Фаттоҳ Саидов аз ҷумла дар мавриди "таҷовуз ба духтараки ноболиғ" аз сӯи Зайд Саидов гуфт, "модари ҳамон духтарак назди ман омад ва гуфт, ки агар ин корро объективӣ таҳқиқ кунанд, ман шоҳидӣ медиҳам. Ман бо ин модар сӯҳбат кардам ва гуфтам, ки шумо зан-модар ҳастед ва ба чашми ман нигоҳ карда ва дастатонро ба дил монда, шоҳидӣ диҳед. Вай гуфт, ки "фарзанди ман ҷароҳат бардошта ва ҳолати рӯҳияш вазнин аст." Он духтаракро низ оварданд. Вай духтарак хоҳиш кард, ки тафтиши ман тарзе гузарад, ки ному насаби ман фош нашавад."
Раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия гуфт, ки "саргузашти ин духтараки 14-соларо шунидан хеле сахт аст. Вай 3 мартаба исқоти ҳамл шудааст ва он пизишконе, ки исқоти ҳамл кардааст, мо пурсидем, дафъаи баъдӣ, ки нахост исқоти ҳамл кунад, Зайд бо пояш ба шиками духтарак задааст. Барои он ки сираш фош нашавад, ҷавонеро киро мекунад ва мегӯяд, "тарзе кун, дили вайро ёб" ва ба ӯ 1300 доллар медиҳад ва ваъда мекунад, ки тӯятро дар ресторан мегузаронам ва як моҳ зиндагӣ мекунӣ ва баъд кори худат. Ин магар аз рӯи виҷдон аст?".
Ба гуфтаи Фаттоҳ Саидов, "ин духтарак ҳоло кӯдаки семоҳа дорад. Ин кӯдакро, вай аз тарс ба Хуҷанд рафта, он ҷо таваллуд мекунад, зеро медонист, ки боз маҷбур аст, исқоти ҳамл кунад."
Раиси Оҷонсии мубориза бо фасод аз шиносоии Зайд Саидов бо духтараки ноболиғ ёдоварӣ карда ва гуфт, ки "онҳо аслан дар Маскав ва дар хонаи ин духтарак шинос шудаанд ва баъдан, ки ба Душанбе меояд, ӯ ба чунин сарнавишти "нангин" рӯ ба рӯ мешавад".
ФАТТОҲ САИДОВ: "ПАРВАНДАИ ЗАЙД САИДОВ СОХТАКОРӢ НЕСТ"
Фаттоҳ Саидов дар робита ба парвандаи Зайд Саидов гуфт, ки вай 15 иншоотро дар замони вазири саноат буданаш ғайриқонунӣ хусусӣ кардааст, ки маблағи умумии он 72 миллион сомониро ташкил медиҳад
Раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи душанбе зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки Саидов ин иншоотро ба номи ҳамсояву хешу табораш ғайриқонунӣ хусусӣ кардааст. Ҷаноби Саидов дар мавриди Окушев гуфт, ки "тибқи қонунгузорӣ вай аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд." Сериқбол Окушев як шаҳрванди Қазоқистон аст, ки иддао дорад, ки ба Зайд Саидов барои дарёфти муҷаввизи истихроҷи маъдан аз кони тилои Чоре дар ноҳияи Айнӣ дар ду навбат 1,5 миллион доллар пора додааст. Зайд Саидов ин иттиҳомро радд мекунад.
Раиси Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, ки "ин нафарро мо маҷбуран наовардем ва ин кас (Окушев) худаш довталабона иқрор шуд, ки Зайд Саидов аз вай 1,5 миллион доллар пора гирифтааст. Чун вай омада довталабона шоҳидӣ додааст, ба ин далел вай аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд".
Вай мегӯяд, ки "на танҳо Окушев, балки дигарон низ омада шоҳидӣ додаанд, аз ҷумла шаҳрвандони Украина низ алайҳи Зайд Саидов шоҳидӣ додаанд. Ин ҷо ягон чизи сохтакорӣ нест ва "офтобро бо доман ҳам пӯшонида намешавад" ва ҳамаи ин дар оянда исбот хоҳанд шуд".
Фаттоҳ Саидов куллан сохтакорӣ будани иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро рад кард ва гуфт, ки таҳқиқи фаъолияти ин соҳибкор 1,5 сол боз идома дорад.
Ҷаноби Саидов таъкид кард, ки "замоне, ки "Душанбе-Плаза"-ро санҷидем, Зайд Саидов дар маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе сухан кард ва эътироз намуд, ки чунин монеагузорӣ дар фаъолияти мо аз сӯи Оҷонсии коррупсия сурат мегирад".
Ҳол он ки ба таъкиди раиси Оҷонсии мубориза бо корупсия, "мо ҳамеша санҷишҳоро мегузаронем ва худатон қазоват кунед, ки чи гуна маҳсулот дар ин иншоот истифода шудааст."
Ҷаноби Саидов намунаҳоеро аз масолеҳи бинокории истифодашударо ба хабарнигорон нишон дод ва гуфт, ки инҳо маҳсулоти дуюмдараҷа ҳастанд ва ба сифати корҳо таъсир мегузорад. Вай гуфт, "дар маҷмӯъ 38 миллион сомонӣ хисорот ба буҷа ворид шудааст, ки ҳамаи ин маблағҳо аз ҳисоби шаҳрдорӣ аст, на аз ҷайби Зайд Саидов."
Фаттоҳ Саидов дар бораи тасарруфи пулҳо аз Душанбе - Плаза" гуфт, ки "санҷишҳо қабл аз супоридани ин иншоот шурӯъ шуда буд ва мо гуфтем, ки иншоот супорида шуда шавад, пас аз он санҷишро идома медиҳем."
Барои ҳамин ҷаноби Саидов гуфт, ки "мо мутахассисонро ба Чин фиристодем ва "паркетҳое, ки дар ин сохтмон истифода шудаанд, гирифта оварданд ва маълум шуд, ки инҳо паркетҳои дуввумдараҷа аст".
Раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия гуфт, ки "на танҳо аз иншоотҳое, ки Зайд Саидов сохтааст, чунин камомад аст, балки дар дигар иншоотҳо низ "паст будани сифати маҳсулот " ошкор шудаааст.
Ба ин далел Фаттоҳ Саидов таъкид кард, ки то ба охир "санҷишҳо дар иншоотҳо идома пайдо хоҳанд кард ва ҳама камбудиҳое, ки сурат гирифтааст, ошкор хоҳанд шуд.
ВАЗИРОН ПУРСИДА ШУДАНД...
Фаттоҳ Саидов мегӯяд, ки тамоми вазироне, ки имзои худро барои кони тиллои Чоре гузоштаанд, даъват ва пурсида шудаанд. Ҷаноби Саидов мегӯяд, ки дар ин санад танҳо имзои раиси ҷумҳур нест ва ӯ иҷозат надодааст, барои ҳамин ҳар касе, ки қонунро нақз кардааст, ба ҷавобгар карда мешавад. Вай гуфт, ки мутаассифона дар ҳама вазорату идораҳо шахсони тасодуфӣ аст. Фаттоҳ Саидов гуфт, ки барои парвандаи Зайд Саидов ду нафар корманди давлатӣ аз вазифа сабукдӯш карда шуд.
716 ҶИНОЯТИ КОРРУПСИОНӢ ДАР 6 МОҲ
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия рӯзи душанбе дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин муддати 6 моҳи соли ҷорӣ 716 ҷинояти корупсионӣ ошкор шудааст.
Ба гуфтаи вай "аз ин ҷиноятҳо 181 адад ҷинояҳои вазнин ва махсусан вазнин, 402 ҳолат ҷиноятҳои дуздӣ ва тасарруфи маблағҳо бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ, 48 мавриди ришва ё пора ва 19 маврид мукофот бо роҳи тамаҷҷӯӣ ошкор кардааст."
Ҷаноби Саидов афзуд, ки дар ин муддат нисбати 716 нафар кормандон муҷозоти интизомӣ сурат гирфта ва 20 нафари онҳо аз вазифа озод карда шуданд.
Раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия таъкид кард, ки дар ин давра 407 парванда ба истеҳсолот фиристода шудааст.
ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД