Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишори миёншикани Кодекси нави андоз


Кодекси нави андози Тоҷикистон соҳибкорони зиёдеро ба хатари муфлисӣ рӯбарӯ кардааст.

Ноёбшоҳи Зӯробек дигар раиси нашриёти «Нодир» нест. Ӯ, ки баъди 15 соли кор корхонаашро баст, мегӯяд: «Андозҳо зиёд шуданд. Он даромадеро надорем, ки андоз супорем, маош диҳему дигар хароҷотамонро барорем. Аллакай кори мо фоида надорад. Як ман не, бисёриҳо фаъолияташонро қатъ карданд. Мушкили дигараш тафтишҳои бешумор аст, ки аз ҳама ниҳодҳо меоянд ва намефаҳмӣ, ки чӣ мехоҳанд.»

Ноёбшоҳи Зӯробек барои бастани корхонаи худ маҷбур аст, дар нашрияе эълони расмӣ чоп кунад. Саҳифаи нашрияҳо имрӯзҳо пур аз эълонҳои ҳамсон аст ва афзоиши онҳо нигарониеро ба миён овардааст, ки дар Тоҷикистон бизнеси хурду миёна тадриҷан аз байн меравад.

Абдумудассир Аҳмадзода, муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мегӯяд, афзоиши ин қабил эълонҳо воқеан нигаронкунанда аст: «Мо онҳоро таҳти рубрикаи «Барҳам мехӯрад» чоп мекунем. Хеле зиёд шудаанд. Медонед, албатта, сабабашро. Афзоиши онҳо ба давраи пас аз 1 январи соли 2013 рост меояд. Ду баробар зиёд шуданд эълонҳо.»

Аз 1 январ дар Тоҷикистон Кодекси нави андоз ба иҷро даромад. Бино ба ҳисобҳо, танҳо дар 3 моҳи аввали сол дар кишвар беш аз 18 000 соҳибкор қатъи фаъолият кардаанд. Салимҷон Акрамов, як соҳибкор аз вилояти Суғд, ки бо тиҷорати масолеҳи бинокорӣ машғул аст, мегӯяд, пас аз ҷорӣ шудани Кодекси нав шеваи муносибати мақомот бо тоҷирон низ тағйир кардааст: «Ҳамин ки борро ворид мекунед, воҳ, гӯё шумо ҷиноят содир кардаед. Сар мешаванд пурсуҷӯҳо, ки ин борро аз куҷо овардӣ, барои чӣ овардӣ? Мегӯям, ки ба шумо чӣ фарқ дорад, ҳаққи гумрукро супоридаам, андоз месупорам. Боз мепурсанд, ба кӣ фурӯхтӣ, чӣ қадар фурӯхтӣ? Охир, ман бори ғайриқонунӣ ворид накардаам.»

Ҳукумат мегуфт, ки Кодекси нав барои соҳибкорони хурду миёна сабукиҳои зиёд меорад ва аз ҷумла теъдоди андозҳо аз 21 то ба 10 навъ кам хоҳад шуд. Як нукта ҳам зикр мешуд, ки бархе аз бандҳои кодекси нав батадриҷ то соли 2017 ба иҷро медароянд. Аммо бо гузашти чаҳор моҳ маълум мешавад, ки ин нукта таъсири хеле ҷиддӣ доштааст.

Соҳибкорон мегӯянд, ки теъдоди андозҳо кам шуд, аммо ҳаҷми маблағаш қариб ки тағйир нахӯрдааст. Ба қавли онҳо, мақомот низоми патентиро барҳам доданд ва аз соҳибкорон тақозо мешавад, ки корхона ташкил кунанд ва ҳама коргаронро тариқи фармон ба кор гирифта, сари ҳама андоз супоранд.

Ба қавли Заррагул Шарифова, ки дар гузашта бо патент кор мекард ва ҳоло ширкат ташкил додааст, ӯ ҳамаи кормандонашро тариқи фармон ба кор гирифтааст, аммо фоидаи заруриро намебинад, ки рушди тиҷораташро таъмин кунад. Вай афзуд, барои ба даст овардани фоида соҳибкорро зарур аст, ки қонуншиканӣ кунад: «Мешавад, ки корро дигар хел ташкил кунад. Албатта, ман чунин намекунам. Яъне худро раису дигареро коргар сабт кунаму халос. Коргарони дигар ба ҳамон шеваи пешина кор кунанд. Агар ин ошкор шавад, маҷбурӣ бигӯӣ, ки ин одамон дар коргоҳи ту меҳмонанд ва ё каси дигар.»

Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи андоз мегӯянд, соҳибкорон ва ширкатҳо бо сабаби тағйири шеваи кори худ эълони қатъи фаъолият медиҳанд. Ба қавли онҳо, соҳибкорон ва корхонаҳо даромадҳои аслии худро мепӯшонанд, коргаронро ғайриқонунӣ кор мефармоянд, ки ҳам андоз пинҳон дошта мешавад ва ҳам дар ҳолатҳои зарурӣ коргар ҳаққи худро талаб карда наметавонад.

Қосимҷон Абдураҳимов, масъули ин ниҳод дар шарҳи нигаронии соҳибкорон гуфт, дар пайи афзудани шикоятҳо мақомоти зидахл аз Кумитаи андоз шарҳ пурсиданд ва онҳо бо тамоми далелҳо собит карданд, ки иҷрои кодекси нав ба таври қонунӣ пеш меравад: «Он чӣ менависанду мегӯянд, асос надорад. Аз мо пурсиданд, мо посух додем. Далелҳое, ки меоранд, асос надоранд. Мо ҳамаи феҳристро дорем ва зарур ояд, пешниҳод мекунем.»

Аз шеваи нави андозбандӣ дар Тоҷикистон боре Фаттоҳ Саидов, раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ интиқод карда, гуфта буд, ки дар он бештар манфиатҳои идоравӣ ба назар гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш зикр кард, ки дар кишвар дар соли 2012 беш аз 300 корхона ба кор даромадаанд. Аммо ба назари коршиносон, дар соли 2013 ин гуна натиҷаро наметавон интизор шуд. Аз ҷумла ба далели бештар шудани фишори андоз.
XS
SM
MD
LG