Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеъи ин соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав рӯзи 4 август ба Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишони Ожонси мубориза бо фасод рӯзи 2 август дар боздоштгоҳи Кумитаи амният алайҳи Зайд Саидов расман 8 иттиҳом эълон карданд.
Бо вуҷуди пахши хабарҳо дар бораи ифтитоҳи парвандаҳои навбанав алайҳи Зайд Саидов то кунун айбномаи ӯ танҳо аз як иттиҳоми порагирӣ бар асоси шаҳодати мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара Низомхон Ҷӯраев иборат буд, ки ҳанӯз рӯзи 22 май, ҳангоми судури нахустин ҳукми ҳабси пешакии думоҳааш аз тарафи додгоҳ эълон шуда буд. Рӯзи 20 июл замони ҳабси Саидовро барои ду моҳи дигар тамдид карданд, вале боз ҳам дар айбномааш ҳамон як иттиҳоми “гирифтани 100 000 доллар аз Низомхон Ҷӯраев” “ҷилва” мекард.
Исҳоқ Табаров гуфт, чанд рӯз қабл тафтишот иттиҳоми бисёрзанӣ алайҳи муваккили онҳоро расмӣ кард ва ба ин тартиб, “акнун Зайд Саидовро дар 8 ҷиноят – гирифтани пора(моддаи 319-уми Кодекси ҷиноӣ), қаллобӣ, бисёрзанӣ(моддаи 170), тамаъҷӯӣ(моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ(моддаи 314), таҷовуз ба номус(моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре ки ба синни 16 нарасидааст – муттаҳам мекунанд.”
Эълони ин иттиҳомот дар ҳузури ҳарду вакили Саидов – Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров – сурат гирифта, ба гуфтаи Табаров, Зайд Саидов аз ин 8 иттиҳоми алайҳаш эълоншуда “ягонтоашро эътироф намекунад, худашро гунаҳкор намеҳисобад ва изҳор кард, ки ҳамаи ин нисбати шахси ӯ туҳмат аст.”
Ба ақидаи Табаров, ҳадафи тафтишот аз эълони расмии иттиҳомот то анҷоми мӯҳлати кунунии ҳабси Зайд Саидов, яъне то 22 сентябр ба анҷом расондани тафтишот ва ба додгоҳ фиристодани парвандаҳои ӯст. Ҳарчанд, мегӯяд ӯ, асоси кофие барои ирсоли парвандаҳо ба додгоҳ нест ва муфаттишон то ҳол далоили кофие ки кадоме аз иттиҳомоти зидди Саидовро собит кунад, пайдо накардаанд.
Вакилони мудофеъ бахусус парвандаи таҷовуз ба номус алайҳи Саидовро, ки бар асоси шикояти як модару духтар боз шудааст, беасос меноманд, Худи Саидов ин иттиҳомро "тӯҳмати ногаҳон" меномад ва мегӯяд, ин модару духтари даъвогарро аслан намешиносад.
Бо ин вуҷуд, мегӯяд Исҳоқ Табаров, мақомоти тафтишотӣ кӯшиш мекунанд, ки парвандаҳои марбут ба ин 8 иттиҳом алайҳи Зайд Саидовро ҳарчӣ зудтар ба додгоҳ бисупоранд. Вале таҳқиқи парвандаҳои марбут ба фаъолиятҳои соҳибкории ӯ бар асоси санҷиши фаъолияти ширкатҳои марбут ба Саидов ва наздиконаш метавонад идома ёбад, афзуд вакили мудофеъ.
Бо назардошти низоми тафтишотиву додгоҳиии мавҷуда дар Тоҷикистон, ба ақидаи Исҳоқ Табаров, Зайд Саидовро фақта “ягон мӯъҷиза метавонад аз банд халос кунад.” Қаблан вакили дигари ӯ Фахриддин Зокиров ба Озодӣ гуфт буд, азбаски таъқибу боздошти муваккилаш ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад, танҳо қарори сиёсии мақомоти сатҳи аввали ҷумҳурӣ метавонад тақдири Зайд Саидовро иваз кунад.
Зайд Саидов дар миёнаҳои моҳи июл дар як номаи саркушода ба раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ба бегуноҳии худ исрор варзида хостори дахолати Эмомалӣ Раҳмон дар ин қазия ва раҳоияш аз боздошт шуд. Вале то кунун посухи расмие ба ин муроҷиат аз тарафи мақомоти давлатӣ нашудааст.
Мушкилоти Зайд Саидов бо мақомоти Тоҷикистон вақте оғоз ёфт, ки ӯ рӯзи 6 апрел аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Рӯзи 11 май, вақте ӯ дар сафари Аврупо буд, додситонии Душанбе алайҳаш бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда кушода, манзилҳояшро кофтукоб ва наздиконашро бозпурсӣ кард.
Зайд Саидов гуфт, барои исботи бегуноҳиаш ба Тоҷикистон бармегардад, вале рӯзи 19 май, баробари бозгашт бо вуҷуди мақоми дахлнопазириаш ба ҳайси вакили маҷлиси пойтахт дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд.
Рӯзи 20 май масунияти вакилии ӯ аз сӯи малиси Душанбе лағв шуда, рӯзи 22 май додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳукми ҳабси думоҳаи ӯро содир ва рӯзи 20 июл барои боз ду моҳи дигар тамдид кард. Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд мекунад ва чандин бор гуфтааст, ки таъқибу боздошти ӯ мустақиман ба азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав бастагӣ дорад.