Улуғбек Абдулхайров, Худойдод Узоқов, Абдухалил Боронов, Далер Шарифов («Вахш»), Шоҳрух Раҷабмадов («Парвоз»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор». 3500 тамошобин.

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «РАВШАН» - 5-2
Голҳо: Зарифҷон Рустамов, 2 – ба дарвозаи худ (1:0). Фирӯз Раҳматов, 16 (2:0). Фирӯз Раҳматов, 47 (3:0). Алишер Шарифов, 50 – ба дарвозаи худ (3:1). Зарифҷон Рустамов, 56 – ба дарвозаи худ (4:1). Наврӯз Рустамов, 73 (4:2). Абдурасул Раҳмонов, 87 (5:2).
Огоҳонида шуданд : Ҳикматулло Расулов, Абдурасул Раҳмонов («Регар-ТадАЗ»), Хуршед Абдуллоев («Равшан»).
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург». 2000 тамошобин.

11-уми май, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 17:00
«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - ССКА «ПОМИР»
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

«ЭНЕРГЕТИК» - «ХАЙР»
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1«Истиқлол» (Душанбе)431010-210
2«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)43018-49
3«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)42119-47
4«Энергетик» (Душанбе)31204-35
5«Хуҷанд» (Хуҷанд)41212-55
6«Хайр» (Ваҳдат)31116-54
7«Вахш» (Қӯрғонтеппа)41031-33
8«Равшан» (Кӯлоб)41036-133
9«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)30211-42
10ССКА «Помир» (Душанбе)30122-61

Нишонзанҳои беҳтарин: Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 4 тӯбӣ, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан») – 3 тӯб, Мирзобек МИРЗОЕВ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Энергетик»), Комрони МИРЗОХОН ва Фарҳод ТОҲИРОВ (ҳарду - «Парвоз»), Абдурасул РАҲМОНОВ («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиқлол») – 2-тӯбӣ
XS
SM
MD
LG