Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кони тилои Чоре 8 вазирро ба парвандаи Зайд Саидов кашондааст


Фаттоҳ Саидов
Фаттоҳ Саидов

Ожонси мубориза бо фасод мегӯяд, дар робита бо моҷарои кони тиллои Чоре дар парвандаи вазири пешини саноат Зайд Саидов, вазирону раисони кумитаҳоеро, ки зери иҷозатномааш имзо гузоштаанд, бозпурсӣ кардааст.

Барои он, ки кони мазкур ба ихтиёри ширкате таҳти сарварии як соҳибкори қазоқ гузарад, на танҳо мувофиқати Зайд Саидов, балки ризоияти чанд вазир ва раҳбарони кумитаҳои давлатӣ зарур буд.


Пои 8 вазири дигар дар парвандаи Зайд Саидов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00
Линки мустақим


Раиси Ожонси зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов мегӯяд, зери санади иҷозаи фаъолият ба соҳибкори қазоқ Гул Шералӣ, вазири саноат, Ғулом Бобозода, вазири вақти иқтисод, Бахтиёр Худоёров, вазири пешини адлия, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, Абдураҳмон Қодирӣ, вазири собиқи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, Давлатшоҳ Гулмаҳмадов, сарвари Агентии заминсозӣ, Мурод Ҷумъаев, сарвари Саридораи бехатарии кор дар соҳаи саноат, Азим Иброҳим, сарвари Саридораи геология, ҷамъ 8 соҳибмансаби тоҷик имзо гузоштаанд.


Сериқбол Окушев
Сериқбол Окушев
Ин изҳорот суолеро ба миён овард, ки оё дар ин ҳолат онҳо низ баробари Зайд Саидов масъулият хоҳанд дошт ё вазири пешини саноат метавонист, ба танҳоӣ тасмимгирӣ кунад. Ҷаноби Фаттоҳ Саидов дар ин замина гуфт: «Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо гунаҳкор бошанд. Раҳбари як ниҳоди ҳукуматӣ муваззаф аст, ки барои додани хулосаҳо ба ин ё он дархост аз сӯи ҳукумат, бахусус дар мавриди истифодаи захираҳои табиии Тоҷикистон мусоидат кунад. Ман ҳам аз куҷо донам, нафаре, ки барои омода кардани ин хулоса таъин мекунам, пул мегирад, ё чӣ кор мекунад? Бахусус мо дар Тоҷикистон чандин конро ба сармоягузорон супоридем, ин як раванди оддӣ аст. Аммо барои ин мо наметавонем ҳамаи инҳоро гунаҳкор кунем.»

Дар ҷараёни нишасти матбуотии нимсолаи Ожонси мубориза бо фасод як мавзӯъи калидӣ парвандаи Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон буд, ки аз рӯзи 19 май дар боздошт қарор дорад. Раҳбари ин ниҳод эълом дошт, ки алайҳи Зайд Саидов даҳ иттиҳом вуҷуд дорад ва яке аз онҳо бар асоси даъвои соҳибкори қазоқ Сериқбол Окушев таҳқиқ мешавад, ки иддао дорад, ки собиқ вазири саноат аз ӯ барои дарёфти санади иҷозаи иктишоф ва коркарди кони тиллои Чоре, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ, 1, 5 миллион доллар талаб кардааст.

Соҳибкори қазоқ қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки соли 2006 қисми ин маблағро шахсан ба Зайд Саидов ва қисмеро ба нафари мавриди эътимоди ӯ – Далер Бобоев - додааст. Ба гуфтаи ӯ, собиқ вазири саноат бояд қисме аз ин маблағро ба раддаҳои болоии ҳукумат дода, ҳаққи истифодаи кони тилои Чореро ба даст меовард.


Милопар Бандишоев
Милопар Бандишоев
Милопар Бандишоев, муовини раиси Ожонси назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ҳамчун масъули бозрасии парвандаи Зайд Саидов бо киноя зикр мекунад, ки ӯ шояд ба хотири осон кардани кори муфаттишон бидуни шоҳид пора нагирифтааст. Ожонси мубориза бо коррупсия ва ҳам соҳибкори қазоқ аз ин ки Зайд Саидов бояд маҳз ба киҳо барои имзо дар «боло» бояд «ҳақ» медод, чизе намегӯянд ва масъулияти посухро ба худи Зайд Саидов вогузор мекунанд.

Ин ки дар Тоҷикистон имзо ва махсусан имзои вазирону мансабдорони аршад «харҷ» мехоҳад, ҳарфи нав нест, аммо агар худи парвандаи Зайд Саидовро истисно шумурда нашавад, то ҳол касеро барои ин ба ҷавобгарӣ накашидаанд. Ин дар ҳолест, ки хабари ба зери санад имзо гузоштани панҷ вазир ва се сарвари кумитаву идораҳои Тоҷикистон номи онҳоро низ ба мадори парвандаи Зайд Саидов кашондааст.Дар сӯҳбат бо Озодӣ дастикам яке аз ин мансабдорон зикр кард, ки ҳеҷ гуна бозпурсӣ нашудааст, аммо ниҳодаш ба дархости Ожонсӣ дар робита ба қазияи Зайд Саидов як иттилоияеро пешниҳод кард.


Исҳоқ Табаров
Исҳоқ Табаров
Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов мегӯяд, шахсан хабар надорад, ки ин афрод мавриди пурсуҷӯи кормандони тафтишот қарор гирифта бошанд, аммо бо радди даъвоҳои раиси Ожонсӣ Фаттоҳ Саидов мегӯяд, воқеан ин як иттиҳоми сохта ва Серикбол Окушев гумоштае беш нест: «Он одам дар Тоҷикистон ҳоло дар ду кони тилло фаъолият дорад, яке дар Тавилдара ва дигаре дар Мурғоб аст. Шояд ба ӯ ваъдаи имтиёз кардаанд, шояд фаъолиятҳояшро тафтиш карда бошанду шояд ба шарти гирифтани литсензияи ҳамон кони тиллои Чоре чунин шаҳодат медиҳад.»

Баҳсе, ки сари кони тиллои Чоре иттифоқ афтодааст, ба давраи аз соли 2006 то ба 2012 тааллуқ дорад. Захираҳои ин кон, бино ба иттилои замони шӯравӣ, 40 тонна тилло аст, ки ба нархи имрӯза чанд миллиард долларро ташкил медиҳад. Соли 2012 ҳукумати Тоҷикистон дигарбора барои иктишоф ва коркарди ин кон тендер эълон кард, вале ҳанӯз барояш сармоягузоре пайдо нашудааст.
XS
SM
MD
LG