Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кодекси андоз алакай таҳрирталаб шудааст


Ба хотири баррасии таъсири Кодекси нави андоз ба иқтисоди Тоҷикистон дар назди вазорати молия як гурӯҳи корӣ ба кор шурӯъ кардааст.

Дар ин бора Шӯҳратҷон Раҳматбоев, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволаи давлатӣ иттилоъ дода гуфт, ин куммиссиюн таъсири Кодекси нави андозро ба иқтисод ва фазои соҳибкорӣ таҳлил мекунад: «Чунки баъд аз қабул шудани Кодекси нави андоз дар баробари ҷиҳатҳои мусбат баъзе муаммоҳо низ ба миён омаданд. Ба худи Кумитаи андоз ҳам муроҷиатҳои соҳибкорон шуда буд. Ба мо низ муроҷиатҳо буд ва аксарияти онҳо нисбат ба кам кардани намудҳои фаъолият тариқи патент буд, ки мо онро ба Кумитаи андоз барои омӯзиш фиристодем.»

Ҷаноби Раҳматбоев афзуд, танҳо баъди анҷоми таҳқиқот метавон хулоса баровард, ки таъсири Кодекси нав ба пешбурди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусбат будааст ё манфӣ?

Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки аз 1-уми январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифт, бо мизони болои андозбандӣ бахше аз соҳибкоронро нигарон карда, бархеро водор кард соҳикориро падруд гӯянд. Баъди ба иҷро даромадани кодекси нав, ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон ҳудуди 18 ҳазор соҳибкор фаъолияташонро қатъ кардаанд.


Аюбҷон Солиев
Аюбҷон Солиев
Аммо Аюбҷон Солиев, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар нишасти хабарии охири ин кумита гуфт, дар маҷмӯъ шумори соҳибкорон дар кишвар баоъакс зиёд шудааст: «Баъд аз ба иҷро даромадани Кодекси нави андоз шумораи андозсупорандагон 7 700 нафар зиёд шудааст. Танҳо шумораи соҳибкороне ки тариқи патент фаъолият мекарданд, беш аз 6000 нафар кам шудааст.»

Ҷаноби Солиев афзуд, ки Кодекси нави андоз ба соҳибкорон сабукиҳои зиёд овард ва дар оянда низ ба онҳо имтиёзҳои бештар хоҳад дод. Ӯ афзуд, аз соли 2017 меъёрҳои андоз аз фоида аз 15 то 13 дарсад поин бурда мешавад, андоз аз корбарони роҳҳои автомобилгард аввал ду баробар коҳиш ёфта, дар оянда комилан аз байн бурда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, соҳибкорони алоҳида ва анҷуманҳои соҳибкорон ҳам аз боло будани мизони андоз нисбати бархе аз соҳаҳо ва душвор будани низоми андозситонӣ шикоят доранд.

Михаил Петрушков, роҳбари Маркази ҳимояи бизнес дар Тоҷикистон мегӯяд, бояд дар маҷмӯъ меъёри баҳодиҳии кори як нозири андоз тағйир дода шавад. Кори вай на аз рӯи ҳаҷми ҷаримаи ситонидааш, балки бар асоси ба чанд нафар соҳибкор дар дуруст супоридани андоз кумак карданаш бояд баҳо дода шавад: «Ғайр аз ин мо бояд миқдори соҳибкоронеро к ибо патент фаъолият мекунад бояд кам накунем. Чунки дар мо сатҳи саводи молиявии соҳибкорон паст аст ва тариқи патент онҳо хеле содаву осон метавонанд андоз супоранд. Мизони андоз бояд ба қадре бошад, ки соҳибкорон андозро супоранду ба истилоҳ бароҳат хоб кунанд. Вагарна бо мизони болои андоз онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд аз андозсупорӣ сарпечӣ кунанд ва аз ин будҷаи давлат ҳам фоида намебинад.»

Ҷаноби Петрушков афзуд, дар Тоҷикистон раванди бастани корхона ва ё фаъоияти соҳибкорӣ ниҳоят душвор аст ва аз ин рӯ ҳоло садҳо соҳибкорон ва корхонаҳо танҳо дар рӯи коғаз фаъолият доранду дар асл не.

Ҳанӯз кумиссиюни махсус Кодекси нави андозро баҳо надодааст, вале дар ҷаласаи рӯзи 30 июли ҳукумат ба Кодекси андозе, ки ҳамагӣ 6 моҳ ба иҷро даромад, тарҳи 100 тағйироте ки бояд ба ин қонун ворид шавад,тасдиқ шуд. Ба иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, тибқи ин тағйирот, ҳамакнун ҳунармандону косибон имкон пайдо мекунанд тариқи патент фаъолияти худро пеш баранд. Инчунин кишоварзоне, ки заминҳои лалмӣ доранд, танҳо дар тулӣ ҳафт моҳ дар сол андоз хоҳанд супурд.
XS
SM
MD
LG