Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Т.Раҷабова: "Зани афғон болои даст аст, аммо ҳуқуқе надорад"


Таҳмина Раҷабова.
Таҳмина Раҷабова.

Таҳмина Раҷабова, наттоқи бахши хориҷии ТВ «Сафина», ки ҳамзамон дар филмҳо низ нақш меофарад, ба дарёфти ҷоизаи "Беҳтарин нақши зан" дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳо (International Film Festival)-и Гоаи Ҳиндустон муваффақ шудааст.

Тахмина Раҷабова дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба радио "Озодӣ" гуфт, ӯро барои офаридани нақш дар филми "A MAN’s desire for a fifth wife" (Марде дар орзуи зани панҷум) ба ин ҷоиза сазовор донистаанд.

Озодӣ: Қаблан мехостем донем, ки ба филми «Марде дар орзуи зани панҷум» чӣ гуна роҳ ёфтед ва он дар бораи чӣ қисса мекунад?

Таҳмина Раҷабова: Баҳори соли 2011 дар киностудияи «Тоҷиккино» кастинг шуд. Устод Раҷабалӣ Пиров занг зада гуфтанд, як коргардони афғон, ки дар Канада зиндагӣ мекунад, омада, кастинг гузаронданист. Ту ҳам биё як бор сӯҳбат кун. Мисли дигар кастингҳои маъмулӣ ширкат кардам. Маро аксбардорӣ карданд. Суолу ҷавоб шуду бо ҳамин кастинг ҷамъбаст гардид. Коргардон рафт ва наздики 8 моҳ аз ӯ хабаре набуд. Моҳи ноябри ҳамон сол буд, ки боз ҳам устод Пиров занг зада гуфтанд то як бор ҷамъ шавем. Баъдан маълум шуд, ки се нафар аз Тоҷикистон: ман, Шаҳноза Бӯриева ва устод Берди Мингбоев, ки корманди театр мебошанд, интихоб шудаем. Коргардон бо мактуби расмӣ ба
мақомоти Тоҷикистон муроҷиат карда, мо ҳам дар асоси он аз роҳбарияти телевизион ҷавоб гирифта ба Афғонистон рафтем. Ин филм дар бораи рӯзгори занони афғон қисса мекунад. Ман нақши зани сеюмро мебозидам ва яке аз занҳои дӯстдоштаи шавҳарам будам. Аммо ҳамин хел мешавад, ки пас аз ман шавҳарам боз зани чорум мегирад. Зани чорум ҷавонтар буда, таваҷҷӯҳи мард ҳам ба он бештар мешавад. Азбаски зани якуму дуюм сину солашон калонтар аст, онҳо бо ҳам созиш мекунанд. Вале ману зани чорум бо ҳам созиш карда наметавонем. Тибқи қонуну қоидаи хона, мо ҳуқуқи гап заданро надорем. Шавҳарамон хеле марди бадҷаҳл аст. Вақте аз дар медарояд, занҳо талош мекунанд ҳама ба утоқи хоби худ раванд. Ё ягон нафарашон хушомад гуфта сухани нек гӯяд. Он ҳам агар таъби шавҳар болида бошад, чизе намегӯяд. Аммо агар таъбаш хира бошад, қошу қавоқаш овезон ишора мекунад, ки дуртар рав. Ба чашмам нанамо! Яъне як зан ҳақу ҳуқуқ дорад ва дигаре не. Зан ҳуқуқи баланд надорад.

Озодӣ: Оё воқеан ҳам зиндагии зани афғон сангин аст аст?

Таҳмина Раҷабова: Аз нигоҳи ман зани афғон аз ҷонибе болои даст аст. Аз он, ки марди афғон ба қадри тавоноии худ талош мекунад ҳама шарту шароити занро таъмин кунад, хуб аст. Зани афғон дар хона мешинаду шавҳараш рӯзгорашро таъмин мекунад. Аммо аз ҷониби дигар беҳуқтарин занонанд.

Озодӣ: Бовар доштед, ки соҳиби чунин як ҷоизаи байналмиллалӣ мешавед?

Таҳмина Раҷабова: Не, аммо дилам гувоҳ медод, ки ин филм маро як қадам ба зинаҳои боло мебарад. Ба сатҳи филмҳои касбӣ ва саҳнаи байналмиллалӣ. Лекин тасаввур карда наметавонистам, ки ҷоизаи нақши беҳтарини занро дар ин филм ба ман медиҳанд.

Озодӣ: Нақши шумо чӣ ҷолибият дошт, ки соҳиби ҷоиза шудед?

Таҳмина Раҷабова: Агар ин суолро ба бинанда ё коргардони филм медодед, беҳтар буд. Зеро худам худамро баҳогузорӣ карда наметавонам. Худо хоҳад, дар баҳори соли 2014 ин филм дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад, он гоҳ тамошо карда хулоса бароред. Дар филм як лаҳзаи хеле ҷонсӯз аст, ки фикр мекунам шояд ба хотири хуб иҷро кардани ҳамон лаҳза ба ман ҷоиза доданд. Вақте ману зани чоруми шавҳарам ҷанг мекунем, шавҳарам омада моро ба қамчин чунон мезанад, ки ҳама зарб ба ман мерасад. Ба зани чорум не. Дар танҳоӣ шонаҳоямро дар оина дида, то ба ҳадде зарб хӯрдаам, ки ҳато сӯзиши ҷонамро дар оина мебинам. Ҳамон лаҳза хеле ба қаҳр меоям. Мақсади қасос гирифтан карда, мегӯям дигар намегузорам, ки аз пушти зани чорумаш ба сари ман даст бардорад! Дигар намегузорам бо ман чунин рафтор кунад!

Озодӣ: Корманди телевизион ҳастед. Кори телевизион ба наворбардории филм халал намерасонад?

Таҳмина Раҷабова: Аз раҳбарияти корхона бисёр чизҳо вобастагӣ дорад. Вақте роҳбар туро хуб мефаҳмад, мушкил дар кор камтар аст. Нақше, ки ман офаридам дар Афғонистон ду ҳафта вақтро мегирифт. Ҳангоме инро ба роҳбари ТВ «Сафина» фаҳмонидам, вай маро дастгирӣ кард. Иҷозаи рафтанро дод, аммо гуфт: «Ин филм барои Тоҷикистон ягон манфиате оварда тавонад ва агар ту номи ин кишварро болотар бардорӣ, майлаш рав». Дастгирии роҳбарияти телевизион буд, ки ман рафтам, аммо агар иҷозат намедоданд, намерафтам. Зеро корманди давлатӣ ҳастем ва ба қавле худамон барои худамон хӯҷаин нестем.

Озодӣ: Дар чанд филмҳои тоҷикӣ низ нақш офаридаед. Нақшофарини дар филми «Марде дар орзуи зани панҷум» боз қадами дигаре буд барои шумо. Оё ба Голливуд ё Болливуд даъват нашудед?

Таҳмина Раҷабова: Зиндагӣ ба мисли буҷил аст. Мепартоӣ, агар истод, меистад, наистод, ҳеҷ. Он шонсе, ки ба ман дода шуд ҳар қадаре тавонистам онро истифода кардам. Дар Болливуд ҳангоми баргузории ҷашнвораи байналмилалии филмҳо (International Film Festival)-и Гоаи Ҳиндустон бо ҳунармандону коргардонҳои зиёде ошно шуда, барояшон корти шиносоии худро додам. Акунун вақт лозим аст, ки маро ба Болливуду Голливуд даъват мекунанд ё не. Замоне дар филмҳои тоҷикӣ нақш меофаридам, гумон надоштам, ки рӯзе фаро мерасаду маро ба чунин як филм даъват мекунанд ва соҳиби ҷоиза мегардам.

Озодӣ: Афғонистон як кишвари ноамн аст. Ҳангоми ба наворгирии филм мушкил пеш наомад? Боре шудааст, ки шуморо хатар таҳдид карда бошад?

Таҳмина Раҷабова: Дуруст гуфтед. Ягон ҷой пинҳон нест, ки дар Афғонистон ҷанг аст. Мушкили Афғонистон ба тамоми олам маълум аст. Ин аст, ки одам аз ҳар қадами мондааш метарсад. Дар ҳар қадами мондаат дилатро ваҳм фаро мегирад. Аммо аз баски мо бо даъвати расмӣ рафта будем, амниятамон хуб таъмин шуда буд. Вақти сабти филм ба ягон мушкиле мувоҷеҳ нашудем, ки ҳозир даъво кунам. Як акс дорам, ки дар сарам чодар партофтагӣ, дар пуштам 4 муҳофиз рост истодааст. Хулоса, ҳама хуб буд, вале як лаҳзае ҳеҷ аз хотирам намеравад. Хеле вазнин гузашта буд. Дар яке аз рӯзҳо саҳнаи ҷанги ману зани чоруми шавҳарам бояд наворбардорӣ мешуд. Мо дар як деҳаи дурдасти доманаи кӯҳ будем ва ҳамон лаҳзаро бояд пас аз намози шом наворбардорӣ мекарданд. Қабл аз шурӯи наворбардорӣ муҳофизон таъкид карданд, ки пас аз нишастани офтоб сабт мушкил мешавад. Дар деҳа барқ нест, шумо бояд ҳарчи
тезтар наворбардориро ба анҷом расонед. Аммо мо намедонистем, ки онҳо набудани барқро дар назар доштанд ё ягон қувваҳои номуайян. Вале дар ҳар сурат мо пас аз нишастани офтоб тахминан як соат банд шудем. Бачаҳо чизу чораҳоро ҷамъ карда истода буданд, ки як садои тирпаронӣ гӯш расид. Ҳама дар ташвиш шуданд. Ман, ки дар ҳавлии хона рост истода будам, сарбоз давидан омада зуд бошед гуфта маро ба мошин шинониданд. Ҳар қадар чӣ гап шуд гуфта пурсидам, аммо ба суолам посух надод. Ронанда ҳам мошинро бо суръати хеле баланд меронд. Азбаски дар деҳа барқ набуд, ҳама торик ҷойеро дида наметавонистем. Хеле бетоқат шудам. Ба меҳмонхона омада, ҷо ба ҷо шудему аз коргардон пурсидам, ки чӣ гап шуд? Охир гап занед, то мо ҳам донем чӣ ҳодиса рух дод. Минбаъд ба он деҳа рафтан мумкин аст ё не? Аммо мутаассифона коргардон гуфтанд, ҳама хуб буд. Як марди маст буд. Вақте бо исрор гуфтам дурӯғ нагӯед! Иқрор шуд, ки «қувваҳои номуайян буд, аммо ин муҳим нест, ки кӣ буд. Муҳим ин ки мо шуморо сиҳату саломат аз деҳа баровардем». Аммо новобаста аз он ки моро хатар таҳдид мекард ё не, барои баланд бардоштани номи тоҷик тавакал карда боз мерафтем майдони наворбардорӣ.

Озодӣ: Тавре медонем, маросими ҷоизасупорӣ дар Болливуд сурат гирифт. Дар он ҷо бо кадом ҳунармандони Ҳинд ошно шудед?

Таҳмина Раҷабова: Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Гоаи Ҳиндустон, яке аз фестивалҳои бузургтарини синамо аст. Ин 44-умин ҷашнвораи филмҳои Гоаи Ҳиндустон буд. Дар ин ҷашнвора ҳунармандон на танҳо аз Болливуд, балки аз Голливуд ҳам ширкат мекунанд. Дар он ҷо бо яке аз ҳунармандони машҳури Голивуд, Мишел Йео, ки дар филми «Мумия», «Завтра не умрёт никогда», «Матрица», «Мемуары Гейши» ва чандин филми дигар нақшҳои асосиро бозидааст, шинос шудам. Бо ҳам аксҳои зиёде ҳам дорем. Аз ҳунармандони Болливуд бошад бо Дипшика, Тиска Чопра ва чандин ҳунармандони дигар сӯҳбатҳо доштем. Аз Болливуд бо ҳунрмандони зиёд ошно шудам. Чеҳраҳояшонро мешиносам, аммо номашонро намедонам.

Озодӣ: Ба назари Шумо дар ҷомеаи тоҷик ҳунарманд будан мушкил аст ё корманди телевизион?

Таҳмина Раҷабова: Ҳар ду ҳам аз худи одам вобаста аст. Гумон надорам, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон барои сохтани кариера мушкиле бошад. Агар одам дар назди худ мақсад гузорад, дар ҳарду маврид ҳам муваффақ мешавад. Агар ман ҳама паҳлӯҳои чапу рости касбамро аз худ кунам. Донам, ки ба чӣ ҳақ дорам ва ба чӣ чаро муваффақ намешудаам?

Озодӣ: Дар Соли нав аз Бобои барфӣ чӣ интизоред?

Таҳмина Раҷабова: Агар Бобои барфи орзуву хоҳиши маро қабул кунад, бисёри бисёр мехостам, ки Тоҷикистон чӣ қадар пеш равад. Монанди кишварҳои Аврупо. Албатта мо пеш рафта истодаем, аммо мехоҳам аз лиҳози диди варзиш, рушди кино ва дигар соҳаҳо пешрафт кунем. Барои шахсан худам аз Бобои барфӣ ҳеҷ хоҳиш надорам.

Озодӣ: Ташаккур барои сӯҳбат.
XS
SM
MD
LG