Вакили мудофеи духтари ноболиғе, ки соҳибкори муваффақ ва вазири пешини саноати Тоҷикистон Зайд Саидовро дар таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад, мегӯяд, ба хотири мурооти нозукиҳои ахлоқӣ ва ояндаи зерҳимояи ӯ номи ӯ махфӣ хоҳад монд.
Нигина Холиқова ин матлабро дар посух ба иддаои вакилони мудофеи Зайд Саидов дар миён гузошт, ки гуфтаанд, "то ба ҳол духтараки ноболиғеро, ки зерҳимояаашон дар таҷовуз ба номуси вай мутаҳҳам дониста мешавад, надидаанд."
Хонум Холиқова рӯзи панҷшанбеи 1 август раддияи худро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, ки ба шакли мақола сарлавҳагузорӣ шуда, дар саргаҳи он калимае навишта ва сипас кӯру нохоно карда шудааст. Дар ин навишта, ки Нигина Холиқова зераш имзо гузоштааст, гуфта мешавад "ман ҳанӯз пеш аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати Зайд Саидов дар мавриди таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ намояндаи қонунии вай ҳастам ва ҳуқуқ манфиатҳои ин духтари ноболиғро ҳимоя мекунам."
Бино бар ин банди нома хонуми Холиқова ҳанӯз пеш аз боз шудани парвандаи мазкур намояндаи қонунии духтари ноболиғ будааст, вале шаҳр дода намешавад, оё талошҳои ҳимояти ҳуқуқи ин ноболиғ кай сар шудаанд ва аз чӣ вақте хонуми Холиқова вакили ҳуқуқии ӯ буда, дар ин симмат чӣ корҳоеро анҷом додааст.
Ин ҳуқуқшинос меафзояд, "гарчанде ман намояндаи қонунии ин духтари ноболиғ ҳастам, бар асоси талаботи қонунгузории Тоҷикистон ҳатто ман ҳуқуқи ифшо кардани ному насаби зерҳимояамро надорам, чунки ин ба ҳаёти ояндаи вай алоқамандӣ дорад ва ман аз ифшои номи ӯ худдорӣ мекунам, зеро қонун ба ман иҷозат намедиҳад."
Хонуми Холиқова изофа кард, ки "ҳатто тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон зерҳимояи ман метавонад аз рӯ ба рӯ шудан худдорӣ намояд, чун ба ғайр аз Саидов Зайд дар ҷарёни ин амали тафтишотӣ ҳимоятгарон иштирок мекунанд ва ин ба шаъну шараф ва обрӯи зерҳимояи ман алоқамандӣ дорад ва метавонад, ки ба ӯ таъсир расонад." Ҳамзамон хонуми Холиқова қатъиян нахост, ки садояш забт ва аз ӯ акс бардошта шавад. Вай гуфт, алҳол танҳо ин ҳадафро дорад, ки бо пешниҳоди номаи расмии худ ҳамчун вакили мудофеъ иттиҳомоти вакилони Зайд Саидовро рад кунад, чун онҳо иттиҳоми мазкурро як "сохтакорӣ" мешуморанд.
Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони Зайд Саидов рӯзи сешанбеи 30-юми июл дар нишасти матбуотӣ иттиҳоми раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия дар мавриди таҷовуз ба номус бо рад кардан ва гуфт, ки "ҳанӯз рӯзи 16 июни соли ҷорӣ ариза аз сӯи духтарак ва модар ворид шуда ва парванда низ ба ҳамин таърих боз шудааст, аммо то кунун на мо ва на Зайд Саидов он духтаракро надидем.Танҳо модари ин духтари ноболиғро бо Зайд Саидов рӯ ба рӯ карданд ва мо ҳам ӯро дидем. Ин зан ба ҳангоми рӯбарӯкунӣ танҳо ба як нукта нигоҳ мекард." Ин вакили дифоъ гуфт, ки "шиносоии Зайд Саидов гӯё дар муҳоҷират дар яке аз шаҳрҳои Русия сурат гирифтааст, аммо Зайд Саидов мегӯяд, ки шаҳре, ки онҳо номбар кардаанд, аслан дар он ҷо набудааст."
Аммо Нигина Холиқова иддаои инро, ки гӯё "зерҳимоя ва модараш ҳанӯз 16 июни соли ҷорӣ ариза навишта ва худи ҳамон рӯз нисбати Зайд Саидов парванда боз шудааст", нодуруст медонад ва менависад, ки "16 июни соли 2013 ягон нафари нафари онҳо бо ариза муроҷиат накардаанд ва онҳо дар аввалҳои моҳи июли соли 2013 дар ин хусус ба Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, чунки аллакай аз тарафи ин мақомот нисбат ба Зайд Саидов парвандаи ҷиноятӣ ҷой дошт ва онҳо аз оинаи нилгун дар ин хусус бохабар шуда, танҳо бо мақсади тафтиши объективона ва бо эътимоди комил ба Оҷонсӣ бо ариза ба ин мақомот муроҷиат намудаанд." Хонум Холиқова таъкид дорад, ки "дар ҳақиқат ҳам дар вақти таҷовуз ба номус зерҳимояааш ноболиғ буд."
Ба гуфтаи Муҳаммадраҷаби Ҳанафия, сухангӯи оҷонсӣ, муроҷиати ин духтарак ҳамроҳ бо модараш ба Оҷоснии мубориза бо корупсия дар аввалҳои моҳи июл дар мавриди таҷовуз ба номус шуда ва оҷонсӣ низ дар таърихи 16 июл парвандаиро алайҳи зайд Саидов боз кардааст.
Фахриддин Зокиров, яке дигар аз вакилони дифои Зайд Саидов сабаби ин ҳама иттиҳомоти нав ба нав, аз ҷумла порагирӣ, таҷовуз ба номус ва ғайраро ба он рабт медиҳанд, ки "Зайд Саидов хеле марди ҳассос аст ва ин туҳматҳоро сахт қабул мекунад. яъне руҳияи ӯро коста кардан аст." Бо ин ҳама иттиҳоми таҷовуз, ба ақидаи вакилони Зайд Саидов, бе оқибатҳои ҳуқуқӣ нест, балки қадами хеле санҷидашудае аз сӯи Оҷонсии зиддифасод аст. Зеро, мегӯянд вакилон, азбаски духтари даъвогар намехоҳад, ки исмаш ошкор шавад, бо ин баҳона метавонанд додгоҳи Саидовро пушти дарҳои баста ва табъан аз чашми ҷомаи пинҳон доир кунанд.
Дар посух ба ин суханон Нигина Холиқова мегӯяд, ки ваҷҳҳои овардаи зерҳимояи ӯ дар ҷараёни тафтишот тасдиқи худро ёфта истодаанд ва "тамоми шоҳидон дар нишондодҳои худ ин ваҷҳҳоро тасдиқ кардаанд."
Нигина Холиқова менависад, ки "ҳимоятгарони Зайд Саидов таҷрибаи зиёди ҳуқуқшиносӣ доранд ва талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистонро медонанд. Дар сурате ки, агар парванда ба ҳаёт ва шаъну шарафи шахсони иштироккунандаи таъқиби ҷиноятӣ сухан равад, дар ин мавридҳо бе хости Оҷонсӣ низ суд метавонад, чунин парвандаҳоро дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ намояд ва ин танҳо ваколати суд мебошад. На ин ки аз рӯи парвандаҳои Оҷонсӣ, балки бо тамоми чунин парвандаҳо, ки аз тарафи мақомотҳои дигари тафтишотӣ ба анҷом расонда мешаванд, аз рӯи таҷрибаи судӣ чунин парвандаҳои ҷиноятӣ дар маҷлиси пӯшидаи судӣ дида баромада мешавад."
Масъулони Оҷонсии мубориза алайҳи коррупсия тасдиқ карданд, ки Нигина Холиқова, вакили дифои духтараки ноболиғ аст. Муродҷон Салоҳиддинов, муовини раиси коллегияи адвокатураи ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, Холиқова, узви ин созмон аст ва 8 сол собиқаи корӣ дошта, аз вакилони муваффақ ба шумор меравад.